Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Абдураҳим: Яке аз "хоҷагони хориҷӣ" Эрон аст


Абдураҳим Каримов
Абдураҳим Каримов

Узви пешини ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон Эрону бархе аз кишварҳои арабиро "хоҷаҳои хориҷӣ" ва сабабгори авҷ гирифтани ҷанги дохилии Тоҷикистон унвон кард.

Абдураҳим Каримов, маъруф ба номи Мулло Абдураҳим, рӯзи 25-уми феврал дар нишасти навбатии маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" гуфт, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз ибтидо аз Эрон пуштибонӣ мешуд ва ҳатто сохтораш дар оғоз ба шакли сохтори Ҷумҳурии исломии Эрон буд. Ин буд, ки ба гуфтаи вай, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ худро раҳбари рӯҳонӣ мегирифт ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ин ҳизб буд.

Аммо ба қавли Мулло Абдураҳим, президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба раҳбарони он вақти ҲНИТ, ки бо даҳҳо ҳазор муҳоҷир ва паноҳандаи тоҷик дар шимоли Афғонистон ба сар мебурданд, гуфтааст, "аз ақидаҳои шиагариатон баргардед, зеро мардуми Афғонистон Шуморо дастгирӣ намекунанд."

Ӯ гуфт, Эрон занҳои муҳоҷири тоҷик дар Афғонистонро таълими мазҳабӣ медод. Аз сӯи дигар афзуд ӯ, "арабҳо бо мошинҳо ба мухолифин доллар медоданд, то барои ширкаташон дар ҷанг силоҳ бихаранд, аммо ин пулро бештар раҳбарони ин ҳизб истифода мекарданд."

Муллоҷонов: "Мулло Абдураҳим таҳти таъсири салафиҳост"

Мулло Абдураҳим бо эҳсоси пушаймонӣ бори дигар таъкид кард, ки худро дар баробари дигар аъзои Иттиҳоди мухолифон гунаҳкори ҷанги дохилӣ медонад ва барои ин ҳамеша “аз миллат узр мепурсад”. Ҳарчанд, ӯ аз нақши Эрон дар ҷанги дохилии Тоҷикистон хеле рӯшан сӯҳбат мекард, аммо аз ҳеч кишвари мушаххаси арабӣ ном набурд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, ки дар ин маҳфил ҳузур дошт, гуфт, аз нафрати Мулло Абдураҳим дар қиболи Эрон ва дигар изҳори назарҳояш ба ин хулоса расидааст, ки ӯ таҳти таъсири ақидаҳои салафӣ қарор гирифтааст. Ӯ гуфт, эронбадбинии ӯ ва муттаҳам сохтани ҳамтоҳои собиқаш ба шиагароӣ далели дорои ақидаҳои салафӣ будани ӯ ҳаст.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Муллоҷонов гуфт, бар асоси пажӯҳиши ӯ кишварҳои арабӣ аз оғоз то интиҳо ҳамеша ба мухолифон ёрии молӣ барои ҷанг мекарданд ва ҳеч талош барои сулҳ анҷом надодаанд. "Аммо баръакс, Эрон ва Русия зуд ақидаашонро дар бораи ҷанги дохилӣ дигар карда, барои сулҳ талош карданд. Ин шахс ҳоло дар зери таъсири ҷараёни салафия қарор дорад. Назарияи салафия дар гуфтаҳош ба таври рӯшан маълум аст. Мутаасифона, салафия бо кӯмаки Қатар ва Саудӣ таъсири зиёд дар Тоҷикистон дорад. Дар бораи нақши Русия нагуфтанд. Бо дахолати Русия ҷанг шурӯъ шуд, бо дахолати Русия ба поён расид. Аз тарафи дигар Масъуд ва аз тарафи дигар Русия ҷараёни таъсиркунанда ба сулҳ шуданд. Чун ки онҳо дар ҳамон сол манфитадор шуданд, ки ҷанг поён биёбад. Ёд дорам, ки аз замони бозсозӣ Саудӣ маблағгузорӣ ба имомхатибон дар Тоҷикистонро шурӯъ карда буд ва маблағи аввалияи ҷангро низ ҳамин кишвар дода буд," - гуфт ин коршиноси тоҷик.

Мулло Абдураҳим: Яке аз "хоҷагони хориҷӣ" Эрон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:13 0:00

"Дар куштори марзбонони рус даст надорам"

Солҳои 1993 пас аз фирор Мулло Абдураҳим дар Афғонистон рӯ ба рӯи марзи Шӯроободи Тоҷикистон қарор гирифт. Он сол давоми шаш моҳ дар Шӯрообод бо гурӯҳҳое, ки ба Мулло Абдураҳим марбут медонистанд, ҷанг ҷараён дошт. Ҳамла ба дидбонгоҳи 12-умро, ки дар пайи он 25 сарбози русу тоҷик кушта шуд, кори дасти ӯ медонистанд.

Аммо Мулло Абдураҳим дар ин нишаст гуфт, воқеан, гурӯҳи ҳамлагар зери раҳбарии ӯ буд, аммо замони ҳамла ӯ дар Покистон қарор дошт.

Акси Мулло Абдураҳим аз бойгонӣ
Акси Мулло Абдураҳим аз бойгонӣ

"Борҳо мегуфтанд, ки ба Тоҷикистон ҳамла кунед, вале ман розӣ намешудам. Чанд бор Нурӣ одам фиристод, то ба ман фишор биоранд, вале аз тарси Масъуд коре накарданд. Абдуллоҳи Нурӣ моро дават кард ва Покистон равон карданд. Ба мулло Яҳё, муовини ман Нурӣ фармон медиҳад, ки ба дидбонгоҳи рақами 12 ҳамла кунанд. Ишораи президент дар соли 2013, ки ин кас ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд, ба гурӯҳи ман буд, на бу худи ман," -- афзуд ӯ.

Султони Ҳамад, рӯзноманигори тоҷик, ки он шабу рӯз дар Афғонистон қарор доштааст, гуфт, воқеан ҳамон шабу рӯз Абдураҳим Каримов дар Покистон қарор дошт ва дар ҳамла ба постгоҳи 12-ум дар Шӯрообод мустақиман даст надошт.

Ӯ гуфт: "Сӯҳбати Каримов сӯҳбати самимӣ буд. Дар ҳақиқат ҳамчун муҳоҷир медонистам, ки ӯ шахсан дар он ҳамла иштирок надошт. Аз он ҷаласаҳое, ки раҳбарияти мухолифин мекарданд, маълум буд, ки ӯ дар он иштирок надошт. Аммо нашунида будам, ки Устод Нурӣ ҳам супориши ҳамла дода бошанд. Ба хусус, ӯ ҷонибдори ҳамла ба Кӯлоб набуд."

Абдушафеъ Тоҷов, раҳбари як дастаи мусаллаҳ, ки дар Шӯрообод зидди дастаи Мулло Абдураҳим ҷангидааст, мегӯяд: "Ба ҳарфҳои Мулло Абдураҳим чандон бовар надорам. Зеро дар ҳузури президент гуфт, ки ӯ ба заставаи 12-уми ҳамла кардааст, ҳоло онро рад мекунад. Шаш моҳ дастаи Мулло Абдураҳим дар Шӯрообод ҷанг кард. Ба онҳо дастаҳои ихтиёриён мухолифат мекарданд. Русҳо аз он ҷо гурехта буданд. Лекин

Абдураҳим Каримов дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"
Абдураҳим Каримов дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"

ҳузури Мулло Абдураҳим он замон тасдиқ нашуда буд. Мо ҳеҷ тасдиуқе рӯи даст надоштем, ки худи Мулло Абдураҳим дар Шӯрообод ҳузур дорад ё не. Аммо ин гурӯҳ ба номи ӯ дониста мешуд.”

Ду қаҳрамони ҷанги дохилӣ аз нигоҳи Мулло Абдураҳим

Абдураҳим Каримов гуфт, иштибоҳашро замоне дарк кард, ки дар Афғонистон бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар наздикони ӯ сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, Масъуд мухолифи ҷанги Тоҷикистон буд ва ба пурсишҳои ба такрори онҳо барои силоҳ додан ҳеҷ гоҳ посух надод. Ӯ гуфт, ҳоло назарҳояш комилан тағйир ёфтаанд: “Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ду қаҳрамон дорад: Қаҳрамони ҷанг ҲНИТ ва қаҳрамони сулҳ Эмомалӣ Раҳмон аст. Наҳзат дасти пурхунашро дар ҷанг олуда карда буд, аммо Пешвои миллат ба онҳо дасти сулҳ дароз карда буд”.

Ин барои бори аввал нест, ки Мулло Абдураҳим алайҳи ҳамсафони пешини худ сухан мегӯяд. Ӯ ҳудуди се сол қабл дар суханроние дар мулоқоти ҳайати Кумитаи дин бо сокинон дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гуфта буд, “ҳизбҳое, ки ба худ номи исломиро мегузоранд, асоси Қуръонӣ надоранд ва ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад».

Мулло Абдураҳим тайи шаш соли ахир дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба ҳайси мударрис фаъолият дорад. Вай дар гузашта намояндаи ҲНИТ дар Кӯлоб буд ва замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба Афғонистон паноҳ бурд ва яке аз фармондеҳони низомии мухолифон буд. Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, аз роҳи саҳмияи 30 дарсадии мухолифон ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон шомил шуд ва тайи чанд сол дар мақоми раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG