Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас миёни Исроил ва Ҳамос шикаста шуд


Оташбаси 72 соатае, ки Ҳамос ва Исроил дар бораи оғози он дар рӯзи ҷумъа тавофуқ карда буданд, пас аз чанд соат шикаст. Ҳамос ва Исроил якдигарро ба нақзи ин оташбас муттаҳам мекунанд.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, қарор буд оташбас миёни Ҳамос ва Исроил аз соати ҳашти бомдоди рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ оғоз шавад ва тӯлонитарин оташбас дар бӯҳрони 25 рӯзи гузаштаи Ғазза бошад.

Ду соат пас аз оғози оташбас, мақомоти фаластинӣ гуфтанд, ки танкҳои исроилӣ ба Ар-Рафаҳ тирандозӣ карданд, ки боиси кушта шудани дастикам 30 фаластиниӣ кушта шуд. Артиши Исроил аз даргирӣ байни ҷонибҳо дар ин минтақа хабар дод, вале ҷузъиёте дар мавриди он мунташир накардааст. Дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу низ дар баёнияе Ҳамосро муттаҳам ба нақзи оташбас кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори умедворӣ карда буд, ки тамдиди ин оташбас нуқтаи поёнӣ бар ин давр аз хушунатҳо бошад ва имкони анҷоми музокирот бар сари поёни муҳосираи Ғаззаро фароҳам кунад.

Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид дар авоили бомдоди рӯзи ҷумъа мувофиқати нахуствазири Исроил ва сарони Ҳамосро барои барқарории оташбаси 72 соата дар набарҳои дуҷониба эълом карда буданд.

Андаке пас аз он, муовини дабири кулли СММ дар гузорише ба нишасти вижаи Шӯрои Амният хоҳони оташбаси ҳар рӯза барои фароҳам кардани заминаи кӯмакрасонӣ ба ҷангзадагон шуд.

Талафоти вазнин ба ғайринизомиён, аз ҷумла ҳамла ба паноҳандагони фаластинӣ дар як мактаби зери назорати СММ дар Байту Лоҳия ва Ҷиболия, ба вокуниши хашмгинонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд. Амрико низ рӯзи гузашта ба таври ошкоро аз Исроил интиқод кард.

Шумораи кушташудагони ҷониби фаластинӣ дар бӯҳрони ахир ба 1500 ва теъдоди захмиёни ба 8400 нафар наздик шудааст. Бо кушта шудани панҷ низомии дигари артиши Исроил бар асари мушакҳои Ҳамос дар рӯзи панҷшанбе, шумораи талафоти низомиёни Исроил ба 61 нафар расид. Ду ғайри низомии исроилӣ ва як коргари тайландӣ низ аз ҷумлаи талафот дар 25 рӯзи гузашта будааст.

Садҳо ҳазор нафар аз мардуми Ғазза аз тарси оқибати бомбаборонҳои Исроил аз хонаҳои худ фирор намуда ва осеби сахте ба минтақаҳое монанди Шуҷоия, Байл Лоҳия, Ҷиболия ва Хон Юнус ворид шуда ва онҳоро ба минтақаи сунамизада монанд кардааст.

XS
SM
MD
LG