Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Раҳимзода: "Агар хоҳем, аз СҶТ фоида мебинем, на зарар"


Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода.

Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабри соли ҷорӣ узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ё ВТО шуд. Дар расми қабули узвият дар шаҳри Женева Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ширкат кард ва гуфт, узвият дар ин созмон ба рушди иқтисодӣ ва шукуфоии кишвараш мусоидат мекунад.

Аммо иддае бар инанд, ки узвият дар СҶТ Тоҷикистонро вобастаи иқтисоди ҷаҳонӣ мекунад ва истиқлолияти онро зери суол мебарад. Дар робита ба ҷанбаҳои манфиву мусбат ва роҳи 11-солаи кӯшишҳои Тоҷикистон барои узвият дар СҶТ, бо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, сӯҳбате доштем.

Озодӣ: Чаро ин узвият барои Тоҷикистон муҳим буд, оё саривақтӣ буд ё дер?

Шариф Раҳимзода: "Агар дар дунё 210 кишвар бошанд, шояд 190-тои онҳо истиқлолияти иқтисодӣ доранд. Як нишони истиқлолияти иқтисодӣ дар низоми ягонаи тиҷорат будан аст. Низоми ягонаи тиҷорат, ана, ҳамин Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст. Аммо он замоне, ки ноамниҳо дар кишвар буд, мо мекӯшидем, истиқлолияти сиёсии моро шиносанд. Дар ин вақт кишварҳои дигари Шӯравӣ мекӯшиданд, онҳоро Созмони ҷаҳонии тиҷорат шиносад, яъне истиқлолияти иқтисодии онҳо шинохта шавад. Ҳама ба пешниҳоди санадҳои зарурӣ шурӯъ карданд. Масалан, Русия соли 1993 ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳуҷҷат супурд, аммо 19 сол пас - 22-юми августи соли 2012 аъзо шуд. Дигар кишварҳо ҳам дархост карданд. Тоҷикистон танҳо соли 2001 ин корро кард. Он замон вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Ҳаким Солиев буданд. Он сол банда намояндаи Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ ва НАТО, сафири кишвар дар Белгияву Фаронса таъин шудам."

Озодӣ: Яъне бидуни ягон мушкил дархости Тоҷикистон қабул шуд?

Шариф Раҳимзода: "Шеваи қабул чунин аст, ки барои узвияти як кишвар дар созмон гурӯҳи машваратӣ ташкил мешавад. Дар оғоз барои гурӯҳи машваратӣ 33 кишвар шомил буданд, аммо чанд сол пас ин теъдод ба 15 кишвар маҳдуд шуд. Кишварҳои умдатарин Амрико, Чин, Туркия, Иттиҳоди Аврупо, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ буданд, ки мо бо онҳо дуҷонибаву ҳамаҷониба машварат мекардем. То соли равон 6 машварат баргузор шуд."

Озодӣ: Кишварҳои дигар мухолифи ширкат дар гурӯҳи машваратӣ буданд?

Шариф Раҳимзода: "Не, онҳо эълом доштанд, ки ҳар чӣ дар охири кор Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат тасмим мегирад, ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Дар машваратҳо ҳайати мо, ки аз 20 нафар иборат буд, ба суолҳои намояндагони СҶТ посух мегуфтанд. Онҳо аз қонунгузориҳои мо мепурсиданд ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон ба суолҳои онҳо посух мегуфтанд."

Озодӣ: Тоҷикистон аз кам кардани андозҳои гумрукӣ барои моли хориҷӣ зарар намебинад?

Шариф Раҳимзода: "Ҳама андозу боҷе, ки мо муайян кардаем, тоҷирони хориҷӣ месупоранд. Аммо бархе тағйир ҳаст. Масалан, бархе таруфаҳоро дар гумрук мо ба сифр баробар кардаем. Пештар барои тамоми намуди маҳсулот камтар аз 15 фоиз мегирифтем. Акнун мо бояд ҳисоби миёна дошта бошем. Инро мо 8 дарсад муайян кардем, ҳарчанд воқеӣ ҳоло 7,6 дарсад аст. Мо баландтар гузоштем. Дар бархе маврид мо ҳатто метавонем онро баланд бардорем. Аммо мавориди дигар ҳастанд, ки мо онҳоро ба сифр баробар кардем. Маҳсулоте ҳастанд, ки умуман ба Тоҷикистон ворид намешаванд, аз қабили киштиҳои баҳрӣ, зериобӣ, ҳарбӣ, қисмҳои эҳтиётии онҳо ё ҳар чизи марбут ба кайҳону космонавтика. Аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, гӯшти хук. Ҳатто хари зотӣ ҳам будааст дар рӯйхати маҳсулот."

Озодӣ: Ин гуна нигарониҳо ҳастанд, ки акнун соҳаи кишоварзӣ, тавре дар Қирғизистон иттифоқ афтод, барбод меравад.

Шариф Раҳимзода: "Пеш ҳукумати Тоҷикистон кишоварзиро бевосита не, бо роҳҳои дигар дастгирӣ мекард. Масалан, як вақт чандсад миллион доллар қарзи деҳқононро бахшид. Аммо ҳоло ҳуқуқ пайдо кард, ки дар буҷа 900 миллион доллар субсидия ҷудо кунад. Пеш кишварҳои хориҷӣ, сарпарастон мегуфтанд, ки барои кишоварзӣ субсидия ҷудо накунед. Намегузоштанд. Акнун ин ҳақро пайдо кардем, аммо мушкил пайдо кардани маблағ аст. Аз ин ба баъд ҳар соҳае, ки барои мо муҳим мешавад, метавонем бо онҳо гуфтушнид карда, тариқи буҷа ҳимоят кунем.

Озодӣ: Вазъи сармоягузорӣ то куҷо беҳтар хоҳад шуд? Масалан, мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи сармоягузорон дифоъ намешавад ва муҳити сармоягузорӣ барои онҳо созгор нест?

Шариф Раҳимзода: "Сармоягузорӣ чанд шарт дорад ва яке маҳз узвият дар СҶТ аст. Акнун сармоягузор аз рӯи қоидаҳои СҶТ ҳимоят мешавад. Дар гузашта медидем, ки сармоягузорон бо ҳамкорони маҳаллиашон баҳс мекарданд ва ин баҳс дар додгоҳҳои мо баррасӣ мешуд. Сармоягузор бовар надошт, ки ин баҳс мунсифона ҳал мешавад. Акнун қоидаҳо якхела шуданд. Агар ин ҷо ба додаш нарасиданд, дар СҶТ баҳсашро ба баррасӣ мегиранд. Ҳақ бошад, ба ҳақ мерасад, агар не, не. Дар баробари он имтиёзҳое, ки мо ба сармоягузорон додаем, акунун онҳо боварӣ ҳосил мекунанд, ки манфиаташон дар дохили Тоҷикистон ҳимоят мешавад.

Озодӣ: Қирғизистон аз соли 1998 узви СҶТ аст ва коршиносони ин кишвар мегӯянд, он на фоида, балки зарар дидааст.

Шариф Раҳимзода: "Ба Шумо гуфтам, ки ояндаи кор аз ману Шумо -- тоҷикистониҳо вобаста аст. Он ҷо ҳам аз қирғизистониҳо вобаста буд. Мутассифона, ҳамсоягони мо дар ин давра ба сиёсат дода шуданд. Дар давраи Акаев ба иқтисодиёт рӯ оварданд. Истеҳсоли маҳсулот зиёд шуд. Мо аз он ҷо маҳсулоти саноатӣ, масалан, либосвории сохти қирғизиро ворид мекардем. Қирғизистон нисфи Қазоқистонро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекард. Ба Русия маҳсулоти нассоҷӣ содир мекард. Фаромӯш накарда бошед, мо моли Чинро аз Қирғизистон харидорӣ мекардем, зеро аз узвият дар СҶТ имтиёз дошт ва Чин ҳам узви созмон буд. Аммо масоили сиёсӣ сар заданд. Чанд ҳукумат дигар шуд ва ҳоло натиҷаро мебинем.Ба худи мо марбут аст, ки то куҷо аз узвият дар СҶТ истифодаи хуб мекунем ва фоида мебинем."
XS
SM
MD
LG