Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар кишвари фурсатҳо. Аз хурд то бузург Green Card мехоҳад. ВИДЕО


Ин шабу рӯз садҳо сокини Тоҷикистон бахти худро дар озмуни лотереяи корти сабз (Green Card, грин-карта ё грин-корт)-и Амрико месанҷанд. Марҳилаи ирсоли ариза барои корте, ки роҳи барандаашро барои зиндагиву кор дар Амрико ҳамвор мекунад, то 7-уми ноябр таъин шудааст ва садҳо сокини Тоҷикистон бо умеди санҷидани шонси худ дари марказҳои хусусии таҳияи санадҳоро мекӯбанд. Дар навбат аъзои сершумори оила – аз хурдсол то пиронсолро дидан мумкин аст.

Вақте Русия ҳазорон муҳоҷири тоҷикро дар рӯйхати сиёҳ ворид карда, то панҷ сол аз ҳаққи иқомат ва кор маҳрум мекунад, табиист, онҳо аз роҳҳои гуногун ба кишварҳои дигар мераванд
Анвар Бобоева

Мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳаққи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотореяи “грин-корт” маъруф аст, рӯзи 3-юми октябр шурӯъ шуд. ИМА соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикистон: Аз хурд то бузург Green Card мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Валиҷон Абдурасулов, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз довталабони корти сабзи Амрико аст. Ӯ мехоҳад, ба Амрико роҳ ёфта, дар онҷо таҳсил ва баъдан кор кунад. Аризаашро имсол тавассути як маркази таҳияи санадҳо, ки дар сохтмони фурӯшгоҳи марказии савдои “Тоҷикистон” (ЦУМ-и собиқ) ҷойгир аст, фиристода, соҳиби рамзи махсус шуд ва акнун то моҳи майи соли оянда интизор мешавад, ки то куҷо аризаи ӯ посухи мусбат мегирад.

Бо назардошти зиёд будани хоҳишмандони сафару кор дар Амрико, шумори марказҳои таҳияи санадҳо ҳам дар Душанбе афзоиш меёбад. Макони асосӣ – ошёнаи севуми ЦУМ аст. Довталабон мегӯянд, дар сартосари Душанбе 10 чунин маконро медонанд, ки барои муштариҳо дар ирсоли аризаи “грин-корт” бо забони англисӣ мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт лавҳаҳои таблиғотии марказҳо зиёд дида мешавад.

  • Қимати пур кардани санадҳо ва гирифтани акс барои як нафар аз 25 то 30 сомонӣ ва барои хонавода 50 сомонӣ арзиш дорад.

“Дар як рӯз то 70 нафар муроҷиат мекунанд”

Фотима Шарифова, як масъули маркази кумак барои ширкат дар лотереяи “грин-корт” дар Фурӯшгоҳи марказӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзона ба онҳо аз 50 то 70 нафар муроҷиат мекунанд. Ӯ гуфт, танҳо дар ҳафтаи аввали шурӯи ин озмун дар ширкати онҳо беш аз 300 нафар дархост пур карда, худро сабтином намуданд. Фотима Шарифова аз рӯи мушоҳидаҳои худ гуфт, агар дар солҳои гузашта аризаи сафар ба Амрикоро бештар ҷавонон пур мекарданд, имсол дар миёни довталабон намояндагони синни мухталиф – миёнасолу пиронсолонро ҳам зиёд дидан мумкин аст. Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳад, ки имсол назар ба дархостҳои инфиродӣ, аризаҳои хонаводаҳо барои тарки Тоҷикистон бештар шудааст.

Тағойгул Саидова, сокини 60-солаи Душанберо ҳам ҳаваси зиндагии беҳтару шоиста дар Амрико ба маркази таҳияи санадҳо овардааст. Ӯ мегуяд, ду соли пеш хоҳараш барандаи корти сабз шуд ва ҳамроҳи хонавода ба Иёлоти Муттаҳида кӯч баст. Саидова гуфт, хоҳараш аз зиндагӣ розӣ аст ва ӯро низ ташвиқ кард, ки аз ӯ пайравӣ кунад.

Тибқи иттиллои расмии сафорати Амрико дар Душанбе дар мавсими озмуни лотореяи “грин-корт” барои солҳои 2015-2016 аз Тоҷикистон 528 нафар раводиди сафарро ба даст овардаанд. Инчунин, сафорат хабар медиҳад, ки хоҳишмандони лотереяи корти сабз ё “грин корт” метавонанд пас аз зуҳри рӯзи 13-уми октябр ба суолҳои худ аз тариқи онлайн посух гиранд. Тавре аз сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба суолҳои хоҳишмандон консули сафорат посух дода, суолу ҷавоб танҳо дар доираи лотереяи корти сабз ё “грин корт” сурат мегирад.

Чаро тоҷикон аз ватан мераванд?

Таҳлилгарон дар Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир мизони тарки кишвар кардани шаҳрвандон бо ҳадафи зиндагиву кор дар кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш овардааст ва ҳарчанд омори дақиқе дар ин замина нашр намешавад, аз рӯи арзёбиҳои пажӯҳишӣ, дар солҳои охир на кам аз 2 миллион тоҷикон бо нияти зиндагиву кор кишварро тарк кардаанд. Аксари онҳо – ҳудудан 1 миллион нафар Русия, дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ва, инчунин, Аврупову Амрикоро ҷойи зист интихоб кардаанд.

Муҳаққиқон мегӯянд, сабаби аслии тарки кишвар кардани шаҳрвандон омили иҷтимоӣ дошта, сокинон ба хотири зиндагиву даромади беҳтар ба хориҷа рӯ меоранд. Дар навбати дувум – ҷавонон мебошанд, ки ба хотири таҳсил мераванд ва дар он кишварҳо муқимӣ мешаванд ва дар ниҳоят афроде мебошанд, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки Тоҷикистон мекунанд.

Аз ҷумла, тибқи омори Иттиҳоди Аврупо, дар давоми се соли охир наздики 1300 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар ин қаламрав ариза додаанд. Онҳо афроде ҳастанд, ки баъд аз ворид шудан ба хоки яке аз кишварҳои аврупоӣ аризаҳои худро дар ин кишвар таслим кардаанд. Дар миёни ин гурӯҳи муҳоҷирон паноҳҷӯёни сиёсӣ бештар мебошанд. Таҳқиқи нави созмони назарсанҷии “М-Вектор”, ки дар ҳамкорӣ бо созмони “Барометр” тобистони соли 2017 анҷом додааст, тақрибан ҳар нафари шашум ё 14 дарсади сокинони Тоҷикистон хостори кӯч бастан аз кишвар ҳастанд. Аксари тоҷиконе, ки хоҳиши кору зиндагӣ дар хориҷаро доранд, ҷавонони аз 18 то 24-сола будаанд.

Вақте Русия қонуни муҳоҷиратро сахттар кард...

Анвар Бобоев
Анвар Бобоев

Таҳлилгарон омилҳои рӯ ба кишварҳои Аврупоиву Амрико овардани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар шадидтар шудани қонунгузории кишвари Русия алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик медонанд. Анвар Бобоев, коршиноси масоили муҳоҷират, мегӯяд, вақте Русия ҳазорон муҳоҷири тоҷикро дар рӯйхати сиёҳи ихроҷшуда ворид карда, то панҷ сол аз ҳаққи иқомат ва кор маҳрум мекунад, табиист, онҳо аз роҳҳои гуногун ба кишварҳои дигар сафар мекунанд. Ба бовари ин таҳлилгар, ин гуна озмунҳо низ барои онҳое, ки ҷои кори муайян дар ватан надоранд, имкони хубро фароҳам мекунад.

Вале аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҳоло кишварҳое мисли Амрикову Аврупо дар муқобили пазириши муҳоҷирон сиёсатҳои сахтгиронаро ҷорӣ мекунанд ва аз тарафи дигар сафар ба ин давлатҳо аз тариқи раводид амалӣ мешавад, ки дастрас карданаш барои шаҳрвандони Тоҷикистон осон нест.

Тақрибан 3000 барандаи “грин-корт” дар Тоҷикистон

Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон 2 ҳазору 760 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст. Садҳо нафари дигар аз роҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳам пешниҳоди кор ба он сӯи уқёнус роҳ ёфтаанд. Аксари ин шаҳрвандон соҳиби маълумот ва ихтисос мебошанд, забони англисиро медонанд ва на таваккал, балки бо ҳадафи муайян ба ин кишвар ворид шудаанд.

Раиси ҷумҳурии ИМА – кишваре бо 321 миллион ҷамъият хостори ислоҳот дар барномаи грин-корт ё тақдими ҳаққи иқомату кор аст. Ӯ ҷонибдори он аст, ки Амрико на барандагони лотерея, балки муҳоҷирони “шоиста”-ро ба кишвар бипазирад.

Яке аз онҳо Шаҳло Ҳалимова аст, ки шаш соли пеш аз тариқи “грин-корт” ҳаққи муҳоҷиратро ба Амрико дарёфт кард. Шаҳло мегӯяд, то замони сафар ба Амрико ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт дар мактаби миёна дарс мегуфт. Ӯ ҳоло ҳамроҳ бо хонаводааш дар Бруклини Амрико ба сар мебарад ва баъд аз омӯзиши забони англисӣ ҳоло ба ҳайси тарҷумон дар як ширкати туристӣ кор мекунад.

“Зиндагӣ дар Амрико осон нест”

Шаҳло мегӯяд, онҳое, ки тоза ба Амрико меоянд, маъмулан корро дар бахши хадамот ва дар ҳалқаи ҳамзабонҳо шурӯъ мекунанд: “Одатан солҳои аввали корӣ барандагони корти сабз, ба ҳайси парастор ба нигоҳубини пиронсолон машғул мешаванд. Қишри ҷавонтар ба сифати савдогар дар дӯконҳо ва фурӯшгоҳҳо кор мекунанд. Аксари мардоне, ки тавассути грин-корт ба Амрико меоянд, ҳамчун ронанда фаъолият мекунанд”.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳукумати Амрико барои хонаводаҳои камбизоате, ки тариқи корти сабз ба Амрико рафтааст, кумакпулӣ ироа мекунад. Ин кумакпулӣ барои фарзандони то 18-солаи хонаводаҳо, бима (суғурта)-и тиббии онҳо ва ёрӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳоро фаро мегирад. Онҳое, ки барои танзими зиндагии беҳтар талош доранд, тадриҷан барои амалишавии мақсадҳои худ талош меварзанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, ин ҳама заҳмат ва машаққату хоҳиши зиёд мехоҳад ва набояд фориғбол бошад, чунки зиндагӣ дар Амрико осон нест.

Амрико: Бартарӣ ба муҳоҷирони “шоиста”

Шаҳло Ҳалимова мегуяд, бидуни мадрак ва ё дипломи донишгоҳ на ҳар кас муваффақ мешавад, ки мувофики ҳунар ва таҷрибааш дар Амрико кор пайдо кунад. Рақобат сахт аст ва ширкатҳо ба коргарони босалиқаву донишманд бартарӣ медиҳанд. Дар навбати аввал, ба гуфтаи Шаҳло, ҳар муҳоҷир бояд забони англисиро балад бошад, вагарна бидуни донистани забон пеш намеравад.

Зимнан, ҳамин нуктаро дар яке аз изҳори назарҳои худ президент Доналд Трамп ҳам таъкид кардааст. Раиси ҷумҳурии ИМА – кишваре бо 321 миллион ҷамъият хостори ислоҳот дар барномаи грин-корт ё тақдими ҳаққи иқомату кор аст. Ӯ ҷонибдори он аст, ки Амрико на барандагони лотерея, балки муҳоҷирони “шоиста”-ро ба кишвар бипазирад. Довталаб бояд донандаи хуби забони англисӣ бошаду соҳиби он касбу ихтисосе, ки барои ИМА манфиатовар бошад. Пешниҳоди таҳрири қонуни амалкунандаи грин-корт, ки соли 1990 қабул шудааст, аз ҷониби бархе фаъолон ҳамчун маҳдудкунандаи ҳуқуқи инсон интиқод шуд.

XS
SM
MD
LG