Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қарори тақсими замин бо талаби додситонӣ бекор шуд". ВИДЕО


Бинои ҳукумати шаҳри Ҳисор.
Бинои ҳукумати шаҳри Ҳисор.

Мақомоти ноҳияи Ҳисор тасмими ахири хешро ҷиҳати лағви қарори қаблан содиршудаи ҷудо кардани қитъаи замин ба беш аз 700 нафарро шарҳ дод. Мақомот мегӯянд, тасмими бекор кардани қарори тақсими замин ташаббуси худи онҳо набуда, дар асоси “эътирози Додситонии кулл” сурат гирифтааст.

Қаблан дар ин ноҳия қарори тақсими замин ба беш аз 700 нафар бекор карда шуда буд ва боиси нигаронии сокинон гашт. Қарори тақсими замин дар замони роҳбарии Раҳмонзода Усмон Сабз содир шуда буд. Бобосафар Шарифӣ, роҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Ҳисор рӯзи 11 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарори ҷудо кардани замин ба сокинон бо талаби Додситонӣ кулли кишвар бекор карда шуд.

Вай гуфт: “Қарори раиси ноҳияи Ҳисор аз 30-уми декабри соли 2015 дар мавриди тасдиқи рӯйхати шаҳрвандони ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷман бекор карда шуд. Бархе аз шаҳрвандон дар нисбати рӯйхате, ки тасдиқ шуда буд, ба идораҳои гуногун норозигӣ баён карданд. Дар пайи шикояти сокинон, Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ санҷиш гузарониданд. Дар асоси эътирози додситонӣ, қарори мазкур бекор карда шуд”.

Бобосафар Шарифӣ, раҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Ҳисор.
Бобосафар Шарифӣ, раҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Ҳисор.

Ин мақоми ҳукумати шаҳри Ҳисор гуфт, баъд аз аз бекор шудани қарор, як комиссия вижаи ҷамъиятӣ муроҷиати шаҳрвандонро барои дарёфти қитъаи замин аз нав баррасӣ дорад. “Ба рӯйхатӣ нав танҳо шахсони ба замин эҳтиёҷманд шомил карда мешаванд”,- иброз дошт Шарифӣ.

Шарифӣ афзуд, комиссияи ҷамъиятӣ аллакай бештари муроҷиати сокинон ба заминро барасӣ кардааст ва дар рӯзҳои наздик бар асоси қуръапартоӣ қитъаҳои замин аз нав ба сокинон тақсим карда мешаванд.

Мақомоти шаҳри Ҳисор мегӯянд, мушкил дар тақсими замин замоне сар зад, ки масоҳати замини ҷудошуда танҳо ҳудудан ба 500 нафар мерасид, аммо 706 нафар талони гирифтани порчаи заминро доштанд. Яъне, ба як порчаи замин ҳадди ақал ду нафар даъво доштанд ва ин ҳолат боис шудааст, ки қисмате аз сокинон ба унвонии Додситонии кул муроҷиат кунанд.

​Додситонии кулл пас аз санҷиши думоҳа аз мақомот талаб карда аст, ки қарори қаблии тақсими замин ба сокинон бекор карда шавад. Ноҳияи Ҳисор, ки ахиран марказаш ҳангоми ҷашни 3000-ҳазорсолагӣ мақоми шаҳррро гирифт, ҳудуди 300 ҳазор аҳолӣ дорад.

Мақомот баҳси замини Ҳисорро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Баҳс бар сари замин ва тақсими ноодилонаи он яке аз даъвоҳои маъмулии додгоҳҳои Тоҷикистон мебошад. Садҳо ҳазор нафар бо умеди беҳтар шудани шароити зисти худ дар навбати замин меистанд ва ин навбатпоиҳо гоҳо даҳсола давом мекунад. Гоҳо мақомот аз муҷозоти заминфурӯшони тақаллубӣ гузоришҳо медиҳанд ва ё аз хонасозиҳо дар заминҳои кишт нигаронӣ мекунанд.

Дар як қазияи соли 2016 дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд як мансабдори идораи замини ҳукумати ин шаҳр ва як миёнаравро барои “обу лой” кардани ним миллион доллари сокинон айбдор дониста, аввалиро ҷарима ва дувумиро ба 12,5 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин қазия 24 нафар ба ҳайси ҷабрдида дар додгоҳ посух дод.

Коршиносон мегӯянд, маҳдуд будани замин барои бунёди хона ва гарон будани қимати хона шиддати масъалаи дастрасӣ ба манзилро дар оянда ҳам бештар мекунад, чун пешбинӣ мешавад, ки то соли 2018 аҳолии Тоҷикистон аз 8,5 миллион аҳолии имрӯзааш то ба 10 миллион ҷамъият афзоиш ёбад.

Қарори тақсими замин ба 700 оила дар Ҳисор бекор шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

XS
SM
MD
LG