Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як сол 300 тоҷикистонӣ бо хориҷиҳо издивоҷ кардаанд. САДО


Ҳарчанд барои "домодҳо"-и хориҷӣ барои издивоҷ бо духтарони тоҷик шартҳое чун харидани хона ва бастани аҳдномаи никоҳ муқаррар шудааст, аммо шумораи хосторони барпо кардани оила бо тоҷикистониҳо кам намешавад. Мақомот мегӯянд, шарти 5 сол пеш ҷоришудаи издивоҷ бо тоҷикистониҳоро хориҷиҳо пазируфтанд ва аз нияти барпо кардани оила бо тоҷикон худдорӣ намекунанд.

Соли 2011 дар Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироте ҷорӣ шуд, ки аз рӯи он, шаҳрвандони хориҷии хостори издивоҷ бо тоҷикҳо бояд ҳадди аққал як сол дар Тоҷикистон зиндагӣ ва ҳамсари ояндаро бо манзил таъмин кунанд ва пеш аз издивоҷ шартномаи ақди никоҳ банданд.

Дар панҷ соли пеш аз қабули ин муқаррарот дар Тоҷикистон тахминан 2700 мавриди издивоҷ бо хориҷиҳо сабт шуда буд, яъне тахминан 540 ҳодиса дар як сол. Соли баъди таҳрири кодекс, шумораи издивоҷҳо даҳ баробар кам шуд, вале солҳои охир тадриҷан рӯ ба афзоиш овард. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 276 мавриди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо сабт шудааст, ки 100 адад бештар назар ба соли 2015 будааст.

Панҷ соли фаъолияти муқаррароти сахти издивоҷи хориҷиҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчанд шумори ин никоҳҳоро дар маҷмӯъ тахминан 6-7 баробар коҳиш дод, вале боз ҳам шумори хосторони издивоҷ бо тоҷикҳоро кам накард.

Вале то куҷо ин издивоҷҳо бо риояи меъёрҳои кодекси таҳриршудаи оила сурат мегирад, ки, ба қавли ташаббускорони ташдидёбии он, пеш аз ҳама ба хотири ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан занҳо равона шудааст? Зимнан, дар аксари ҳолатҳо маҳз занони тоҷик бо хориҷиҳо издивоҷ мекардаанд.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки соли ҷорӣ дар 4 ҳодиса шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ ва Турсунзода ба ҳангоми бастани ақди никоҳи занҳои тоҷик бо хориҷиҳо, муқаррароти Кодекси оиларо вайрон карда ва ҷарима шудаанд. Ин манбаъ аз ҷумла гуфт, ки ба ҳангоми бастани ақди никоҳ ин ниҳодҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон вуҷуди аҳдномаи никоҳ ва таъмини ҳамсари ояндаро ба манзил насанҷидаанд.

Як корманди раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иштибоҳҳо аз рӯи “беэҳтиётӣ” роҳ ёфтааст ва масъулин аз такрори чунин саҳлангорӣ “огоҳонида шудаанд”. Вай гуфт: “Масъалаи таҳияи қарордоди никоҳ ва ҷой додани ду унсури асосӣ, яъне, масъулият барои нигоҳубини зану фарзанд ва харидани хона барои онҳо ба ӯҳдаи ниҳодҳои нотариалӣ аст.”

Аз сӯи дигар, масъулин мегӯянд, онҳое, ки меъёрҳои кодекси оиларо иҷро карда наметавонанд, дар хориҷа издивоҷ мекунанд ва ё аз тариқи ҳамзистии бидуни никоҳ, зиндагии муштаракро пеш мебаранд. Аз ҳамин хотир ҳам, эҳтимолан шумораи оилаҳои ба истилоҳ “интернатсионалӣ” дар воқеъ бештар бошад.

Дар ҷои аввал - Узбакистон, дар ҷои охир – Чин

Аз рӯи омори расмӣ, дар навбати аввал ба ҳангоми барпо кардани оила шаҳрвандони Тоҷикистон ба никоҳҳо бо намояндагони Узбакистон тарҷеҳ дода, баъдан бо шаҳрвандони Русия оила барпо кардаанд. Дар зинаҳои баъдӣ шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Туркия, Олмон, Бритониё, ИМА ва ҳамчунин Чин қарор доштааст.

Ҷомеашиносон мегӯянд, издивоҷ бо шаҳрвандони Узбакистон решаҳои суннатии қадима дорад, ки ба умумиятҳои милливу фарҳангӣ ва хонаводагӣ бармегардад. Домодҳои аврупоӣ бештар онҳоеанд, ки дар созмонҳои хориҷӣ кор мекунанду мафтуни духтарҳои тоҷик мешаванд. Шаҳрвандони Афғонистону Чин ҳам аз бахши коргаронеанд, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд.

Малика -- ҳамсари як марди уйғури Чин

Малика, зани тоҷири тоҷик дар яке аз бозорҳои Душанбе чор сол пеш бо Илёс, як шаҳрванди уйғуртабори Чин никоҳ карда мегӯяд, то имрӯз зиндагии хубе дорад. Малика мегӯяд: “Шавҳари чинӣ бароям дар пойтахти Тоҷикистон хона харида ва маро ба шуғли тиҷорат ҷалб кард.

Шумораи зиёди шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Шумораи зиёди шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Ҳоло дар дӯкони мо, ки ба фурӯши кӯрпаву болин ва ашёи дигари хона ихтисос дорад, 5 зани тоҷик кор мекунанд. Илёс марди мусалмон буда, ба тоҷикӣ хуб сӯҳбат мекунад ва дар оилаи мо мушкилоти забонӣ ё мазҳабӣ вуҷуд надорад.”

Мунтақидоне, ки ба издивоҷи занҳои тоҷик бо хориҷиҳо бо шубҳа менигаранд, мегӯяд, дар аксар ҳолатҳо хориҷиҳо, бахусус чиниҳову афғонҳо ба хотири кор дар Тоҷикистон бо занҳои тоҷик оила барпо мекунанд ва талоши онҳо барои оиладорӣ бар пояи самимияту муҳаббат нест.

12 ҳазори издивоҷи мардони тоҷик бо русҳо

Вале дар посух ба ин интиқодҳо, ҷомеашиносони дигар омори қобили мулоҳизаи издивоҷҳои тоҷиконро дар хориҷа мисол меоранд. Ҳамасола, ба қавли Хадамоти муҳоҷирати Русия, беш аз 12 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик бо занҳои шаҳрванди ин кишвар издивоҷ мекунанд. Онҳо мегӯянд, домодҳои тоҷик ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ва пайдо кардани манзилу кори муносиб ба ин роҳ мераванд. Ҳодисаҳои дар ин охирҳо бекор шудани 84 ҳодисаи издивоҷи маснӯии русҳо бо тоҷикҳоро матбуоти ин кишвар нашр карда буд.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик.
Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳолатҳои зиёд мардони оиладори тоҷик ба Русия рафта аз нав издивоҷ ва дар бораи ҳамсару фарзандонашон фаромӯш мекунанд. Бисёри ин занҳо бидуни даромаду ғамхорӣ дар ҳолати зору эҳтиёҷ ба сар мебаранд. Вай мегӯяд, дар ниҳоят ин қишри занон бидуни ғамхорӣ мемонанд.

Марям Давлатова мегӯяд, ки “бар асоси як пажӯҳиш, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа анҷом дода будам, беш аз 80 дарсади занҳо пас аз талоқ бехонаву дар мемонанд. Вақте марди тоҷик издивоҷ мекард, духтар аз хонаи падару модар кӯдак наоварда буд, аммо пас аз талоқ бо куртаи танаш ва кӯдаконаш аз хона берун мешавад. Ҳатто бисоти занро, аз ҷумла, кӯрпаву болишту анҷоми хона, ки аз хонаи падар оварда буд, намедиҳанд.”

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, гоҳо дар амри таҳти назорат гирифтани бархе паҳлӯҳои ҳаёти хусусии мардум, мақомот аз ҳуқуқи иҷтимоии бахши осебпазири ҷомеа – ҳамин занҳову кӯдакони бепадармонда фаромӯш мекунанд.

Вале дар посух ба ин интиқодҳо, мақомот мегӯянд, ҷоришавии созишномаи ҳатмии издивоҷ метавонад дар оянда аз бемасъулиятии яке аз ҳамсарон дар нисбати аъзои собиқи оилааш ҷилавгирӣ кунад ва онҳоро аз талоқи беандешаву осемасар ва ҳам бетаваҷҷӯҳӣ ба фарзандон огоҳ кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG