Ширкати "Asian Express Terminal" музокиротро барои оғози ҳаракати мусофирбарҳо аз Тоҷикистон ба қаламрави Узбакистон шурӯъ кардааст ва мехоҳад, то тирамоҳи имсол сокинонро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Бухоро бибарад. Алиҷон Валиев, намояндаи “Asian Express Terminal”, рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина бо масъулини сафорати Узбакистон мулоқот карда, мунтазири посухи расмии Тошканд ҳастанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
- Севинч: Аз Тоҷикистон ба Узбакистон хотираи нек мебарам
- Зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон – Кӣ чӣ дорад
- Нахустин парвоз аз Тошканд ба Душанбе дар 25 сол
Мунтазири ҷавоби расмии Тошканд
Агар мо ҳаракати автобусҳои худ аз тариқи Узбакистонро роҳандозӣ кунем, вақт ва хароҷоти сафар ба Русия низ коҳиш хоҳад ёфт.
Вай афзуд, дар сурати тасдиқи пешниҳоди онҳо аз ҷониби Узбакистон, нафақат равуо, балки дарёфти виза ё раводиди сафар низ барои сокинон осон хоҳад шуд.
"Чунин тавофуқи ибтидоӣ ҳосил шудааст, ки мусофирон дар терминали "Asian Express Terminal" дар Душанбе барои сафар ба Узбакистон номнавис шуда, нусхаи шиносномаи худро медиҳанд. Сипас, ба таври гурӯҳӣ ба онҳо визаи сафар дода мешавад. Агар чунин пешниҳод тасдиқ гардад, арзиши сафар аз Душанбе ба шаҳрҳои Узбакистон бамаротиб арзон аз хадамоти ҳавопаймо хоҳад буд", - таъкид кард Валиев.
Баъди шурӯи парвозҳо
Дар моҳи гузашта ширкати ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" нахустин парвозҳои худ дар масири Тошканд-Душанбе ва баръаксро шурӯъ кард. Бояд ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" низ дар ин масир парвозҳои худро оғоз намояд, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳоло ин бозор барои як ширкат кофист.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинон аз нархи билети парвоз дар ин масир, ки баъди 25 сол боз шуд ва 145 доллар муқаррар шудааст, шадидан интиқод мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки барои анҷоми парвози 45-дақиқаӣ ин арзиш ҳангуфт аст. Аммо ҳам мақомот ва ҳам сокинон аз он хушҳоланд, ки парвози ҳавопаймоҳо барқарор шуд ва ин як аломати нармиши равобит миёни ду кишвар аст.
"Роҳи заминӣ беҳтар аст"
Набояд фаромӯш кард, ки бештари муҳоҷирони корӣ барои сафар ба Русия қарз мегиранд ва нархи арзони сафар ба фоидаи онҳост."
Субҳиддин, як сокини пойтахт гуфт, чанде аз хешовандонашон дар Узбакистонанд ва онҳо бояд барои иштирок дар тӯйи наздикон ба Самарқанд раванд. Ӯ гуфт, аз шурӯи парвози ҳавопаймо хушҳол шуданд, аммо зӯри ҷайбашон ҳанӯз ба харидани билет намерасад.
"Ин фикри ман не, балки хоҳиши аксари мардум аст, то роҳи заминӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон бозтар шавад. Яъне, дар марз одамонро зиёд нигоҳ надоранд ва тафтишу санҷишро камтар кунанд. Он вақт равуо бештар мешавад. Ташкили мусофирбарҳо фикри хуб аст ва агар ба ин ризоят диҳанд, ниёзи бештар ба хадамоти ҳавопаймо боқӣ намемонад", - гуфт мусоҳиби мо.
Роҳ то Русия низ наздиктар мешавад?
Масъулони "Asian Express Terminal" гуфтанд, ки боз шудани роҳи мусофирбарҳо аз Тоҷикистон ба ҳудуди Узбакистон роҳ то Русияро низ наздиктар мекунад. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати автобусҳои ин ширкат дар масири Душанбе – шаҳрҳои мухталифи Русия тавассути қаламрави Қирғизистон сурат мегирад.
Алиҷон Валиев гуфт, "аз терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе хоҳишмандонро бо 90 сомонӣ нахуст то Исфара мебарем ва дар онҷо мусофирон ба нархи 15 сомонӣ як шабро дар меҳмонхона мегузаронанд. Сипас, арзиши сафар то ба шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла то ба Екатеринбург 5 ҳазор рубли русӣ мешавад. Агар мо ҳаракати автобусҳои худ аз тариқи Узбакистонро роҳандозӣ кунем, вақт ва хароҷоти сафар ба Русия низ коҳиш хоҳад ёфт."
Валиев хабар дод, ки дар 6 моҳи соли гузашта тавассути автобусҳои ширкати “Asian Express Terminal” 2 ҳазору 300 нафар ба шаҳрҳои Русия ва баръакс ба Тоҷикистон сафар карда, аз аввали соли ҷорӣ то ба 18 март 1630 мусофири тоҷик дар ин масир аз хадамоти ин ширкати мусофиркашонӣ истифода намудаанд.
Паврзи санҷишии "Сомон Эйр" ба Тошканд дар моҳи феврал анҷом шуд:
Тӯли солҳои истиқлол хадамоти мусофиркашонӣ тавассути автобусҳо ба Русия умдатан дар шимоли кишвар тавсеа ёфта буд ва ҳамасола теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик барои сафар ба Русия аз ин навъи ҳамлу нақл истифода мекарданд. Раҳмон Ӯлмасов, коршиноси тоҷик дар умури муҳоҷирати корӣ, гуфт, "арзиши роҳкирои автобус дар муқоиса бо ҳавопаймо ва қатор бамаротиб арзон аст, ҳарчанд ба мисли қатор сафар се ё чаҳор рӯз идома мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки бештари муҳоҷирони корӣ барои сафар ба Русия қарз мегиранд ва нархи арзони сафар ба фоидаи онҳост."
Ширкати "Asian Express Terminal" соли 2012 дар чаҳорчӯби ҳолдинги "Kont Group Tajikistan" аз сӯи миллиардери зиндонии эронӣ Бобак Занҷонӣ таъсис шуда буд. Ин ширкат барои бароварда сохтани ниёзҳои мусофирони тоҷик ба кишвар миқдоре аз автобусҳо ва мошинҳои таксии замонавӣ ворид карда, бинои истгоҳи автобусҳои байнишаҳрии Душанберо бозсозӣ кард.
Дар маросими ифтитоҳи ин терминал президент Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт. Аммо дертар Бобаки Занҷонӣ ба иттиҳоми дуздии пули нафти Эрон боздошт ва ба эъдом маҳкум шуд. Ҳоло ӯ дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад ва мақомоти Эрон мехоҳанд, пулҳои навти ин кишварро бо ёрии ӯ дубора соҳиб шаванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон вуруди сармояҳои ин миллиардери зиндонӣ ба кишварро рад карданд. Дар аввали имсол номи ширкатҳои "Kont Group Tajikistan" низ ба "Осиё групп" иваз шуд.