Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон наздик ба 65 дарсади Кундузро гирифтаанд


Раиси ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз Имоннудин Қурайшӣ мегӯяд, агар Кобул нерӯҳои наверо ба ҷанг ворид накунад, маркази вилояти Кундуз низ б азудӣ суқут хоҳад кард.

Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, наздик ба 65 дарсади қаламрави вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон зери назорати Толибон даромадааст ва агар мақомоти Кобул чораҳои фаврӣ наандешанд, мумкин аст, ки маркази ин вилоят низ суқут кунад.

Раиси вилояти Кундуз Умар Сафӣ дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ ҳамлаи густардаи Толибони афғон ва шарикони хориҷии онҳоро ба ду минтақаи муҳими ин вилоят тасдиқ кард ва гуфт, нерӯҳои давлат дар ин ду мавзеъ -- Гӯртеппа ва Имом Соҳиб зери фишори шадиди наздик ба 3000 ҷангҷӯ ақибнишинӣ кардаанд. Вай меафзояд, дар байни шарикони хориҷии толибҳо 70 то 90 мусалаҳҳони чечен ва тоҷикистонӣ низ ҳастанд ва ҳадафи асосии онҳо аз ҷануб ба шимол кӯч додани даргириҳо ва сироят ба кишварҳои Осиёи Марказист.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла шӯришиён аз чандин вилояти Афғонистон ҷамъ омадаанд ва Толибон бо афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" муштарака амал мекунанд. Ба андешаи ӯ шумораи ҷангӯён дар шимоли Афғонистон барои он рӯ ба афзоиш дорад, ки Покистон дар Вазиристон амалиёти густардаеро зиджди онҳо роҳандозӣ кардааст.

Толибон ба Имом Соҳиб дар марзи Тоҷикистон ворид шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки вазъиятро зери назар доранд ва дар марҳалаи феълӣ ҷангҳо дар шимоли Афғонистон, дар минтақаҳои наздик ба марзи Тоҷикистон, ҳеч хатаре ба Тоҷикистон надошта, ҷангҳои дохилии гурӯҳҳои мусаллаҳи Афғонистон мебошанд.​

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 27 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҳо дар шимоли Афғонистон ва ба хусус дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон "ҳеҷ хатаре ба мо надорад ва марз ҳамаҷониба таҳти назорати марзбонон аст."

Сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ гуфт, ки ҷангҳои дохили Афғонистон ба марзи Тоҷикистон ва сокини кишвар таъсире надорад. "Марзбонони тоҷик ба таври маъмулӣ манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон назорат мекунанд,"-таъкид крад ӯ.

Ин дар ҳолест, ки мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон аз чанд рӯз ба ин тараф дар нуқтаҳои мухталифи Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаи Гӯртеппа, ки дар даҳкилометрии маркази ин вилоят қарор дорад, бар зидди нерӯҳои афғон меҷанганд. Ҳоло минтақаи Гӯртеппа хатти пеши даргириҳо миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии афғон аст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим

Змарай Пайкон, фармондеҳи умумии амн ва назми оммаи вазорати умури дохилии Афғонистон суқути минтақаи Гӯртеппаро ақибнишинии тактикӣ унвон кардааст. Номбурда, ки бо нерӯҳои таҳти фармонаш ба вилояти Кундуз омада ва ба ҷабҳаи ҷанги зидди Толибон пайвастааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар байни кушташудагони мухолифи давлат дар Гӯртеппа, ҷангиёни хориҷӣ, як зан, ду чечен ва чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд.

Оқои Пайкон дар идома гуфт, "даҳҳо куштаи мухолифони мусаллаҳ дар минтақа боқӣ мондааст, ки ҷасади як зани хориҷӣ ва чандин ҷасади мардони хориҷӣ низ дар миёни афроди кушташуда дар маҳали ҷанг боқӣ мондааст ва нерӯҳои тоза ҳам аз Кобул ва Мазори Шариф ба инҷо расидааст. Ман дар ин бора бояд бигӯям, ки сарбозон аз Гӯртеппа ақибнишинии тактикӣ кардаанд ва дар ин ҳеҷ ҷои шакк нест."

Бо ин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки Гӯртеппаро тасарруф кардаанд ва ҳамчунон 21 постгоҳи амниятӣ ва 55 тан аз афроди нерӯҳои амниятии афғонро асир гирифтаанд. Аммо масъулони маҳаллӣ ва мақомоти амниятии Кундуз асир шудани нерӯҳои амниятиро радд кардаанд.

Дар посух ба ин суол, ки нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Кундуз дар ҳолати дифоӣ қарор доранд, ё инки амалиётиро барои аз байн бурдани пойгоҳҳои Толибон оғоз кардаанд, Абдусабур Нусратӣ, фармондеҳи амнияти ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо феълан дар вулусволии Имомсоҳиб ва Гӯртеппа ҳам амалиёт дорем ва ҳам дар хатти дифоӣ қарор дорем. Мо нақша дорем, дар минтақаҳое, ки мухолифон омадаанд, амалиётро роҳандозӣ кунем, то онҳоро аз ин соҳа дур созем ва зарбаи маҳкам барояшон ворид кунем."

Абдулвосеъ Босил, сухангӯи волии Қундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар минтақаи Гӯртеппаи Кундуз ва вулусволии Қалъаи Зол 43 тан аз нерӯҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон кушта шудаанд. Вай афзуд, ки дар ин даргириҳо 8 тан аз нерӯҳои амниятии афғон кушта ва 16 тан захмӣ шудаанд. Аз сӯи дигар, садҳо хонавода бинобар даргириҳои ахир, аз минтақаҳояшон овора шуда ва ҳоло бо мушкилоти фаровон рӯбарӯ ҳастанд.

Мақомҳои маҳаллӣ борҳо гуфта буданд, ки дар бархе аз вулусволиҳои Кундуз Толибон, Ҷундуллоҳ ва Давлати исломӣ фаъолиятҳои омӯзишӣ ва ҷангӣ доранд. Онҳо гуфта буданд, ки ин гурӯҳҳо қасд доранд, то аз ин вилоят ҷангро ба дигар вилоятҳои шимолӣ ва ҳатто ба Осиёи Миёна бикашонанд.

Вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Дар ин минтақа гузаргоҳи байнимарзии Панҷи Поён ва Бандари Шерхон воқеъ шудааст, ки муҳимтарин гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар ба шумор меравад ва рӯзона даҳҳо мошини борбар молу колои тоҷиронро аз Покистону Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

XS
SM
MD
LG