Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Кобул даҳҳо ғайринизомӣ ҷон бохтанд. ВИДЕО


Бар асари таркиши субҳи душанбеи 24-уми июл дар наздикии хонаи Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, ҳудуди 24 кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кард, ки дар ин ҳамла 42 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд. Шумораи қурбониёни ин ҳамла эҳтимол афзоиш ёбад. Мақомоти вазорати сиҳати оммаи Афғонистон ҳам таъйид кардаанд, ки даҳҳо кушта ва захмӣ ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.

Толибон масъулияти бомбгузории хунини Кобулро бар дӯш гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Хабаргузории "Хома"-и Афғонистон аз қавли дафтари Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дувуми раёсати иҷроия гуфтааст, ки дар натиҷаи ин таркиш наздик ба 20 нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки аксари қурбониёни ин ҳодиса, ғайринизомиён ҳастанд.

Аз сӯи дигар, Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамла бо истифода аз як мошини пур аз маводи тарканда, аҷном дода шудааст. Наҷиб Дониш афзуд, ки ҳадафи ин ҳамла, то ба ҳол маълум нест.

Толибон бо нашри хабарнома масъулияти ин ҳамларо пазируфта ва гуфтаанд, ки 37 нафарро куштаанд, ки ҳамаи онҳо кормандони раёсати 40-и амнияти миллии Афғонистон буданд.

Таркиши рӯзи душанбе дар Кобул, пурқурбонитарин ҳамлаи интиҳорӣ дар пойтахти Афғонистон пас аз ҳамлаи рӯзи 31-уми май мебошад. Дар инфиҷори рӯзи 31-уми май дар минтақаи дипломатнишини шаҳри Кобул беш аз 150 нафар кушта шуданд ва беш аз 300 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Баъд аз саркӯби режими Толибон дар соли 2001, ҳамлаи рӯзи 31-уми май, пурқурбонитарин дар Афғонистон будааст.

XS
SM
MD
LG