Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ дар маҳалли ҳамоиши тарафдорони Атомуҳаммади Нур. ВИДЕО


Кобул, 16-уми ноябри соли 2017.
Кобул, 16-уми ноябри соли 2017.

Баъд аз зуҳри 16-уми ноябр таркиши сахте Кобул -- пойтахти Афғонистонро такон дод. Мақомоти Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтанд, ки ин таркиш дар минтақаи Лаби Ҷар, воқеъ дар шимоли Кобул рух додааст.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар маҳалли ҳамоиши тарафдорони Атомуҳаммади Нур
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, дар сӯҳбат бо бахшии афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, чигунагии ин таркиш то ба ҳол маълум нест. Ӯ тасдиқ кард, ки дар ин ҳамла чанд нафар, аз ҷумла маъмурони пулис кушта шудаанд.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо дар гузашта Толибон ва "ДИИШ" масъулияти ҳамлаҳои хунин дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистонро ба ӯҳда гирифта буданд.

Дар ҳамин ҳол, Басири Муҷоҳид, сухангӯи фармондеҳии пулиси Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамлаи интиҳорист. Ӯ гуфт, "замоне ки фарди ҳамлакунанда аз тарафи пулис шиносоӣ шуд, маводи таркандаро мунфаҷир кард." Ба қавли манбаъ, дар ин ҳамла нӯҳ нафар кушта шуданд.

Аммо вебсайти телевизиони "Тулӯъ" аз қавли манобеи амниятӣ шумораи кушташудаҳоро 18 нафар гуфтааст, ки ҳашт нафари онҳо кормандони пулис ва боқимонда ғайринизомиён мебошанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш дар наздики меҳмонхонаи "Қасри Навин" сурат гирифтааст. Дар ин меҳмонхона чанд лаҳза пеш аз таркиш ҳамоише бо номи "Накӯдошт аз Нури меҳан", ки ба хотири посдошти хидматҳои волии Балх Атомуҳаммади Нур бахшида шуда буд, ҷараён доштааст.

То ба ҳол маълум нест, ки худи Атомуҳаммади Нур дар ин ҳамоиш ширкат доштааст ё на, аммо ба навиштаи расонаҳои афғонӣ, шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва раҳбарони Ҳизби ҷамъияти исломӣ, ки оқои Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он ба шумор меравад, дар маҳфил суханронӣ кардаанд.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо дар гузашта Толибон ва "ДИИШ" масъулияти ҳамлаҳои хунин дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистонро ба ӯҳда гирифта буданд. Ҳамагӣ ду ҳафта қабл дар минтақаи дипломатнишини шаҳри Кобул таркиш рух дод, ки дар он панҷ нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захм бардоштанд. Масъулияти он ҳамларо ДИИШ ба ӯҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG