Пайвандҳои дастрасӣ

Ба таври бесобиқа поин рафтани нархи хона дар тақрибан ду соли охир бархе аз сокинони Тоҷикистонро барои расидан ба орзуи деринаашон умедвор кардааст. Дар муқоиса бо ду соли пеш арзиши умумии хона, бахусус дар сохтмонҳои нав дар Душанбе, аз 15 то 50 дар сад коҳиш ёфтааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Меҳриддин ба орзуяш мерасад?

Меҳриддин Давлатов, сокини 23-солаи ноҳияи Ҳисор, имсол баъди фикри зиёд тасмим гирифт, ки аз хонаи падар берун шуда ва бо андак амонати ҷамъкардааш хонаи нав харад. Вай барои харидани хонаи якҳуҷраӣ аз ширкати “Комил-2010” як миқдор пул пардохт кардааст. Сохтмони бинои хонаи ӯ тоза шурӯъ шудааст ва Меҳриддин як сол вақт дорад, ки маблағи пурраи хона, яъне 12 ҳазор доларро пардохт намояд.

Коршиносон мегӯянд, бо инки нарх арзон шуда дар муқоиса бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар пасттарин сатҳ қарор дорад, боз ҳам тавони харидории сокинон чандон баланд нест.

Арзиши ҳар метри мураббаи хона дар баландошёнаҳои навбунёди Душанбе дар як-ду соли қабл аз 700-800 доллар кам набуд. Аммо ҳоло ширкатҳое мисли “Комил 2010” ҳар метри мураббаъро ба арзиши 300 доллар ҳам пешниҳод мекунанд. Дар ширкатҳои дигар нархи як метри муррабаи хона аз 450 доллар шурӯъ шуда, вобаста ба минтақаи ҷойгиршавиву наздикӣ ба маркази шаҳр ва ё ошёнаи баланду пасти хона то ба 700 доллар мерасад.

Коршиносон мегӯянд, бо инки нарх арзон шуда дар муқоиса бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар пасттарин сатҳ қарор дорад, боз ҳам тавони харидории сокинон чандон баланд нест.

Буҳрон, коҳиши пули муҳоҷирон...

Нозирони бозори хонафурӯшӣ мегӯянд, раванди поин рафтани нархи манзилҳо дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои аввали соли 2015 оғоз ёфта буд ва то ҳол идома дорад. Ширкатҳои сохтмонӣ тақрибан ба як овоз мегӯянд, бӯҳрон, коҳиш ёфтани пули муҳоҷирон, камшавии гардиши пули нақд дар муомилот ва поин рафтани қобилияти харидории мардум онҳоро водор кардааст, ки нархи манзилҳои сохтаи худро поин баранд ва бо фоидаи камтар пули сарфкардаи худро дар фурсати зуд баргардонанд.

Холмурод Қурбонов, ёвари муҳандиси “Зарафшони Сино”, ки дар маҳаллаи Зарафшон бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд кардааст, гуфт, “кам шудани воридоти пули муҳоҷирони меҳнатӣ як сабаби асосии паст шудани нархи хона мебошад. Аксари харидорони мо муҳоҷирони меҳнатианд. Мо бо онҳо дар Русия тамос мегирем. Мегӯянд, ки кор суст аст. Агар ҳисоб кунем, дар метри мураббаъ 380-400 доллар харҷ карда бошем, ҳозир мо ба ҳамин нарх фурӯхта истодаем, ки ин бар зарари мо аст.”

Серрақобат шудани ин бозор ҳам, ба гуфтаи муттахассисон, ба нархи он таъсир кардааст. Аз сӯи дигар, ба таъкиди масъулини ширкатҳои сохтмонӣ, вобаста ба вазъи иқтисод дар кишвар ва ҷаҳон, арзиши бархе аз номгӯи масолеҳи сохтмонӣ ва нирӯи корӣ ҳам арзон шудааст. Зайниддин Мирзомуродов, намояндаи ширкати сохтмонии “Лола”, ки дар маҳаллаи Зарафшон баландошёнае бунёд мекунад, гуфт, бо баланд шудани қурби доллари амрикоӣ нархи арматура фаромад. “Пештар арматура 1200 доллар буд. Хона аз рӯи доллар ҳисоб мешуд. Баъд аз як тарафи дигар музди коргарон ҳам пасттар шуд. Барои онки ҳама имрӯз кор мекобад”, - афзуд ӯ.

Дар даст пул нест ва ин боис шуда, ки харидору фурӯшанда ба мушкил дучор шаванд. Маълум аст, ки пули калон бештар дар додугирифти манзил ва нақлиёт сурат мегирифт ва чун ин бозор касод аст, таъсираш ба риштаҳои дигар иқтисод ҳам мерасад

Нархи кор ҳам арзон шудааст

Ба қавли ин мусоҳиби мо, агар қаблан сохтмончиён бар ивази ҳар соати кории худ 15 сомонӣ маблағ талаб мекарданд, ҳоло аз бекорӣ омодаанд бо 8 ва ҳатто 5 сомонӣ дар як соат кори сангини биносозиро анҷом диҳанд».

Поинравии нархҳо ба хонаҳои сохти кӯҳна ҳам таъсир кардааст ва инро аз эълонҳои бешумори хонафурӯшӣ дар вебсайтҳои махсуси интернетӣ ҳам қазоват кардан мумкин аст. Арзонтарин хонаи якҳуҷраӣ дар бинои сохти Шӯравӣ бо арзиши 18 000 доллар ҳам пешниҳод мешавад. Вале боз ҳам, ба қавли собиқадорони бозори хонафурӯшӣ, бештари муштариён ба харидории хонаҳои навсохт бартарӣ медиҳанд.

Бунёди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон 8-10 соли пеш босуръат шурӯъ шуд. Дар тӯли ин солҳо муҳоҷирони корӣ солона ба кишвар то 4 миллиард доллар ворид мекарданд ва ин сатҳи зиндагии мардумро то андозае боло бурд. Ин қишри аҳолӣ бозори гармеро барои ширкатҳои сохтмонӣ ҳам ба вуҷуд оварданд. Аммо дар ин авохир бинобар ихроҷи ҳазорон муҳоҷир интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфт ва талабот ба хонаҳои навсохт низ дигар ба андозае нест, ки як ё ду соли пеш буд.

"Нархи хона арзон, вале боз ҳам барои камбизоатон дастнорас"

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳоли ҳозир нархи хона назар ба ду соли пеш то 15-20 ва ҳатто 50 дар сад поин рафтааст. Аммо ба таъкиди ӯ боз ҳам ба ҷуз аз онҳое, ки имкони иқтисодиашон хуб аст, коҳиши нархи хона ба маънои дастрас шудани он ба мардуми оддӣ нест. Чун мардум бештар ҳоло маблағҳои ба дастовардаи худро ба маҳсулоти ниёзи аввал ба вижа ғизо сарф мекунанд.

Шамсиддин Ҷалолов гуфт, “ба далели набуди сиёсати дурусти моливу пулӣ дар низоми бонкдорӣ ва эҷод шудани монеаҳои сунъӣ дар бизнеси хурду миёна ва бизнеси калон мо эҳтимол имсол шоҳиди он мешавем, ки нархи хона то 80-90 дар сад ҳам поин равад. Чун дар даст пул нест ва ин боис шуда, ки харидору фурӯшанда ба мушкил дучор шавад. Маълум аст, ки пули калон бештар дар додугирифти манзил ва нақлиёт сурат мегирифт ва чун ин бозор касод аст, таъсираш ба риштаҳои дигар иқтисод мерасад.”

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, ҳам бар ин бовар аст, ки нархи хона дар Тоҷикистон бар асари бӯҳрони молӣ ва набуди пули нақд ду соли ахир рӯ ба поинравӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, “чандин биноҳое, ки дар ин солҳо сохта шуданд, холӣ ҳастанд ва онҳо маҷбуранд нархро поён баранд.”

Тоҷикистони кӯҳистон, ки танҳо 7 дар сади қаламраваш ҳамворзамин аст, аз лиҳози суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои дигари ҷаҳон пешқадам аст, аз ин рӯ сол то сол масъалаи дастрасӣ ба манзил ва порчаи замин барои сохтани хона доғу чолишбарангез мешавад. Мушкилро аз ҷумла набудани қарзҳои имтиёзноки камфоиз барои харидани хона шиддат мебахшад. Мизони миёнаи қарзи бонкӣ барои харидории хона ҳудудан 30 дар сад аст ва қарзи бонкӣ ҳам барои мӯҳлати фавқулода кӯтоҳи аз 2 то 5 сол дода мешавад. Аз ҳамин хотир, бисёриҳо дар амри харидории хона аз методи кӯҳнаи ҷамъоварии маблағ дар шароити хонаву хешу табор кор мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG