Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳҳои барвақтӣ – фоҷеаи духтарони тоҷик


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон ёздаҳуми октябр ҳамчун "Рӯзи байналмилалии духтарон" таҷлил мешавад.

Беш аз 30 дарсади духтарон дар кишварҳои рӯ ба рушд то синни 18 ва 14 дарсад то синни 15-солагӣ ба шавҳар мебароянд. Ҳамасола дар ҷаҳон қариб 16 миллион духтар дар синни аз 15 то 19-солагӣ таваллуд мекунанд.

Духтарон дар ин син дар натиҷаи ҳомиладорӣ ва таваллуд нисбат ба занҳои аз 20-сола боло ду баробар бештар бо хатар дучор мегарданд. Дар маҷмӯъ, дар тамоми ҷаҳон бештар аз 580 миллион нафари занон аз таҳсил маҳрум будаанд.

Ин нишондод дар ҳамоише бахшида ба рӯзи байналмилалии духтарон дар Душанбе садо дод. 11-уми октябр сар аз имсол аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид чун рӯзи байналмилалии духтарон ҷашн гирифта мешавад. Имсол ин сана ба мавзӯи никоҳи барвақтии духтарон бахшида шудааст. Масъулон ва созмонҳои кор бо занон ин мушкилро як фоҷеа барои духтарон унвон карданд.

Айни замон, созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон роҷеъ ба ошкор шудани ҳодисаҳои издивоҷҳои бармаҳал омори дақиқе дар даст надоранд. Шаҳло Ҷӯраева, раҳбари муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе», ки
Шаҳло Ҷӯраева
Шаҳло Ҷӯраева
ду сол аст ба духтарони табъизшудаву хушунатдида ёриҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, ҳолатҳои ғайриқонунӣ ва бидуни сабти расмӣ бармаҳал, яъне дар синни 15 то 16-сола оиладоршавии духтарон, дар кишвар хеле зиёд аст. Ба қавли хонум Ҷӯраева, шикояти занони хушунатдида ба чунин марказҳо ба фарқ аз солҳои пештар бештар шудааст. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба ин марказ ҳудуди 500 зани ҷавон муроҷиат кардаанд ва 18 дар сади ин занон дар синни барвақти худ издивоҷ кардаву дар зиндагии худ ба мушкилоти фаровон ва табъиз гирифтор шудаанд. Шаҳло Ҷӯраева аз се омили аслии бармаҳал издивоҷ кардани духтарон дар Тоҷикистон чунин ёд кард:

  • Сабаби аввал иқтисодӣ аст, ки волидонро водор мекунад духтарони худро бармаҳал арӯсӣ кунанд ва бо ин роҳ ба зиндагии худ гӯё сабукӣ оранд. Омили дуввум ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аст, ки аксар хонаводаҳо баъти духтарро муҳимтар аз таҳсили ӯ медонад. Ва омили саввум ин хурофот аст. Волидон аз тарси ин ки болотар аз синни 19 духтар камхарид мешавад ва нисбати ӯ, ба вижа агар муҳассил бошад, бадгӯиҳо зиёд мешавад, талош мекунанд ӯро зудтар ба хонаи шавҳар гусел кунанд, - гуфт хонум Ҷӯраева.

Бунёди атфоли Созмони миллали муттаҳид ё Юнисеф дар пайи як пажӯҳиши худ, ки барои муайян кардани омилҳои худкушии занону духтарон дар вилояти Суғд анҷом шудааст, муайян кардааст, ки як омили афзоиш ёфтани ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани духтарон, ин издивоҷҳои иҷбории духтарони наврас ба афроди барои онҳо аслан бегона будааст. Лайло Моширӣ раҳбари бунёди атфоли созмони миллали муттаҳид дар ин зимн гуфт:

  • Вақте духтарак ба зиндаги ҳанӯз ноомода оиладор мешавад, бар дӯши ӯ корҳои сангину масъулиятҳои ҷиддие мисли таваллуди фарзанд ва ба воя расонидани ӯ вогузошта мешавад, ки ин ҳама ба рӯҳу саломатии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Мушкили аслии дигаре, ки боиси нигаронӣ аст, ин издивоҷҳои ғайрирасмӣ аст издивоҷҳое, ки расман сабт намешаванд. Вазъи ин гуна арӯсони ҷавон боз ҳам бадтар ва мавқеашон ҳам дар хона хеле паст аст. Духтаронро бояд аз издивоҷҳои бармаҳал ва аз табъиз ҳимоя кард, - гуфт ӯ.

Ба қавли Лайло Моширӣ роҳи аслии наҷоти духтарони ноболиғ аз издивоҷҳои иҷборӣ ва табъизи хонаводагӣ ин ба таҳсил ҷалб кардани онҳо аст.

Аммо Сабоҳат Олимова, коршинос дар умумри кор бо кӯдакони хиёбонӣ ва танфурӯш мегӯяд, барои таъмини духтарон бо зиндагии хубу ҳимоя аз ҳуқуқи онҳо бояд қабл аз ҳама раванди ба қайди расмӣ гирифтани издивоҷҳо хуб ба роҳ монда шавад ва аз никоҳҳои пинҳонӣ ва ғайрирасмӣ худдорӣ кард.

  • Борҳо мушоҳида кардаам, ки духтарон бидуни он ки аз сабти расмии ақди никоҳ гузаранд, оиладор мешаванд. Ин мушкили аслӣ аст. Мо дар Панҷи поён як ҳамоише ташкил кардем, он ҷо бо як хонуми роҳбари як созмони ҷамъиятии умури занон шинос шудем. Ӯ муллоҳоро маҷбур кардааст, ки бе сабти расмӣ ҷавононро никоҳ накунанд. Бояд роҳеро ёфту нагузошт, ки бидуни ақди никоҳи расмӣ дар ЗАГС, муллоҳо ба никоҳи наварӯсон розӣ шаванд. Дар ин сурат мешавад аз никоҳи духтарони ноболиғ ҳам пешгирӣ кард, - гуфт ӯ.


Дар соли 2010 дар Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз никоҳҳои бармаҳал ва азҳам пошии хонаводаҳо бо дастури раисиҷумҳур синни никоҳи духтарон як сол, аз 17 ба 18 боло бурда шуд. Аммо Абдураҳмон Мавлонов, намояндаи кумитаи дини кишвар мегӯяд, то ба ҳол бахусус дар минтақаҳои ҷануб ва дурдасти кишвар мушоҳида мешавад, ки волидон баъди хатми мактаб ва ё синфи 9 монеи таҳсили духтарони худ мешаванд. Ба қавли оқои Мавлонов, бархе мушкилоти марбут ба занон ва дур шудани духтарон аз таҳсилу издивоҷҳои бармаҳалро ба шариат ва дини Ислом рабт медиҳанд, ки аслан нодуруст аст. Вай мегӯяд, дар ҷомеа бархе аз саводи нокофии динӣ ба иштибоҳ роҳ дода, бо тафсири нодурусти оятҳои қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар динро доғдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG