Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Мансурова: Насли мо бознишаста шавад, ба ҷояш кӣ меояд? ВИДЕО, САДО


Фарида Мансурова/
Фарида Мансурова/

Порлумони Тоҷикистон ба баррасии Кодекси ягонаи тандурустӣ шурӯъ кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ин қонун "соҳаи тандурустиро танзим карда... таҳкими солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии ҳар як инсон, нигоҳдории ҳаёти фаъоли дарозумрӣ ва расондани кумаки тиббӣ"-ро дар бар мегирад. Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров – раҳбари пешини Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология – гуфт, дар сурати қабул шуданаш ин қонун ба пизишкон ва беморон сабукӣ хоҳад овард.

Дар Тоҷикистон барои духтурони касбӣ шароити зарурӣ вуҷуд надорад, ба ин далел бештаре аз хешовандонам кишварро тарк карда ва ҳоло ман дар ин ҷо танҳо мондаам

Ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ афзуд, "то ҳол зимни табобати навъҳои мухталифи беморӣ қонунҳои мухталиф буданд ва ҳама саргум мезад, ки аз рӯи кадом муқаррарот бояд мудово шавад. Вале, фикр мекунам, ин роҳи ҳалл нест. Агар дар ин қонун роҳандозии ислоҳоти ҷиддии арсаи тандурустӣ ҷой дода шавад, он вақт метавон ба беҳбудии арса умед кард."

Гуфтугӯ бо Фарида Мансурова - Насли мо равад, кӣ меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:51 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Вазъи феълии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Фарида Мансурова: "Дуруст аст, ки арсаи тиб дар ҷумҳурии мо рушд мекунад. Ман дар минтақаҳои кишвар дарс мегӯям ва эҳсос мекунам, ки пизишкони ҷавон барои азхудкунии донишҳои муосир талош доранд. Аммо шеваи табобати онҳо ба мисли пештара, бо усули қадимӣ сурат мегирад. Чунки, нахуст сатҳи омӯзиши онҳо кофӣ нест. Илмҳои нави иммунология ва биохимия рушд мекунад, аммо духтурҳо аз он огаҳӣ надоранд. Худи шаҳрвандон ба далели мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ наметавонанд ба таври комил аз хадамоти тандурустӣ истифода кунанд. Онҳо наметавонанд бамаврид ташхис шаванду доруҳои зарурӣ бихаранд. Доруҳои арзонеро харидорӣ мекунанд, ки сифаташ шубҳанок мебошад. Худи духтурҳо низ аз донишҳои зарурӣ бархӯрдор нестанд ва аз дастовардҳои илми иммунология ва вирусология огаҳӣ надоранд. Ҳамчунин, тибби тоҷик бо мушкили дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва маҳлулҳои санҷишӣ рӯбарӯ аст."

Сӯҳбати видеоӣ дар инҷост:

Фарида Мансурова: Насли мо бознишаста шавад, ба ҷояш кӣ меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:31 0:00

Радиои Озодӣ: Аммо, то ҷое огаҳӣ дорем, дар Душанбе ташхисгоҳҳои замонавие мисли “Ташхисгоҳи асри ХХI” вуҷуд дорад...

Фарида Мансурова: "Воқеан, ин ташхисгоҳ ягона ташхисгоҳи муосир дар Тоҷикистон аст, ки мутахассисони варзида ва маҳлулҳои ташхисии мӯҳлати истифодааш сипарӣ нашуда дорад. Ин воқеан ташхисгоҳи асри муосир аст. Барои ташхиси бемориҳои марбут ба иммунология ман беморонро ба ин ташхисгоҳ мефиристам. Ба наздикӣ ба ман ду беморе муроҷиат карданд, ки ҳеҷ ташхисгоҳ натавонист мушкили онҳоро ошкор созад, аммо дар ин ташхисгоҳ бемориашонро дақиқ карданд. Бе илми иммунология дар замони ҳозира ташхис ва табобати бештаре аз бемориҳои ҳам кӯдакона ва ҳам бузургсолон ва ҳам пайвандсозии узвҳо ғайримумкин шудааст. Дар мавриди бемориҳои сироятӣ ман бо ташхисгоҳи Маркази бемориҳои сирояткунанда ҳамкорӣ мекунам ва онҳо низ метавонанд пинҳонтарин сироят дар ҷисми инсонро ошкор созанд. Ин ду ташхисгоҳ тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ фаъолият мекунанд."

Радиои Озодӣ: Пас, фикр намекунед, ки мушкил дар тарбияи духтурҳои ҷавон аст. Шояд Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бояд наҳваи фаъолияти худро тағйир диҳад?

Лаҳзае аз сӯҳбати Искандари Фирӯз бо Фарида Мансурова
Лаҳзае аз сӯҳбати Искандари Фирӯз бо Фарида Мансурова

Фарида Мансурова: "Ин мушкили ҷиддии тибби тоҷик аст. Вақте насли мо таҳсил мекард, омӯзгорон аз миёни донишҷӯён аллакай мутахассисони ояндаи арсаҳои мухталифи тандурустиро интихоб ва тарбия мекарданд. Вале ҳоло бештаре аз донишҷӯён бо пул ба ин донишгоҳ дохил шуда, танҳо бо истифода аз маблағ онро хатм мекунанд. Ба ин сабаб дар миёни онҳо талош барои илмомӯзӣ мушоҳида намешавад. Ҳолатҳое буданд, ки донишҷӯёни курсҳои боло ҳангоми ҷарроҳиҳо узвҳои баданро фарқ намекунанд. Насли мо оҳиста бознишаста мешавад, аммо ба ҷойи мо кӣ меояд? Ин донишҷӯён ҳатто дар сурати хатми донишгоҳ наметавонанд духтурҳои касбӣ шаванд. Дар миёни онҳо кам нафароне ҳастанд, ки дар ниҳоят духтури ҳирфаӣ мешаванд. Иқтисоди бозорӣ водор мекунад, ки бархе аз хатмкунандаҳо ба тиҷорат машғул шаванд."

Радиои Озодӣ: То ҷое иттилоъ дорем, бархе аз духтурҳои ҷавони болаёқат дар пайи ҷустуҷӯи маоши баланд Тоҷикистонро тарк мекунанд. Ин ҳам мушкили тибби тоҷик аст?

Оилаҳои тоҷик 7-8 фарзанд доранд ва волидон имкон надоранд, табобати пулакии ҳамаи онҳоро пардохт кунанд. Бояд ба кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон тиб бепул бошад. Онҳо худ наметавонанд маблағи табобатро пардохт кунанд.

Фарида Мансурова: "Дуруст, онҳое, ки қасди тарки кишвар доранд, дар ниҳоят Тоҷикистонро тарк мекунанд. Аммо, на ҳама аз шароити муҳоҷират бархӯрдоранд. Ин як раванди табиии “фирори мағзҳо” мебошад. Паҳлӯи дигари мушкил ҳамчунин ба ин мавзӯъ вобаста аст, ки дар пайи маоши андак бештаре аз духтурҳо ба “лоиҳанависӣ” машғул шуда, дар ниҳоят донишҳои худро барои кишварҳо ва созмонҳои бегона сарф мекунанд. Аммо дар кишвари худ онҳо наметавонанд донишҳои бардоштаашонро истифода кунанд, зеро пойдевори молӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дармонгоҳҳои кишварро бибинед, онҳо бо таҷҳизоте кор мекунанд, ки кайҳо фарсуда шуда, аз истифода бароварда шудаанд. Бародари ман, ки эндоҷарроҳ аст, пас аз хатми донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзӣ дар Санкт-Петербург натавонист дар кишвар кор кунад ва ба Олмон муҳоҷират кард. Дар Тоҷикистон барои духтурони касбӣ шароити зарурӣ вуҷуд надорад, ба ин далел бештаре аз хешовандонам кишварро тарк карда ва ҳоло ман дар ин ҷо танҳо мондаам."

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки роҳи ҳалли ин ҳама мушкилот ба пулакӣ кардани тандурустӣ вобаста аст?

Фарида Мансурова
Фарида Мансурова

Фарида Мансурова: "Ман мухолифи пулакӣ кардани ҳамаи соҳаҳои тандурустӣ ҳастам. Аҳолии мо наметавонанд маблағи тибби пулакиро пардохт кунад. Фикр мекунам, Вазорати тандурустӣ бояд соҳаҳоеро муайян кунад, ки хадамоти тиббии ройгонро ироа кунад. Оилаҳои тоҷик 7-8 фарзанд доранд ва волидон имкон надоранд, табобати пулакии ҳамаи онҳоро пардохт кунанд. Бояд ба кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон тиб бепул бошад. Онҳо худ наметавонанд маблағи табобатро пардохт кунанд."

Радиои Озодӣ: Хонум Мансурова, шумо намояндаи як сулолаи саршиноси тоҷик ҳастед. Падари шумо духтури саршинос буданд. Фикр намекунед, ки нақши сулолаҳо дар тарбияи духтурҳои болаёқат дар Тоҷикистон муҳим аст?

Бештаре аз сокинон гирифтори бемориҳои меъда ва талхадон мебошанд. Ҳамчунин бемориҳои сироятии ҷигар низ бештар шудааст.

Фарида Мансурова: "Алабатта, сулола нақши муҳим дорад. Дар асл ҳамааш аз волидон вобаста аст. Агар волидон дар фарзанди худ истеъдодеро мушоҳида кунанд, хуб аст, ки барои вай имкони рушд бидиҳанд. Вале дар замони мо як раванди дигаре мушоҳида мешавад. Ба унвони мисол, Русияро бигирем. Дар онҷо мавридҳои зиёде ошкор шуд, ки аъзои Академияи илмҳо фарзандони худро ба дараҷаи академикӣ таъин кардаанд. Ҳарчанд ин фарзандон арзандаи унвонҳои илмӣ ҳам нестанд. Хеле ҳушҳол мешудам, ки бархе аз волидайн мисли падари ман бошанд. Вай дар кор ва вазифагирии ман ҳеҷ мусоидат накарда буд. Он кас қоидае доштанд – шогирдро тарбия карда, ба об андоз, агар шино карда тавонист – хуб, агар не – Худованд дар паноҳаш нигаҳ дорад. Вай ба ман ба таври умум ҳеҷ кумаки чашмрасе накардааст, мавзӯъро бароям медод ва сипас назорат мекард, ки ман чӣ тавр аз ӯҳдаи он мебароям. Ман танҳо худам заҳмат кашидаам, вале бо раҳнамоии ӯ. Агар ҳамаи падарон ҳамин тавр рафтор кунанд, олам гулистон мешавад. Шарт нест, ки агар падар академик бошад, фарзанд ҳам бояд ҳатман академик шавад. Ҳамчунин аз модари худ низ сипосгузорам, ки худ духтур буданд ва пайваста ба ман машварат ва роҳнамоӣ мекарданд."

Радиои Озодӣ: Шумо духтури бемориҳои дарунӣ мебошед. Ҳоло кадоме аз бемориҳои дарунӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон бештар дида мешавад?

Фарида Мансурова: "Бештаре аз сокинон гирифтори бемориҳои меъда ва талхадон мебошанд. Ҳамчунин бемориҳои сироятии ҷигар низ бештар шудааст. Ман омори дақиқ дар даст надорам, аммо медонам, ки агар ҳамаи беморон то охир ташхис шаванд, омор бамаротиб бештар аз рақамҳои эълоншуда мешавад. Чунин ташхис маблағ мехоҳад. Гузашта аз ин, бояд аз лиҳози иммунологӣ бемор ташхис карда шавад."

Радиои Озодӣ: Пас, бояд ин соҳаи илми тиб бештар тавсеа дода шавад?

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Искандари Фирӯз бо Фарида Мансурова
Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Искандари Фирӯз бо Фарида Мансурова

Фарида Мансурова: "Албатта. Танҳо илми иммунология метавонад барои ошкор ва табобати беморӣ ба мо кумак кунад. Танҳо илми иммунология метавонад доруҳои зарурӣ барои табобатро фароҳам созад."

Радиои Озодӣ: Шумо дар Донишгоҳии тиббӣ ҳам дарс мегӯед?

Фарида Мансурова: "Не, қаблан дарс медодам, вале ҳоло аз он кор дур шудаам. Аммо дар сафарҳо ба минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон пизишкон хоҳиш мекунанд дар мавзӯъҳои мухталифи тиббӣ барояшон гузориш кунам."

XS
SM
MD
LG