Андрей Волос, адиби маъруфи руси зодаи Тоҷикистон барои китоби "Бозгашт ба Панҷрӯд" сазовори ҷоизаи мӯътабари "Русский Букер-2013" шуд. Ин асарро нависанда дар тӯли 27 сол навиштааст. «Русский Букер» дар соли 1991 дар пайравӣ аз ҷоизаи Букери Бритониё таъсис ёфта, ҳар сол барои беҳтарин китоби сол дода мешавад. Ба барандаи "Русский Букер" имсол 1,5 миллион рубл, муодили тақрибан 50 000 доллар дода шуд. Ҷоизаи "Стунденческий Букер", ки як ҳайъати ҳакамони иборат аз беҳтарин донишҷӯёни эссенавис интихоб мекунанд, низ насиби Андрей Волос шудааст.
Волос 4 августи соли 1955 дар Душанбе (он замон – Сталинобод) ба дунё омадааст. Падару модари ӯ геолог буданд ва Андрей Волос низ баъди хатми мактаби миёна ба риштаи геофизикаи Институти нафту гази Маскав ба номи Губкин дохил шуд. Соли 1977 бо хатми ин мактаби олӣ ба Душанбе баргашт, вале на ба ҳайси геофизик, балки ба сифати тарҷумони ашъори адибони тоҷик ба фаъолият пардохт. Соли 1979 нахустин намунаҳои ашъори худи Андрей Волос дар маҷаллаи адабии «Помир», ки ба забони русӣ нашр мешуд, ба табъ расид. Ҳамин тавр, соли 1988 нахустин маҷмӯъаи ашъори ӯ бо номи «Старое Шоссе» ба бозор даромад. Аз поёни солҳои 1980 Андрей Волос ба насрнависӣ шурӯъ кард. Бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар авоили солҳои 1990 Андрей Волос аз Душанбе кӯч баст ва ҳамроҳ бо модару ҳамсараш дар Маскав ба сар мебарад. Ду духтараш бо ҳамсари аввалаш дар Лондон зиндагӣ мекунанд.
Тарҷумаи нокоми шеъри Бозор Собир ва нигоҳи танқидӣ ба шахсияти худ
Волос: Бояд аз он шурӯъ кунам, ки соли 1979, вақте нахустин шеърҳои маро дар маҷаллаи русии “Помир” нашр карданд, ман фаҳмидам, ки соле як бор ҳақ дорам, дар баробари намунаҳои эҷодиёти худ, дар ин маҷаллаи адабӣ ҳамчунин тарҷумаи ашъори шоирони тоҷикро ҳам нашр кунам. Аз ин рӯ, дархост кардам, ки бароям чанд тарҷумаи таҳтуллафзии шеърҳои шоиронро бидиҳанд, вале бояд гуфт, ки маъмулан, ҳар мисраи шеърро хеле бад тарҷума мекарданд. Вақте ба дастам се ё чор шеър расид, дутои аввалашро баосонӣ тарҷума кардам, вале дар шеъри сеюм дармондам. Муаллифи шеър шахсе бо номи Бозор Собир буд, исми шеър ҳам “Ватан” буд. Вазни ин шаър аслан ба қолаби шеър, ки ман мефаҳмидам, намегунҷид, вале ман заҳмат кашида, шеърро тавре худам фаҳмидам, тарҷума кардам. Чунин буд чанд мисраи он ки ҳоло ҳам дар ёд дорам:
Я по твоей земле хожу,
Твоих богов молю о счастье.
Твои шерстинки от запястья,
От хвори я перевяжу…
Тарҷума дар маҷаллаи «Помир» бидуни ҳеҷ эроде аз ҷониби сардабир нашр шуд. Вале баъди ин як дӯсти ман, ки дар омӯзиши забон ва фарҳанги тоҷикӣ хеле пешрафт карда буд, гуфт, «Ин чӣ коре буд, ки ту кардӣ?». Вай ба ман фаҳмонд, ки Бозор Собир шоири оддӣ нест, ӯ як шоири мардумист. Дар ҳоле, ки дар Русия ин мафҳум бештар маънои расмӣ касб кардааст, дар Тоҷикистон шоири мардумӣ ба маъноест, ки шахс воқеан ҳам маъруф аст, шеъри ӯро хурду бузург медонанд ва дар бозор ҳам шунидан мумкин аст. Хулоса, вай фаҳмонд, ки хато аз тарҷумаи нодурусти калимаи «ватан» шурӯъ шудааст, ки ман онро ҳамчун ду калимаи ҷудогонаи «ва» ва «тан» («и», «тело» дар забони русӣ) таҷума кардаам. Шоир хеле маънои зиёдро дар ин мисраъҳо гунҷоиш дода буд, ки шеърро дар асл ғайри қобили тарҷума мекард, мисли моҳие, ки аз об берун шудаасту бояд дар хушкӣ нафас мекашид.
Озодӣ: Яъне имрӯз шумо ин ҳодисаро ба ёд оварда аз худ шарм медоред?
Волос: Ман хеле шарманда шудам. Вале аллакай баъди як соли ин ҳодиса забони тоҷикиро омӯхтам, китобу маҷаллаҳоро мехондам ва ҳатто матнҳои мазҳабиро ҳам сарфаҳм мерафтам. Афсӯс, ки забони гуфтугӯии ман рушд накард, чун вақти асосии ман дар Маскав мегузашт. Ҳамин ҳодиса бароям марҳилаи оғози омӯзиши забону фарҳанги тоҷикӣ ва ҳам мардумони дигари Осиёи Миёна шуд.
“Бозгашт ба Панҷрӯд” – нигоҳи муосир ба ҳаводиси қарни 10
Озодӣ: Яъне осори Рӯдакиро шумо ба забони тоҷикӣ омӯхтед?
Волос: На, на. Ман забонро ба он дараҷа хуб намедонам. Вале ман фаҳмидам, ки Рӯдакӣ мисли Ҳомер барои забону фарҳанги тоҷикиву форсӣ хеле хизмат кардааст, ки забони навро боз кардааст. Вақте ман ба омӯзиши забону шеъри тоҷикӣ пардохтам, пеш аз ҳама бо эҷодиёти Рӯдакӣ шинос шудам. Маро сарнавишти ин шоир дар ҳайрат гузошт ва баъди ин, тамоми зиндагиномаи вай солҳои дароз дар сарам мечархид ва билохира ба ҳамингуна як романе табдил шуд.
Озодӣ: Ба фикратон, ин қисса як асари замонавӣ аст?
Волос: Саволи хуб аст. Бале, замонавӣ аст. Солҳои дароз, вақте ман бо навиштани ин асар машғул будам, дарк мекардам, ки бисёр чизҳое, ки дар асри 10 рӯй медоданд, дар асл имрӯз ҳам такрор мешаванд. Масалан, дар ин ҷо як андешаронии Рӯдакӣ оварда шудааст, ки мегӯяд, “Барои ҳукуматдорон магар пул лозим аст? Онҳо аллакай дар он мавқее қарор доранд, ки пул барояшон ҳеҷ аҳамияте надорад, чунки ҳар лаҳза онҳо метавонанд нодору қашшоқ шаванд. Хуб, дар ин сурат онҳо метавонанд ба дарбори ҳар шоҳи дигаре бираванд, ки бо истиқболи гарме пешвозашон мегирад, барояшон аспу зару зевар ва пул медиҳад”... Вақте ман ҳамаи инро менавиштам, мефаҳмидам, ки дар бораи бисёр чизҳои муҳим аз назари имрӯз менависам. Чунки ман ҳам намефаҳмам, ки барои ҳукуматдорон пул чӣ лозим аст?
Озодӣ: Барои худи шумо пул лозим аст?
Волос: Бале, лозим аст.
Озодӣ: Барои чӣ?
Волос: Барои он лозим аст, ки ман дар бораи пул аслан фикр накунам ва ором кори худро идома диҳам.
Озодӣ: Асарҳоятонро шумо аз ҳисоби худ нашр мекунед?
Волос: Худоро шукр, на. Ба ман ҳатто барои чопи китобҳоям каме подош ҳам медиҳанд.
Рисолатҳои адабиёти муосир
Озодӣ: Назари шумо ба рисолат, вазифаҳои адабиёти муосир чист? Вақте мо дар факултаи филология таҳсил мекардем, мегуфтанд, ки адабиёти шӯравӣ вазифаву рисолатҳои худро дошт, бояд посухгӯи чолишҳои замон бошад, гоҳе мавзӯъҳо аз боло дикта мешуданд. Ба назари шумо, оё адабиёти муосир ҳам бояд рисолатеро иҷро кунад? Ва ё шумо, чун як қаламкаше фикр мекунед, ки бояд хости дили худро нависед ва агар писанди хонанда шуд, чӣ хуб, агар не, мушкиле нест?
Волос: Ман ҳамеша дар ин бора фикр мекунам. Ман дар бораи вазифаҳои адабиёт фикр намекунам. Ман чизеро менависам, ки зарур медонам. Владимир Владимирович Набоков мегуфт, ки зиндагӣ ба адабиёт ва адабиёт ба зиндагӣ ҳеҷ иртиботе надоранд. Ман бо ҳамин андеша мувофиқам.
Озодӣ: Пас шумо аз куҷо идеяи тоза мегиред, агар аз зиндагӣ набошад?
Волос: Хуб, бубинед, вақте Стивен Кингро мехонед, асарҳои ӯ аслан ба зиндагӣ иртиботе надоранд. Айни замон, танҳо як асари ӯ дар бораи “Қабристони ҷонварон” шӯҳрати ҷаҳонӣ гирифтааст. Фикр мекунам, ки ба ин савол ҳар нависанда посухи худро дорад ва ман бо Набоков ҳамфикрам.
Озодӣ: Вале қиссаҳои «Хуррамобод»-и шумо аз зиндагӣ гирифта шудааст.
Волос: Бале. Вале вақте “Қабристони ҷонварон”-ро миллионҳо хонанда мехонад, “Хуррамобод” ин қадар хонанда надорад, чунки ин асар бар асоси рӯйдодҳои воқеӣ ва саргузаштҳои муаллифи китоб иншо шудааст.
Озодӣ: Шумо бо вазъи адабиёти муосири тоҷик шинос ҳастед?
Волос: Охирин чизе, ки ман аз адабиёти тоҷик хонда будам, асари фавқулодда хуби Баҳманёр бо номи “Тобути маро кӣ мебардорад?” буд. Аллакай он солҳо чизе ба забони русӣ тарҷума намешуд ва ман онро бо тоҷикӣ хондам.
Озодӣ: Бозор Собире, ки дар борааш ёд кардед, баъди муддатҳо зиндагӣ дар Амрико, ба Тоҷикистон баргашт.
Волос: Медонам, вале ман мутаассифона, бо касе аз ҳамкорони тоҷикам дар тамос нестам. Солҳои 1990 мо бо Зиё Абдулло дӯсти хуб будем.
Муносибат ба муҳоҷирон
Озодӣ: Назари шумо ба масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар чист?
Волос: Дар ин бора ман ҳар рӯз фикр мекунам. Чун муддати зиёд буд, ки ҳар субҳ, вақте аз хона берун мешудам, як ҷавони тоҷикро бо номи Зафар дар назди даромадгоҳи хонаамон медидам, ки ҳавлиро мерӯфт. Ҳоло ба ҷои ӯ як ҷавони қирғиз омадааст. Ман ба наздикӣ дар як нашрия навиштам, ки “афсӯс, ман Тоҷикистонро тарк кардам, чунки тоҷикҳо ба суроғи ман омаданд”. Ман аз дидани он ки тоҷикони зиёд мехоҳанд аз роҳи кор дар Русия зиндагии худро беҳтар кунанд, хеле нороҳат мешавам. Ман тоҷикону Тоҷикистонро аз ҳад зиёд дӯст медорам ва хеле хуб дарк мекунам, ки онҳо ҳам айнан мисли мо ҳастанд. Онҳо ҳам мисли мо инсони хубу бад доранд. Вақте ман як роҳрӯби тоҷикро мебинам, нисбаташ як муносибати хос дорам. Баъзе русҳо намехоҳанд, ки тоҷикҳо дар мулки онҳо роҳрӯбӣ кунанд, дар ҳоле, ки худашон намехоҳанд ин корро кунанд. Вале бояд гӯям, ки муносибате, ки ба муҳоҷирон зоҳир мешавад, чизи оддӣ аст, ин муносибати мардуми бумӣ ба бегонаҳо аст, ки дар ҳама ҷои дигари дунё ҳам дида мешавад.
Озодӣ: Оё ин мавзӯъ шуморо ба навиштани асари наве водор намекунад?
Волос: Бале, мехостам чизе дар ин бора нависам, дар бораи саргузаштҳои як тоҷик дар Маскав, азобу уқубатҳояш. Вале, метарсам, ки аз дастам намеояд.
Тетралогияи нав дар бораи таърихи СССР
Озодӣ: Ҳоло сари кадом мавзӯъ кор мекунед?
Волос: Соли 2009 эълон кардам, ки сари тетралогияи иборат аз 4 роман кор мекунам. То имрӯз се роман аллакай омода шудааст, дутоаш чоп шуда, якеаш омодаи чоп аст. Ин асарҳо “Қаҳрамон”, “Хоин”, “Қарзгир” ном доранд. Исми бахши чорум ва хотимавиаш “Қарздор” мешавад. Ҳамаи ин асарҳо ба таърихиСССР бахшида шудаанд, ки рӯйдодҳои то соли 1993, замони шаклгирии ҳукумати имрӯзро дар бар мегиранд.
Озодӣ: Шумо асарҳои худро худатон дар компютер чоп мекунед?
Волос: Бале, худам. Илҳомам ояд, якбора як-ду саҳифа чиз менависаму аз худ розӣ мешавам. Гоҳе мешавад, ки тамоми рӯз, ҳафта, гоҳе як моҳу ду моҳ аслан чизе навишта наметавонам.
Озодӣ: Зимнан, оё дар Русия танҳо бо кори нависандагӣ рӯз гузаронида мешавад?
Волос: На, аслан намешавад.
Озодӣ: Пас масъалаҳои молии худро чӣ хел ҳал мекунед?
Волос: Чӣ медонам? Ин масъала кайҳост кӯҳна шудааст. То солҳои 2000-ум ман бо ихтисоси муҳандисиам дар ҷое кор мекардам, баъди он аз ҳисоби иҷораи хонае, ки ҳоло дигар фурӯхтам, каме даромад медидам. Вале ҳамаи ин корҳо бо нависандагии ман ҳеҷ иртиботе надорад.
Озодӣ: Хуб, вале агар аз нигоҳи талаботи бозор бубинем, ҳастанд мавзӯъҳое, ки ба фикри шумо бозоргир мешаванд?
Волос: Як нависандаи хуб гуфтааст, ки “ман барои худ менависам ва асарҳоямро фақат ба хотири пул мефурӯшам”. Дар бораи худам ҳам ҳаминро гуфта метавонам. Ман менависам ва агар навиштаҳоям ба ман даромаде биёранд, чӣ хуб. Агар на, бало ба пасаш. Масалан, рӯйдодҳои қарни 10-и Бухоро ба корҳои имрӯзаи мо гӯё ҳеҷ иртиботе надоранд, вале ногаҳон аз дохилаш масъалаҳои муҳим мебарояд. Ин дигар як чизи табиӣ аст.
Озодӣ: Пас шумо бояд ки оилаи хубе дошта бошед?
Волос: Бале, ҳамсарам маро дӯст медорад, мегӯяд, ки бо як чунин шавҳари нависандааш ифтихор мекунад. Духтарҳо бо ҳамсари аввалам дар Лондон зиндагӣ мекунанд.