Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Хаттак: "Иқтисод меҳвари гуфтугӯҳои Навоз Шариф дар Душанбе хоҳад буд"


Рӯзи 6 июл дар Душанбе қарор аст мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон баргузор шавад. Дар ин мулоқот, ки бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Навоз Шариф ва президент Ашраф Ғанӣ баргузор шавад, масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни се кишвар дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ мешавад. Дар остонаи ин нишаст қарор аст дидору гуфтугӯи Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам баргузор шавад.

Як коршиноси покистонӣ мегӯяд, сафари Навоз Шариф ба Душанбе аз чанд ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, чун дар шароити начандон осони сиёсии дохили Покистон сурат мегирад.

Довуд Хаттак, шореҳи масоили сиёсии Покистон дар Радиои Озодӣ сафари нахуствазир Навоз Шарифро ба Тоҷикистон шарҳ дод:

Довуд Хаттак: Сафари нахуствазир Навоз Шариф ба Тоҷикистон бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Аз он чи ки ман дар Покистон ва аз сӯҳбатҳои мушовири умури хориҷии нахуствазир

Воқеан ҳам ҳоло ояндаи Навоз Шариф номуайян аст. Агар тафтишот бар зидди ӯ хулоса кунад, шояд ҳам ӯ мақомашро аз даст диҳад

фаҳмидам, дар ин сафар ӯ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳам мулоқот карда роҳҳои содироти нирӯи энержиро ба минтақа дар чаҳорчӯби тарҳи КАСА-1000 баррасӣ мекунанд. Покистон ҳоло як ҷузве аз тарҳи иқтисодии Чин ҳам мебошад. Нахуствазир Навоз Шариф ҳамеша ба манфиатҳои иқтисодии кишвараш таваҷҷӯҳ мекунад. Аз ҳамин хотир ҳам, бахши муҳими сафари нахуствазир ба Тоҷикистон ҳам ба баррасии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва интиқоли энержӣ ихтисос дода мешавад. Дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ, ки дар шароити хеле сахти равобити миёни Покистону Афғонистон сурат мегирад, ду раҳбар талош хоҳанд кард барои беҳбудёбии ин ҳамкориҳо иқдоме кунанд. Ин мулоқот бештар ба хотири тармими робитаҳои миёни Покистон ва Афғонистон барпо мешавад.

Радиои Озодӣ: Вале ин сафар ҳам дар шароити хеле ҳассоси сиёсӣ барои худи раҳбари Покистон сурат мегирад, ки дучори як моҷарои марбут ба фасоди аъзои хонаводааш мебошад. Ва ҳатто сари қудрат мондани ӯ ҳам зери суол аст. Фазои сиёсии атрофи нахуствазирро дар дохили Покистон шарҳ диҳед.

Довуд Хаттак: Ин як вазъияти ҷолиб барои нахуствазири Покистон аст. Ҳоло дар нисбати аъзои оилааш як тафтишот ҷараён дорад, ҳисобҳои офшории бонкии духтар ва писари нахуствазир мавриди суол аст. Қарор аст натиҷаҳои тафтишот 10 июл маълум шавад. Гузоришро бояд Додгоҳи олии Покистон таҳия кунад. Ин иттиҳомотро як комиссиюни муштараки махсус таъсисёфта месанҷад. Барои худи Навоз Шариф фазои сиёсӣ хеле шикананда аст. Дар дохили ҳизби ӯ як васваса бархостааст, мухолифон ҳам фишорро афзоиш медиҳанд. Воқеан ҳам ҳоло ояндаи Навоз Шариф номуайян аст. Агар тафтишот бар зидди ӯ хулоса кунад, шояд ҳам ӯ мақомашро аз даст диҳад. Вале ин ба маънои аз дасти ҳизбаш рафтани ҳукумат нест. Эҳтимол аст, ки як намояндаи ҳизби Лигаи мусалмонии Покистонии ӯ ба мақоми раҳбарӣ пешбарӣ шавад. Навоз Шариф метавонад курсии худро аз даст диҳад.

Довуд Хаттак.
Довуд Хаттак.

Радиои Озодӣ: Дар гузашта раҳбарони аввали дигари Покистон ҳам бо иттиҳомоти назири олудагӣ ба фасод гунаҳгор шудаанд, қазияи Беназир Бҳутторо ҳам бисёриҳо ёд доранд. Вале то куҷо ин ҳама бебандубориҳои сиёсӣ дар ҳамкориҳои Покистон бо кишварҳои мисли Тоҷикистон ва тарҳҳои муштаракашон метавонад таъсири бад гузорад?

Довуд Хаттак: Саволи хуб аст. Агар ба қазияи Бҳутто баргардем, бояд гуфт, ки ин замони бетаҷрибагиҳои сиёсии ҳукумати Покистон буд. Ҳукумат ва мухолифон ҳамеша дар ихтилоф буданд. Ду ҳукумати Беназир Бҳутто ва ду ҳукумати Навоз Шариф бар асари ин ихтилофу фишорҳои нирӯҳои низомиён осеб дидаанд. Вале ҳоло таҷрибаи сиёсии аъзои ҳукумат тадриҷан бештар мешавад ва аз рӯи қонунҳои демократӣ ҳам таҳрир мешавад. Дар гузашта аксари моҷароҳо бар сари иттиҳомот дар олудагӣ ба фасод буд. Ин навбат кор ба Додгоҳи олӣ рафт. Ин ниҳод хеле ҷиддӣ аст. Дар робита бо бахши дуюми саволи шумо оид ба таъсири ин ҳама коршарикон. Навоз Шариф як шахсест, ки ҳамеша дунболи манфиатҳои иқтисодӣ мегардад. Дар дурнамо робитаҳо бо Тоҷикистон ва ҳамкорони дигар зиёд осеб намебинанд. Вале ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонад то андозае осеб бинад. Агар шахсе ҷойгузини Навоз Шариф шавад, имкон дорад, ки иқтисод ба мавқеи дуюм гузарад.

Радиои Озодӣ: Яъне бисёр чиз ба шахсияти раҳбари кишвар бастагӣ мегирад?

Довуд Хаттак: Бале. Навоз Шариф ба ҳамкорӣ бо иқтисодҳои чандон рушднокардаи Осиёи Марказӣ ваё Афғонистон ва ҳам ҳамкорӣ бо Ҳинд таваҷҷӯҳ мекард. Вале мухолифон – низомиён – манфиатдори муносибатҳои хуб бо Афғонистон нестанд. Ҳама талошҳои Навоз Шарифро барои беҳтар кардани робита бо Ҳинд артиш ва ниҳодҳои интизомии Покистон зери суол бурдаанд. Ҳамин нухбагони низомӣ мухолифони аслии ӯ мебошанд.

Радиои Озодӣ: Магар барқарории робитаҳои хуб бо ҳамсояҳои наздик ба манфиати Покистон нест?

Довуд Хаттак: Баҳс ба ҳаводиси таърихӣ ва сари минтақаи баҳсии Кашмир бармегардад, ки Ҳинду Покистону азони худ мешуморанд. Аз соли 1947 ду кишвар, ки Кашмирро моли худ меноманд, чор дафъа вориди ҷанг шудаанд. Бо ин, ки ин ду кишвар ҳамсоя аст, якдигарроо рақиб мешуморанд. Ҳамин чиз онҳоро аз барпо кардани ҳамкориҳои наздики тиҷоративу иқтисодӣ бозмедорад. Бо Афғонистон ҳам баҳси марзӣ калидӣ аст. Афғонистон бо тақсимоти маъруф ба хати Дюранд розӣ нест. Афғонистон ҳарчанд ошкоро инро ба забон намеорад, вале манотиқи баҳсӣ дар марз бо Покистонро, ки сокинонаш паштуҳо мебошанд, азони худ меҳисобад. Афғонистон баъди барканории муҷоҳидон бо Толибон рӯбарӯ шуд ва Покистонро дар ин муқассир меномад. Покистон бовар дорад, ки Ҳинд ба умури Афғонистон мудохила мекунад ва худро дар як ҳалқаи муҳосирати ҳамояҳояш эҳсос мекунад. Ҳамин мушкилот равобити ду кишварро то имрӯз мушкил ва хеле печида нигоҳ медорад.

Радиои Озодӣ: Рӯзи 9 июн Покистону Ҳинд – ду ҳамсояву рақиб ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳои зери назари Русия, як созмони иқтисодиву сиёсӣ пазируфта шуданд. Рӯзи 4 июл сафири Ҳинд дар Душанбе ба Радиои Озодӣ дар заминаи рафъи ихтилофҳои ду ҳамсоя баъди ворид шудан ба ин созмон гуфт, “ихтилофҳо кори дохилии Ҳинду Покистон аст ва ду кишвар аллакай созише қабул кардаанд, ки барои ҳалли ин мушкилот равона шудааст”. То куҷо, ба назари шумо, созмони ҳамкориҳои Шонгҳой метавонад ин ду кишварро ба ҳам орад?

Довуд Хаттак: Ман намехоҳам бигӯям, ки хушбин нестам. Вале Покистону Ҳинд аъзои Созмони ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ (САРК) ҳастанд. Танҳо мушкиле, ки монеи тиҷорати озоди миёни кишварҳои ин минтақа аст, ба мушкилоти ҳамин ду кишвар бармегардад. Ман намегӯям, ки Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба онҳо кӯмак мекунад. Вале мояи хушбинӣ ин аст, ки дар узвияти ин созмон Русия ва Чин шомил ҳастанд. Ин ду кишвар дар минтақа нуфузи хеле зиёд доранд. Дар ин охирҳо нуфузи онҳо боз ҳам густариш меёбад. Ба назари ман, ин ду кишвар метавонанд дар эътидоли равобити ин ду кишвар саҳмгузор шаванд. Ман бовар намекунам, ки дар панҷу даҳ соли наздик Ҳинду Покистон мушкилоти худро ҳаллу фасл мекунанд. Ин як орзу аст. Вале агар Русияву Чин нақши худро самимона иҷро кунанд, онҳо метавонанд вазъро дар миёни ин ду кишвар ором нигоҳ доранд.

XS
SM
MD
LG