Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: "Аз Ватане, ки он ҷо гадоям, безорам"


Гулрухсор дар бораи Роғун
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

ГУЛРУХСОР ДАР БОРАИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ, СОЛИ 2010)

Гулрухсор, шоираи саршиноси тоҷик, гуфт, мурдани як насли рӯшани тоҷик ва ба аробакашу муздур табдил ёфтани ҷавонон ӯро ноумед кардааст.

Гулрухсор, ки дар маҳфили Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо" сӯҳбат мекард, назари худро дар бораи имрӯзу фардои миллати тоҷик баён дошт. Дар ин маҳфил аҳли адаб, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ширкат доштанд.

Гулрухсори Сафӣ, аз шоирони ошкоргӯи Тоҷикистон, аст, ки дар ҷомеа обрӯву нуфузи хосе дорад. Нишасти 8-уми декабр, "Миллат аз нигоҳи Гулрухсор" ном дошт ва дар он сӯҳбат дар атрофи мақом ва ҷойгоҳи миллати тоҷик дар тамаддуни башарӣ ҷараён гирифт.

Дар ҳошияи ин нишаст, хабарнигори Радиои Озодӣ, Абдуқаюми Қаюмзод бо шоира Гулрухсор як сӯҳбате анҷом дода ва нахуст аз ӯ пурсид, ки чаро дар оҳанги сӯҳбатҳои ӯ яъсу навмедӣ бештар шудааст.

Сӯҳбат бо Гулрухсори Сафӣ, қисми 1
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Гулрухсор: Вақте як насли рӯшаноӣ мурд, вақте навҷавонҳо гуруснаву ташна рафтанд ва вақте бародару фарзандон дар Русия аробакашӣ мекунанд ва то ҳатто дастҳои занҳои пулдорро мешӯянд, ин касро ноумед мекунад. Зеро он нуре ва он чароғеро, ки мо дар ҷамъият афрӯхта будем аз беҳуда гуфтанҳо, аз таърифу тавсифи ноҷо, аз хушомадгӯиҳо аз тамаъҳо хомӯш мешаванд. Баъдан бубинед, дар Рӯзи ҷашни Забони модарӣ, ки мо барои таҷлил аз он чӣ қадар талошҳо карда будем, имрӯз маро даъват намекунанд.... Медонед, ман аслан ниёз ва вақти зиёд барои гапи беҳуда шунидан надорам. Аз ин лиҳоз ташаккур. Лекин вақте чунин муносибат мекунанд, шумо гумон мекунед, боумед бошем?

Озодӣ: Чун ин маҳфил «Миллат аз нигоҳи Гулрухсор» унвон гирифтааст, ҳоло агар суол ин тавр бошад, ки таърифи миллат аз нигоҳи Гулрухсор чӣ аст, чӣ хоҳед гуфт?

Гулрухсор: Тоҷик миллати бузургтарини дунёст. Миллати қадимтарин, миллати зиёӣ, миллате, ки бо қаноат, бо тамкин, бо сабр ба ҷаҳон нишон дод, ки метавонад омӯзгори дунё бошад. Мисли Саъдӣ, Ҳофиз, мисли Мавлоно хушномтарин шоири ҷаҳон бошад. Ин миллат ба таърифу тавсифи ман ниёз надорад. Миллат худаш ҳаст, худсозӣ мекунад, худро боло мебардорад. Ҳоло гап дар бораи зиёиҳое меравад, ки ин миллатро бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Яъне ин миллат онҳое нест, ки дар кӯчаҳои Маскав барои чаҳор танга кор мекунад. Ин миллат дар даруни кӯҳ зиндагӣ ихтиёр кард ва дар Бадахшон, то чанд ҳазор баландии кӯҳ манзили маскан баргузид, то кушта нашаваду накушад. Миллате ҳаст, ки ҳеҷ вақт бо силоҳу камон ба ҷаҳон гап назадааст. Фақат бо хирад, қалам ва бо шеър сӯҳбат кардааст. Ман ҳайрон мешавам, ки имрӯз мо чӣ қадар намояндаҳои камҳавсала ва танбали ҳамин миллат ҳастем, ки бо он бузургиаш, ки офаридгор онро халқ кардааст, ба дигарҳо муаррифӣ намекунем. Ва имрӯз хору зорем. Аллакай ҳамчун як халқиятҳои ақибуфтодае, ки дар борааш латифаҳо мегӯянд муаррифӣ шудаем. Ба чунин аҳволе дучор шудаем, ки ҳоло дар бораи миллати мо латифа мегӯянд.

Сӯҳбат бо Гулрухсор Сафӣ, қисми 2
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Озодӣ: Гуфтед, ки дар Ватани мо қонунҳо амал намекунанд. Манзуратон чӣ аст?

Гулрухсор: Мебахшед, вақте дар пеши чашми шумо хонаҳои даҳошёна боло мешавад, вақте як шоир сад китоб дар тамоми дунё нашр кардаасту имрӯз масалан, рӯзашро базӯр мегузаронад ва вақте мебинӣ як одамеро ки дар ҳеҷ ҷо кор намекунад ва мебинӣ, ки аз ҳисоби дуздиву ғорат ин ҳамаро соҳиб шудааст, чӣ тавр мегӯӣ, ки қонун кор мекунад. Агар қонун кор мекард, як нафар метавонист ин ҳамаро аз куҷои номаълум бисозад? Яъне қонунҳо фақат барои мардуми одӣ татбиқ мешаванд.

Озодӣ: Ишора кардед,ки агар Ватан ҷойи зиндагии хуб набошад, онро Ватан гуфтан мушкил аст. Яъне, муқобили байти дигаред, ки бигзор гадо бошам, дар хоки ватан бошам?

Гулрухсор: Ин бадтарин шеъре ҳаст, ки ман ҳамеша танқидаш мекунам. Ман гуфтам, аз ӯ Ватане, ки он ҷо гадоям, безорам. Мехоҳам Ватани ман он ҷое бошад, ки шоҳ бошам.

Озодӣ: Шумо худро дар Ватанатон шоҳ эҳсос мекунед?

Гулрухсор: Шояд дар назди дигарон шоҳ набошам, лекин дар пеши худам шоҳам. Чунки ман бо забони худам гап мезанам. Бо ҳамсояи худам чой мехурам. Хурмоҳоямро бо дасти худам мечинам. Ин Ватани ман аст. Ватан дар як ду рӯз сохта намешавад. Забон дар як рӯз ду рӯз эҷод нашудааст. Ҳама чиз гузаранда аст. Аз Худо бисёр розиям, ки барои ман нангу номус, як ҷӯше дар хун додааст, ки на танҳо барои худам балки барои Ватанам ҳам ягон чизи пастро муносиб намебинам.
XS
SM
MD
LG