Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳамсарам барои ҳимояи марзҳои ватан ҷони худро аз даст дод"


Гулнисо Нозимова бо чор фарзанд танҳо монд

Хонаводаи полковник Хайриддин Аҳтамов, ки дар ҳамлаи силоҳбадастон дар марз бо Афғонистон ҷон дод, мегӯянд, то охирин нафар дар фикри кору вазифаи хизматиаш буд.

Хонаи Аҳтамовҳо дар они воҳид мотамхона шуд. Шаби 2 декабр хабари мудҳиши қатли падар аз дасти гурӯҳи силоҳбадастони афғон ба ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор расид ва якбора чор фарзандро ятим кард.

Пеш аз командир шудан, севуним сол дар қисми марзбонии ҳамин Шӯрообод сардори ситод кор кард ва бо ин 10 моҳ дар академяи Русия рафта хонда омад ва командири отряди марзбоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуд

Ҳамсари полковник - Гулнисо Нозимова рӯзи 4 декабр, як рӯз баъди маросими хоксупории шавҳар дар зодгоҳаш - ноҳияи Фархор гуфт, ҳамеша аз кори ӯ ҳарос ва нигаронӣ дошт.

Хонум Нозимова ҳамроҳи се фарзандаш дар наздик ҳамсар, дар қисми марзбонӣ зиндагӣ мекард. Вай мегӯяд, дар бораи фоҷеаи соатҳои охири зиндагии ҳамсараш чизе намедонад:

“16-17 сол мешавад, ки зиндагии муштарак доштем. Ҳамон рӯз дар отряд буд ва гуфт, ки бо коре ба марз меравад ва бо ҳамин хабари маргашро ба мо расонданд. Ростӣ, доим ҳушу гӯшаш дар марзу кораш буд ва дигар чизеро фикр намекард. Ҳатто ҳолате мешуд, ки хӯрок нахӯрда мерафт ва мегуфт, ки сарҳадро соҳибӣ бояд кард, аммо дар охир ӯро афғонҳо куштанд”.

Хайриддин Аҳтамови 42-сола шаби 2-3 декбр дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар як задухурди мусалаҳона бо қоҷоқбарони афғон кушта шуд. Шариф Аҳматов, бародари бузурги Хайриддин Аҳтамов, рӯзи душанбеи 4 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш ҳашт сол дошт, ки модарашон ин дунёро тарк кард ва онҳо дар дасти моиндар бузург шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, Хайриддин баъди хатми мактаб ба донишгоҳи олии сарҳадии шаҳри Рязан дохил шуда, он ҷоро соли 1997 хатм карда ба ватан баргашт. Ӯ мегӯяд, ки аз соли 1997 корро дар мақомоти интизомӣ шурӯъ намуда, то сардори қисми низомӣ расид.

Шариф Аҳтамов
Шариф Аҳтамов

“Пеш аз командир шудан, севуним сол дар қисми марзбонии ҳамин Шӯрообод сардори ситод кор кард ва бо ин 10 моҳ дар академяи Русия рафта хонда омад ва командири отряди марзбоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуд. Ним сол мешавад, ки дар ҳамин қисми низомӣ кор мекард”, - гуфт Шариф Аҳтамов.

Бародари полковники кушташуда дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки баъди овардани ҷасади бародараш мушоҳида кард, ки се тир дар пои рост ва як тир дар пои чапаш расидаст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки агар саривақт ба онҳо кумак мерасониданд, ба эҳтимоли зиёд бародараш зинда мемонд.

Хайриддин Аҳтамов
Хайриддин Аҳтамов

Аз Хайриддин Аҳтамов, чор фарзанд - ду писар ва ду духтар монд. Бузргтарин фарзандаш 16 сол ва хурдтаринаш ду сол дорад. Ҳамкорону шогирдони Хайриддин Аҳтамов аз ӯ тавсиф карданд ва гуфтанд, ки як корманди ҳирфаӣ буд.

Ҷумъахон Лақаев, яке аз шогирдони Хайриддин Аҳтамов гуфт, ки бисёр тактикаҳои ҷангӣ ва муқобила бо душманро аз ӯ омухта буд. Ҷаноби Лақаев гуфт, ки устоди зиндаёдаш бисёр ба кораш содиқ буд. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто бо ӯ дар амалиёти Хоруғ иштирок карда, бисёр таҷрибаро аз ӯ омӯхта буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаи шаби 2 декабр дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро ҳамлаи гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир номидаанд, ки дар натиҷаи он, Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кушта ва чор сарбозу афсари дигар захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG