Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон муваззаф шудаанд, ки хонаҳоро бо парчам оро диҳанд. ВИДЕО


Манзили тамоми сокинони Душанбе – пойтахти Тоҷикистон – рӯзи 24 ноябр бояд бо парчами миллӣ оро дода шавад. Тасмими навбатии ҳукумат, ки аз ҷониби сокинони кишвар ҳамчун як иқдоми дигари баҳсбарангез арзёбӣ мешавад, бояд аз субҳи рӯзи панҷшанбе ба иҷро дарояд.

Панҷ сол пеш Тоҷикистон бо бунёди сутуни 165-метрии парчами миллӣ дар маркази Душанбе ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд.

Роҳи боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ?

Бо як дастури шаҳрдорӣ, на танҳо сокинони кӯчаҳои марказӣ ё, ба қавле "протоколӣ", балки тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр байрақҳои Тоҷикистонро аз айвонҳо овезон кунанд. Дар соли ҳафтуми таҷлил аз иди дар гузашта бесобиқаи парчами миллӣ, ки онро ҳамчун рамзи давлатдориву пойдории кишвар қаламдод мекунанд, мақомот муқаррароти навро ҷорӣ карданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Сокинон муваззаф шудаанд, ки хонаҳоро бо парчам оро диҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

То як моҳи қабл мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон овезон кардани парчам аз айвонҳо ва насби он дар мошинҳои шахсӣ мувофиқи қонун мумкин набуд. То кунун парчами миллии Тоҷикистон дар болои иншооти корхонаву идораҳои давлатӣ ба маънои як сохтори расмии давлатӣ гузошта мешуд. Аммо бо як пешниҳоди ҳукумат ба порлумон моҳи гузашта ба "Қонун дар бораи рамзҳои давлатии Тоҷикистон" тағйирот ворид карда шуд ва аз рӯи он овезон кардани парчам дар манзилҳои хусусӣ ба ҳамагон иҷозат шуд. Мақомот бовар доранд, ки бо ин роҳ эҳсоси ватандӯстии мардум боло бурда мешавад.

Милаи 165-метрии парчам

Панҷ сол пеш Тоҷикистон бо бунёди сутуни 165-метрии парчами миллӣ дар маркази Душанбе ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Ҳарчанд баъди ду сол Арабистони Саудӣ бо насби сутуни парчами 171-метрӣ аз Тоҷикистон пеш гузашт, мақомоти Тоҷикистон ин миларо ифтихори давлати худ мешуморанд.

Таҷлил аз ҷашни рӯзи парчам имсол дар марказҳои аслии кишвар - шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Душанбеу Хоруғ бо роҳпаймоии садҳо нафар донишҷӯ ва сокинон баргузор мешавад. Дар Душанбе ташкили ҷашни парчамро бо ҷалби 4 ҳазор донишҷӯ дар Боғи парчам барномарезӣ кардаанд.

"Вазифаи донишҷӯ хондан аст!"

Ин тасмим бархе ҷавонҳоро нороҳат кардааст. Дар сӯҳбати бидуни микрофон рӯзи 23 ноябр бархе донишҷӯён гуфтанд, ки дар сардии аз 4 то 6 дараҷа ташкил кардани гаштҳои дастҷамъона «ғайримантиқӣ аст». Илова ба ин, ин ҷашни навбатии расмии ҳукумат аст, ки донишҷӯёнро аз вазифаи аслии онҳо – таҳсил дур карда, ба хиёбонҳо мебарорад. Соли ҷорӣ донишҷӯён дар робита бо ҷашни истиқлол, ки 9 сентябр баргузор шуд, ду моҳи дароз машқ ва баъдан дар рӯзи ид аз майдони марказӣ гузаштанд. Ин ҳама маъракаҳо, ба қавли донишҷӯён, бар зарари таҳсили онҳо меанҷомад.

Иди парчам – иди тоҷир

Вале фарорасии иди парчамро тоҷирони фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ хуш қабул мекунанд, чунки дар остонаи ин ид ва ҳам дигар идҳои расмӣ маъмулан бозори парчамфурӯшӣ гарм мешавад. Дар миёни харидорони парчам – ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, корхонаҳои саноатӣ ва хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳам донишҷӯёну мактабиён мебошанд.

Қурбоналӣ Талбов, фурӯшандаи яке аз дӯконҳои «Олами кӯдакон» дар маҳаллаи Садбарги Душанбе, рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, парчам дар арафаи ҷашн хеле серхаридор аст. “Харидорони парчам бештар соҳибони корхонаҳо ва донишгоҳ ва ё донишҷӯён ҳастанд. Чунки пагоҳ рӯзи парчам аст. Нархи парчам аз 10 сомонӣ шурӯъ мешавад. Аммо парчам бо матои бахмалин, албатта, гарон аст. Нархи ин парчам аз ин матоъ 300 сомонӣ ҳаст”, - афзуд ӯ.

Парчамҳои Made in China

Аксар парчамҳои Тоҷикистон, ки дар фурӯшгоҳҳо ба назар мерасанд, дар Чин истеҳсол шудаанд. Ахиран мақомоти Оҷонсии “Тоҷикстандарт” як миқдор парчамҳои истеҳсоли Чинро, ки бе сифат буда, ба нақшу нигори аслии парчами Тоҷикистон мутобиқат намекарданд, аз рафи дӯконҳо мусодира карда тоҷиронро ҷарима бастанд. Ҳоло парчамҳои дар фурӯш буда, пас аз санҷиши ин оҷонсӣ ба дӯконҳо роҳ меёбанд.

Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон шурӯъ аз 24 ноябри соли 2009 таҷлил мешавад. Ба унвони як рамзи муҳими давлати Тоҷикистон, парчам 23 соли пеш дар ҷараёни иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тасдиқ шудааст. Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG