Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: "Додситонҳои Швейтсария Гулнора Каримоваро дар Тошканд бозпурсӣ карданд"


Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон моҳи гузашта дар Тошканд ба пурсишҳои додситонҳои Швейтсария посух гуфтааст. Дар ин замина маҷаллаи мӯътабари Wall Street Journal хабар дод. Ин иттилоъ дар ҳоле нашр шуд, ки се соли боз Гулнора Каримова аз назари аҳли ҷомеа дур аст ва маҳалли буду бошаш низ маълум нест. Ҳарчанд сару садоҳо дар мавриди дар ҳабси хонагӣ қарор доштанаш паҳн шуда буд.

Григорӣ Мангрет, вакили дифои Гулнора Каримова, гуфтааст, бо нафари таҳти ҳимояташ ду дафъа рӯ ба рӯ сӯҳбат кардааст.

​Рӯзи 22 ноябри соли гузашта вебсайти "Центр-1" бо такя ба манбааш дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз марги Гулнора Каримова хабар дод ва гуфт, духтари 44-солаи раиси ҷумҳури пешин дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидааст. Аммо дертар хабаргузории РИА Новости ва "Интерфакс" даргузашти Гулнора Каримоваро рад карданд.

Гуфта мешавад, домани Каримова дар моҷарои фасоди чандмиллондолларӣ кашида шуда, вале то ба ҳол ба таври расмӣ ба додгоҳ даъват нашудааст. Дар пайи ҳузур надоштани Гулнора дар маросими видои падараш дар шаҳри Тошканд дар моҳи сентябри соли гузашта, мавзӯи маҳалли буду боши ӯ дубора матраҳ шуда буд. Аммо, ба навиштаи Wall Street Journal, Гулнора Каримова рӯзҳои 9 ва 10 декабри соли гузашта дар пойтахти Узбакистон бо ду додситони Швейтсария сӯҳбат кардааст. Григорӣ Мангрет, вакили дифои Гулнора Каримова, ки аз тарафи додгоҳи Швейтсария таъин шудааст, гуфтааст, бо нафари таҳти ҳимояташ ду дафъа рӯ ба рӯ сӯҳбат кардааст.

Вай гуфтааст, "саломати ӯ нисбатан хуб буда, вале ба амнияташ замонате вуҷуд надорад". Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Гулнора Каримова дар як қисмати ҳавлиаш дар Тошканд ба сар бурда, бо дунёи берун, аз ҷумла, фарзандон ва вакилони дифоъ ҳаққи дидорро надорад.

Додситонҳои Швейтсария хабари мулоқот бо Гулнора Каримоваро тасдиқ карда, вале аз шарҳи ҷузъиёти ин сӯҳбатҳо худдорӣ карданд. Дар нашрияҳои Узбакистон дар ин замина иттилое пахш нашудааст.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов барои аввалин бор додситонҳои Швейтсария барои дидор бо Гулнора Каримова иҷоза дарёфт карданд, ки ин амр ба унвони тағйироти ҷиддӣ дар кишвар унвон шудааст. Ба бовари таҳлилгарон, раиси ҷумҳури нав Шавкат Мирзиёев талош дорад, ба ин мавзӯъ, ки ба эътибори Узбакистон латма ворид карда ва домани ин моҷаро ба солҳои тӯлонӣ кашида шудааст, нуқта гузорад.

XS
SM
MD
LG