Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бухории каммасраф -- ихтирои як ҷавон дар Суғд. ВИДЕО


Як ҷавони 25-сола аз вилояти Суғд як бухории каммасрафи барқиеро сохтааст, ки дар муқоиса бо дастгоҳҳои тавлиди хориҷӣ беш аз ду маротиба камтар нерӯи барқ масраф карда, ҳамзамон рӯшанӣ ҳам медиҳад. Ин ҷавон инчунин як дастгоҳи каммасрафи хушккунандаи пойафзолро низ омода кардааст, ки дар фосилаи кӯтоҳ пойафзоли тари инсонро метавонад хушк кунад.

Донишмандон мегӯянд, ихтироъкорӣ аз ҳунар, заковат ва дилбастагии инсон ба кору машғулияташ далолат мекунад ва ҳар навсозиву ихтироъ боиси рушди илм мешавад.

Анӯшервон Каримов, ки дар шаҳри Бӯстон, собиқ Чкаловски вилояти Суғд ба унвони таъмиргари таҷҳизоти барқӣ кор мекунад, мегӯяд, ки ҳар моҳ барои гарм кардани ҳавлиаш маблағи зиёдеро сарф мекард. Ин амр водор кард, ки вай дар фикри каммасраф кардани харҷи нерӯи барқи гармкунакҳо шавад. Анӯшервон Каримов 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло бозорҳои Тоҷикистон пур аз гармкунакҳои сохти Чин ва Эрон мебошанд, ки масрафи нерӯи барқашон зиёд аст.

Вай гуфт: “Ман дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунам ва ба ин далел гарм доштани манзил барои оилаи ман гарон аст. Гармкунаки барқие, ки ман ихтироъ кардам, тақрибан 2,5 маротиба камтар нерӯи барқ сарф мекунад. Мисол, гармкунакҳои чинӣ агар дар як шабонарӯз 48 киловатт/соат нерӯи барқ масраф кунанд, гармкунаки сохтаи ман танҳо 19 киловатт/соат барқ сарф мекунад. Аз ин гармкунакҳо дар ҳавлии худ 5 адад гузоштаам. Ҳоло қимати як киловат соат нерӯи барқ тақрибан 18 дирам аст ва метавонед фоидаи ихтирои маро худ ҳисоб кунед”.

Анӯшервон Каримов.
Анӯшервон Каримов.

Дар идомаи сӯҳбат Анӯшервон Каримов гуфт, ки барои озмоиш аз ин гармкунакҳо 10 дона сохта, ба дӯстонаш ҳадя кардааст. “Ҳамаи онҳо аз каммасраф будани ин гармкунакҳо қаноатманд ҳастанд. Гузашта аз ин, гармкунакҳои сохти чинӣ дар бозорҳо бидуни кафолат фурӯхта мешаванд. Аммо ман ҳамеша омода ҳастам ҳар гуна ноҷурӣ дар кори онҳоро ройгон таъмир кунам”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар остонаи зимистони имсол мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дигар дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ танаффус ё маҳдудият намешавад, вале бо сабаби адами дастрасии ҳамаи манзилҳо дар кишвар ба системаи марказонидаи гармидиҳӣ, бисёр манзилҳо тавассути бухориҳо хонаҳои худро гарм мекунанд. Барқи бетанаффус кори бухории дастсохти ӯро ҳам таъмин мекунад.

Анӯшервон мегӯяд, барои эҷоди чунин як дастгоҳи каммасрафи гармкунии манзил аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ғарбӣ истифода ва ҳамзамон худ низ “навовариҳоеро эҷод кардааст”. Вай бо истифода аз тафсдиҳандаҳои сохти эронӣ ва тунукаҳои фулузӣ тавонистааст харҷи нерӯи барқро коҳиш бидиҳад, насби вижаи тафсдиҳандаҳо имкон додааст, ки нерӯи барқ сарфа шавад.

Бухории каммасраф -- ихтирои як ҷавон дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Усмон Назиров, яке аз дӯстони Анӯшервон Каримов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз истифодаи гармкунаки ихтироъкардаи дӯсташ, харҷи хонаводааш коҳиш ёфта, ҳамакнун метавонад ба таври шабонарӯзӣ манзилашро гарм нигаҳ дорад.

Таҷҳизоти хушккунандаи пойафзол

Анӯшервон Каримов бар ин назар аст, ки агар корхонаи саноатие мехоҳад аз ин ихтирои вай истифода кунад, мухолифат намекунад, зеро ҷонибдори истифода аз ҳар моли ватанӣ мебошад. Анӯшервон Каримов мегӯяд, бо назардошти воқеиятҳои Тоҷикистон, фикри эҷоди як дастгоҳи дигаре ҳам ба сараш омад ва он ҳам, умедвор аст, на танҳо барои худи ӯ манфиатовар хоҳад буд.

Вай гуфт: “Дар Тоҷикистон боришоти зиёди борону барф мушоҳида мешавад ва мардум водор мешаванд дар хона тақрибан ҳамарӯза пойафзоли худро хушк кунанд. Ҳоло ман таҷҳизоти каммасрафи хушккунандаи барқиеро омода месозам, ки кас метавонад онро дохили пойафзол монад ва то чанд соати дигар дубора бо он пойафзол дунболи корҳояш дар кӯча шавад”.

Анӯшервон гуфт, ки ҳанӯз дастгоҳҳои сохтаи худро аз сабти расмӣ нагузаронидааст ва барои бухории сохтааш ҳам патент ё ҳаққи муаллифӣ нагирифтааст. Мақомоти масъул мегӯянд, ин ҷараён қоидаву расмиёти худро дорад.

Баҳодур Назаров, сардори раёсати ташхиси давлатии ихтироъот ва намунаҳои саноатии Маркази иттилоотиву панентии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Нахуст озмоишҳо бояд собит созанд, ки мол ё хадамоти ихтироъшуда беназир аст. Ба ин далел барои дарёфти патенти ихтироъ бояд чанд марҳилаи озмоиширо гузашт. Сипас, ихтироъҳо ба шаклҳое тақсимбандӣ мешаванд, ки ҳар яке санадҳои махсуси худро доранд”.

Баҳодур Назаров гуфт, ки дар 25 соли истиқлолият дар Тоҷикистон барои 1075 ихтироъ патент дода шудааст, ки бештари онҳо марбути соҳаи тиб, дорусозӣ, кимиё, оҳангудозӣ, байторӣ ва кишоварзиву боғдорӣ мебошанд.

Вале Анушервон мегӯяд, ҳанӯз дар фикри ба даст овардани даромади пулӣ аз дастгоҳи сохтааш нашудааст. Ӯ кору ҳунари худро озмоиш мекунад. Самимона мегӯяд, ки бисёр шахси ватандӯст аст ва бисёр мехоҳад, ки мардуми тоҷик на аз моли хориҷӣ, балки ватанӣ ва миллӣ истифода кунанд. Вай гуфт, агар маҳсули ҳунар ва эҷоди ӯ ба кадом корхонае писанд омад, омода аст барои осон шудани мушкилоти мардум хизмат кунад.

Ихтироъкорӣ дар Тоҷикистон

Зимнан, ихтироъкорӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон чанон падидаи нодир нест. Биҳамида Маҳкамова, устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, 2 сол қабл барои ихтирои "Фитосуман" - маводи зиддибактериявӣ - дар як озмуни байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҷоизаи “беҳтарин зани ихтироъкор”-ро соҳиб шуд.

Биҳамида Маҳкамова.
Биҳамида Маҳкамова.

Вале онҳое, ки имкони муаррифии ҳунару истеъдоди худро дар озмунҳои байналмилалӣ надоранд, бо роҳи оддии пахши видеоҳои телефонӣ маҳсули ҳунари худро ба дигарон намоиш медиҳанд. Пахши навори видеоии гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия аз як пора қубури васеъ дастгоҳи пора кардани сабзии оши палавро сохтаанд, мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор гирифт.

Бархе шӯхиомез мегӯянд, ки ҳар ихтироъ ҳосили танбаливу бехушии инсон аст, ки барои ҳалли мушкиле хизмат мекунад. Вале донишмандон мегӯянд, ихтироъкорӣ аз ҳунар, заковат ва дилбастагии инсон ба кору машғулияташ далолат мекунад ва ҳар навсозиву ихтироъ боиси рушди илм мешавад.

XS
SM
MD
LG