Пайвандҳои дастрасӣ

Абдумӯъмин Шарифӣ: Намоишнома - доғи ватану миллати ман аст


Абдумӯъмин Шарифӣ дар саҳнаи "Шабе дур аз ватан"

Ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе дар як ҷашнвораи театрҳои миллӣ дар Русия барои бозидани нақши муҳоҷире ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-и ҷашнвораи театриро ба даст овард.

Ҷашнвораи ҳаштуми театрҳои миллии "Саҳнаи бидуни марз" аз 20-уми ноябр то 25-уми ноябр дар Владикавкази Русия баргузор шуд. Дар ин ҷашнвора даҳ гурӯҳи театрӣ аз Осетияи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Абхозистон, Кабардино-Балкария, Доғистон, Чеченистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди тоҷик дар ҷашнвораи театрии "Сцена без границ" ё "Саҳнаи бидуни марз" дар шаҳри Владикавкази Русия барои нақшаш дар намоишномаи "Шабе дур аз Ватан" ҷоизаи

Ин мавзӯи доғи имрӯз аст, доғи ватану миллати ман аст. Магар офаридани ин нақш осон аст? Дар ҳоле, ки муҳоҷир боз як нафари фарҳангӣ аст. Пӯшида нест, ҳама собиқ шуравӣ медонанд, ки муҳоҷират дарди сахти кишвар Тоҷикистон аст

“Беҳтарин нақши мардона”-ро соҳиб шуд. Ин намоишнома баёнгари дарди фироқ, дурӣ аз дӯстону наздикон ва ёдоварӣ аз рӯзҳои гузаштаи шахсест, ки дар муҳоҷират қарор дорад. Муаллифи ин намоишнома шоир Бозор Собир ва коргардон Нозим Меликов мебошанд.

Абдумӯъмин Шарифӣ ҳам пас аз бозгашт ба Душанбе рӯзи 27-уми ноябр дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ин ҷашнвора ва ҷоиза гуфт:

Абдумӯъмин Шарифӣ: Ин ҷашнвора рӯзи 21 ноябр дар шаҳри Владикавкази Русия шурӯъ шуд. Ростӣ, ҷашнвора хеле хуб буд. Баъзе ҷашнвораҳое ҳастанд, ки ҷоизаҳои зиёд мегиред, аммо муҳит хеле бегонаву дилгиркунанда аст, ки наметавонӣ роҳат бикунӣ. Аммо инҷо дигар буд. Ин ба хотири ҷоиза нест, балки аз мо истиқболи хуб карданд, тасаввур кардам, ки на дар Владикафказ, балки дар Тоҷикистон ҳастам.

Радиои Озодӣ: Дар ин ҷашнвора, чанд намоишнома ба саҳна гузошта шуд?

Абдумӯъмин Шарифӣ: Дар ин фестивали байналмилалӣ ҳудуди даҳ намоишнома аз манотиқи гуногуни Русия ширкат доштанд. Ва аз Тоҷикистон Театри ҷавонон бо намоишномаи “Шабе дур аз ватан” ширкат кард. Ман дар ин намоишнома нақши асосӣ - як муҳоҷирро бозидам. Нақши як мусофирро, ки дар ғарибӣ асту ёди Ватану хешу табор ва қабрҳои аҷдодӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло садҳо сокини Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд ва зиндагӣ дар ғурбатро интихоб кардаанд, барои шумо офаридани ин нақш осон буд?

Абдумӯъмин Шарифӣ: Эҳҳ... Ин мавзӯи доғи имрӯз аст, доғи ватану миллати ман аст. Магар офаридани ин нақш осон аст? Дар ҳоле, ки муҳоҷир боз як нафари фарҳангӣ аст. Пӯшида нест, ҳама собиқ шуравӣ медонанд, ки муҳоҷират дарди сахти кишвар Тоҷикистон аст. Ҳар куҷое рафтем, тамоми кишварҳое ки будем, онҳо низ мегуфтанд, ки ин танҳо дарди шумо тоҷикон нест. Ҳатто имрузҳо мебинем, ки садҳо нафар муҳоҷир ба хотире, ки ба Аврупо муҳоҷират кунанд дар обҳо ғарқ мешаванд. Имрӯз дар баробари Тоҷикистон, садҳо сокини кишварҳои дигар ҳам тарки ватани худ мекунанд. Ин як дарди умумиинсонӣ аст,

Абдумуъмин Шарифӣ, соли 1962 дар деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1982 донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда фаъолияти кориро дар театри давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Баъдан дар театри Аҳоруну Лоҳутӣ ва Маяковский кор карда аз соли 2009 то ин замон дар театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов фаъолият мекунад. Абдумуъмин Шарифӣ ҳамчунин 14 сол ба ҳайси омузгор дар донишкадаи ҳунарҳои зебо дарс гуфтааст.

ҳарчанд ки мо инсонҳо худ дар ин дунё муҳоҷирем. Ҳатто баъд аз намоишнома, чанд тан аз намояндаҳои театри Кабардино-Балкария гуфтанд, ки ин намоиш, на моли тоҷикон, балки дарди мо, кабардиниҳо аст, ки муҳоҷират аз Тоҷикистон дида дар мо доғтар аст.

Радиои Озодӣ: Ин намоишнома баёнгари дарди фироқ рӯзҳои пуштисар кардаи як нафар дар муҳоҷират аст. Оё боре барои муҳоҷирони тоҷике ки дар Русия ҳастанд ва теъдодашон ба миллоин мерасад, намоиш додед?

Абдумӯъмин Шарифӣ: Ростӣ, дар чандин ҷашнвораҳое ки дар Русия шуданд, ширкат кардем, аммо то имрӯз махсус барои муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия ба сар мебаранд, ин намоишномаро нишон надодаем. Агар чунин имкон даст медод, бисёр хуб мешуд. Ҳатман барои мусофирони дур аз ватан ин намоишномаро пешкаш мекунем. Ҳарчанд барои ин маблағ лозим аст.

Радиои Озодӣ: Шумо дар гузашта ҳам чунин як ҷоизаро доштед?

Абдумӯъмин Шарифӣ: Бале, ин панҷумин ҷоизаи ман дар бахши «Беҳтарин нақши мардона» аст, ки чортои онро дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиб шудам. Аммо ман фикр мекардам, ки дар ин ҷашнвора намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” ҷои аввалро мегирад ё соҳиби “Беҳтарин кори коргардонӣ” мешавад. Вале намедонам, шояд намоишномаҳои хубтаре онҷо зиёд буд.

Радиои Озодӣ: Барои шумо офаридани кадом нақш писанд аст?

Абдумӯъмин Шарифӣ: Барои ман муҳим нест. Ҳар нақше, ки хуб бошаду дар қалби бинанда ҷой шавад. Барои он ки ман ҳамчун як инсону ҳунарманд ва ё ҳамчун як шахси бомасъулият коре барои ҷомеа мекунам. Фақат ин ки бояд ман донам, ки ман чӣ кор мекунам ва барои кӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG