Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақҷол Калбаев: Давоми 10 рӯз дар Хуҷанд гаравгон будам


Мақомоти Қирғизистон ахиран гуфтанд, ки аз рӯи қазияи гаравгонгириву шиканҷаи як шаҳрванди Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2016 дар Тоҷикистон шаш нафар - падару писар Набиҷон ва Ҳаким Набиевҳо ва ҳам чор шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд. Ҳуввияти ин афрод барои матбуот мушаххас нест.

Як шамшерро нишон доданд, ки бояд ба хонааш онро ба ҳайси савғо бубарад. Вале дар лаҳзаи тамошои шамшер, ба иддаои ӯ, писари Набиев гӯё аз пушти сараш зарба зада ӯро беҳуш ва баъдан гаравгон кард

Манобеи радиои Озодӣ рӯзи 5 январ дар бораи боздошт шудани Набиевҳо ва ифтитоҳи парванда аз рӯи моддаҳои “ситонидани пул”, “ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ” ва “шиканҷа” хабар доданд.

Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе гуфт, ки амалиёти раҳосозии гаравгонро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба роҳ монда баъди озод кардани шаҳрванд Калбаев рӯзи 30 декабр ӯро ба Қирғизистон фиристоданд.

"Бо Набиев дӯсти хонаводагӣ будем"

Ақҷол Калбаев як ҳафта аст, ки дар бемористони шаҳри Ӯш муолиҷа мешавад. Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки бо ӯ рӯзи 5 январ мулоқот кард, тафсилоти моҷароро суол кард. Сӯҳбат суолҳои зиёдро беҷавоб боқӣ гузошт ва ҳам санҷидани дурустии ҳамаи гуфтаҳои Калбаев феълан имкон надорад. Гумонбарони аслии ин ҳодиса дар боздошт ҳастанд ва мавқеи онҳо барои матубот мушаххас нест.

Дар ин сӯҳбаташ Ақҷол Калбаев худро як соҳибкор муаррифӣ кардааст, ки панҷ соли пеш дар заминаи ширкати “Голд тур транс” бо Набӣ Набиев ҳамкор ва дӯст шуд. Ба гуфтааш, ҳамкории онҳо тадриҷан ба дӯстии хонаводагӣ ҳам табдил шуд. Вале дар ҳодисаи рӯзи 14 декабри соли 2016, ба иддаои ӯ, муносибатҳо ранги дигар гирифт. Ба иддаои ӯ,

Яке аз аксҳои Калбаев, ки барои синонидани пул ба наздиконаш фиристода шуд
Яке аз аксҳои Калбаев, ки барои синонидани пул ба наздиконаш фиристода шуд

Калбаев бо ҳадафи фурӯши мошини “Ҳаммер” ба Набиевҳо аз Ӯш ба Хуҷанд рафт, арзиши мошин 16 ҳазор доллар будааст. Баъди санҷиши ҳолати техникии мошин гӯё ӯро ба манзиле дар шаҳри Хуҷанд барои “гирифтани тӯҳфае” бурданд ва як шамшерро нишон доданд, ки бояд ба Ӯш онро ба ҳайси савғо бубарад. Вале дар лаҳзаи тамошои шамшер, ба иддаои ӯ, писари Набиев гӯё аз пушти сараш зарба зада ӯро беҳуш ва баъдан гаравгон кард.

Шиканҷа ва талаби 23 ҳазор доллар

Ба иддаои ӯ, давоми рӯзҳои 14 то 18 декабр ӯ бо дасту пои баста ва бо тани урён мавриди латукӯбу шиканҷа қарор гирифт ва гаравгонгирҳо аз ӯву хешовандонаш пардохти 23 ҳазор долларро талаб кардаанд. Барои гирифтани пул аз хешовандон, аксу видеоҳои ҳолати шиканҷашудаи Калбаевро ба Ӯш фиристоданд.

Ба иддаои ӯ, бародараш рӯзе баъд аз Ӯш 3000 доллар маблағро ба гаравгонгирҳо фиристод ва мебоист рӯзи 23 декабр қисми боқимондаи пул – 20 ҳазор долларро медод. Вале дар ин байн гӯё марди тоҷики дигаре бо номи Фарҳод, ки аз қазия огоҳ буд, мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистонро огоҳ кард ва рӯзи 24 декабр Калбаев аз дасти гаравгонгирҳо озод карда шуд.

Суолҳои беҷавоб

Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи заминаҳои моҷаро ва сабаби ба ҳолати шантажу гаравгонгирӣ расидани муносибатҳо, Калбаев посухи мушаххас надод ва танҳо ишора кард, ки гап сари баҳсҳои тиҷоративу пулии байни ӯву як шаҳрванди дигари Қирғизистон ва ҳамкорони тоҷикашон буд. Дар сӯҳбат бо Озодӣ Калбаев инчунин овозаҳо дар бораи эҳтимоли робита доштани худи ӯ ба гурӯҳҳои ҷиноиро рад карда худро як соҳибкор номид.

Ҷениш Ашӯрбоев, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Ӯш дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки агар хешовандони Калбаев дар бораи ин ҳодиса сари вақт огоҳ мекарданд, раҳоии ин гаравгон пештар сурат мегирифт.

Гаравгону гаравгонгир - ҳамкорони собиқ буданд

Акси Калбаев бо осори шадиди шиканҷа ва дар ҳолати даступобаста нахуст дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифони тоҷик дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Набиев ва Калбаев дар солҳои 2012-ум дар шаҳри Ӯш дар ширкати марбут ба ин соҳибкори собиқ - "Голд тур транс" кор мекарданд. Ин ширкат машғули интиқоли молу коло ба Афғонистону Чин буд ва ҳамон сол раҳбарии намояндагии корхонаро дар Ӯш ба ӯҳда дошт. Шиносоии ин ду нафар аз он замон маншаъ мегирад. "Голд тур транс" он солҳо бахше аз ширкатҳои ҳамкори "Фароз" ва "Тоҷирон" буд, ки марбут ба соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов будааст.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Вале дар намояндагии ширкати "Фароз" дар Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки нафаре бо исми Набиҷон Набиев дар ин корхона кор намекунад ва солҳои охир ҳам дар феҳрасти коргарони ин идора чунин исме вуҷуд надорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Набиев ба ҳайси як ҳуқуқшиносе ном мебаранд, ки дар гузашта дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор карда баъдан бо ширкати тиҷоратӣ аз рӯи ихтисосаш кор кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG