Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам манбаи даромад шуданд. ВИДЕО


Бархе сокинони Қирғизистон бо истифода аз маъруфият ва серистеъмол будани шабакаҳои иҷтимоӣ, аз кор дар ин шабакаҳо даромади пулӣ ба даст меоранд.

Адолат ва Сулаймон роҳ сӯи шӯҳратро дар Интернет аз сужаҳои оддии видеоие пеш гирифтанд, ки аз ҳаёти донишгоҳ нақл мекард. Баъдан онҳо тасмим гирифтанд, ки саҳнаҳои хурди ҳаҷвиро ба навор гиранд. Идеяи ду ҷавони қирғиз тадриҷан ба тарҳи видеоии «Ду нафар» табдил шуд ва дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ базудӣ тарафдори зиёд пайдо кард. Барои ширкат дар мазҳакаҳои онҳо тамошобинони ин наворҳо ҳам алоқа нишон доданд.

Дар аввал ин машғулият барои ҷавонон як хоббӣ буд. Вале вақте диданд, ки саҳифаашон дар Инстрграм ва Ютуб дар чанд моҳ беш аз 200 ҳазор корбар пайдо кард, пешниҳоди таҳияи ҳаҷвияҳову рекламаҳои иҷтимоиву дигар маводи бозоргир рехт. Ҳамин гуна як хоббӣ ба манбаи хуби даромад тадбил ёфт.

Фейсбуку Инстаграм ҳам фоида меорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Сулайман Қулуев мегӯяд, аз вокуниши хуби мардум хеле хушҳол мешавад. Вай мегӯяд, ҳама таъкид мекунанд, ки шакли кори онҳо нав, замонавӣ ва ғайриоддӣ аст ва аз ҳамин хотир ҳам таваҷҷӯҳ ба ҳунари онҳо то рафт зиёд мешавад.

Ин ҷавонон қиссаҳоро аз зиндагии воқеӣ мегиранд ва барои онҳо фавқулодда муҳим аст, ки мавзӯи видеояшон ҷолиб бошад. Даромади пулӣ аз ин кор – масъалаи дигар аст.

Модари се фарзанд Салтанат Раҷабова низ имконоти Инстаграммро хеле хуб дарк кардааст. Ӯ барои кӯдакон либос медӯзад ва аксҳои маҳсули корашро барои намоиш ва таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад. Салтанат мегӯяд, ба шарофати ин кораш нафарони зиёд аз ҳунари ӯ огоҳ шуда, барояш фармоиши таҳияи ин ё он либос ё бозичаро медиҳанд. Ҳоло, мегӯяд Салтанат Раҷабова, як ҳаваси намоиши ҳунари дӯзандагиаш ба фурӯшгоҳи интернетии бозичаву либос табдил шудааст.

Ахиран Салтанат бренд ё рамзи тиҷоратии худро ҳам таъсис додааст ва ҷиддан дар фикри тавсеаи тиҷораташ мебошад. Вай мегӯяд, ҳоло дигар метавонад як коргоҳи таҳияи либос ва бозиҳои бачагонаро таъсис диҳад.

XS
SM
MD
LG