Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти нахустин гумонбар баъди кашфи 5 ҷасади “селофанпеч”


Мақомоти интизомии вилояти Тулаи Русия гумонбари аввалин дар робита ба марги 5 нафар, бо шумули 4 муҳоҷири тоҷик дастгир кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Тулаи Русия нахустин гумонбар дар робита ба марги 5 мардикор, бо шумули 4 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Андрей Яртсев, раҳбари дафтари матбуоти раёсати умури дохилии вилояти Тула рӯзи 16 июл дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, ин гумонбарро маъмурони пулиси Тула шоми 15 июл дар ҳудуди вилояти ҳамсояи Орёл дастгир кардаанд: “Ҳоло муфаттишон бо ӯ кор карда истодаанд ва нақши ӯ дар марги ин 5 мардикорро низ тафтишот маълум хоҳад кард.”

Ҳамаи ин 5 нафар узви як бригада буданд, ки бо супориши нафари феълан боздоштшуда ғайриқонунӣ бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт дар вилояти нақб меканданд.

Ҷасади селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се нафари боқимонда рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд.

Мақомоти Русия дар қиболи марги ин муҳоҷирони корӣ бар асоси банди “а”-и қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар(куштори беш аз 2 нафар) парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Бино бар фарзияи мақомот, ин 5 нафар аз нафас кашидани дуд ё газ мурдаанд.

Дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки ин 5 нафар дар ҳудуди вилояти Орёли Русия бо супориши нафаре, ки ҳоло ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, ба тарафи як лӯлаи нафт нақб меканданд. Мақомот мегӯянд, мардикорон ғолибан ҳангоми кандани нақб дар ӯзери замин аз нафас кашидани дуд газ нафасгир шудаанд.

Андрей Яртсев, сухангӯи пулиси Тула мегӯяд, корфармои онҳо баъди чунин ранг гирифтани кор ба хотири пӯшондани изи ин қазия ҷасадҳои мардикоронашро селофанпеч карда, дар минтақаҳои мухталиф партофтааст. Ин мард ҳоло ба даст доштан дар марги 5 мардикор айбдор мешавад, вале ғолибан алайҳи ӯ бо иттиҳоми талоши дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт парвандаи нав бикушоянд.

Хабари кашфи 5 ҷасади селофанпеч дар ҳудуди вилоятҳои Маскаву Тула рӯзи 15 июл расонаӣ шуд. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, 4 тани онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд:

Хуршед Шарифович Ёрматов, санаи таваллудаш 11 авгсти соли 1988, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон
Самандар Салимович Халифаев, санаи таваллудаш 31 марти соли 1989, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ.
Солеҳҷон Одилович Дилшодов, соли таваллудаш 1982 аз ноҳияи Қумсангир
Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров, соли таваллудаш 1980, аз ноҳияи Данғара

Ҷасадҳои Хуршед Ёрматов ва Самандар Халифаевро, ки ҳанӯз рӯзи 8 июл дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ёфт шуданд, шаби 15 июл тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристоданд. Аммо тавре

Иброҳими Аҳмад, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Озодӣ гуфт, корҳои тафтишотӣ нисбат ба се ҷасади дигар ҳанӯз пурра анҷом наёфтаанд ва ҷанозаҳои Солеҳҷон Дилшодов ва Фирдавсӣ Нодиров баъди гирифтани иҷозати дафни онҳо аз сӯи мақомоти тафтишотии Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофоти байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG