Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси имоми бритониёӣ ба рӯҳониёни тоҷик. ВИДЕО


Шайх Мӯсо Адманӣ – имоми Донишгоҳи Метрополитани Лондон, маркази Бритониё, дар як давраи омӯзишӣ ба рӯҳониёни тоҷик роҳҳои ҷилавгирӣ аз ифротгароиро маслиҳат дод. Адманӣ бо даъвати Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба Душанбе омадааст ва дар сӯҳбати ӯ бо рӯҳониён намояндагони додситонӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ низ ҳузур доштанд.

Имоми Донишгоҳи Метрополитани Лондон мегӯяд, бори панҷум аст, ки ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ рӯзи 11 август дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, заррае ҳам бошад, дар амри коҳиши шиддати ифротгароӣ ёрӣ кунад. Шайх Мӯсо Адманӣ дар ҷараёни давраи омӯзишӣ бештар дар бораи иштироки ҷавонони тоҷик дар майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия низ таъкид карда ва гуфт, дар ҳоли ҳозир дастгоҳҳои таблиғотии натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барои аз ин роҳ баргардондани ҷавонон заиф аст.

Чаро мо натавонем имом-хатибҳоро омӯзиш диҳем ва онҳо тавонанд бо амри маъруф ва бо мулоқоту дидорҳои худ бо мардум садди сафари ҷавонон ба Сурия ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ шаванд?
Шайх Мӯсо Адманӣ

Ӯ гуфт: “Ҳоло дар “ҷанги иттилоотӣ” гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пеш рафтааст. Онҳо паёмҳоеро омода мекунанд, ки ба гуруҳи махсуси ҷавонон, ба рӯҳ ва шеваи фикрронии онҳо равона карда шудааст. Онҳо мухотабони худро хуб мешиносанд ва мувофиқ ба табъу дарди дили онҳо паём омода мекунанд. Аз ин ҳисоб, онҳо фоида мебинанд. Ҳоло ҷавонҳои мусулмон камтар телевизион тамошо карда, радио гӯш мекунанд. Раҳбарони “Давлати исломӣ” тариқи шабакаҳои интернетӣ барномаҳои худро ба роҳ монда ва ҷавононро фаро мегиранд. Барои мисол, вақте масъулони “Давлати исломӣ” мехоҳанд, ки ҷавонони Ғарбро ба худ моил кунанд, садои ҷаззоби як марди амрикоиро истифода мекунанд. Ин садо барои ҷавонони мусулмони Ғарб ҷолиби таваҷҷуҳ аст ва ба дили онҳо роҳ меёбад. Ҳоло, мутаассифона, имом-хатибҳои Осиёи Марказӣ бо ин васоити муосири таблиғу ташвиқ ошно нестанд ва истифода намекунанд. Дигар ин ки ба ҷои ташвиқ ва дастгирӣ кардан имом-хатибҳо ба ҷавонон ҳамла мекунанд. Аз ин рӯ, як стратегияи мукаммал вуҷуд дошта бошад, ки пеш аз ҳама имом-хатибҳоро омӯзонем, то тавонанд аз ин воситаҳои таблиғу ташвиқ истифода карда тавонанд ва бо ҷавонон суҳбат кунанд ва қалби онҳоро ба даст оварда тавонанд.”

Гуфтугӯ бо имоми Донишгоҳи Метрополитани Лондон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00

Озодӣ: Магар фақат бо нирӯи имом-хатибҳо аз ин роҳ баргардондани ҷавонон имконпазир аст?

Шайх Адманӣ: “Ҳоло имом-хатибҳо танҳо як восита буда метавонанд. Мо бояд боварро миёни ниҳодҳои мухталиф ба даст орем. Дар Сурия онҳое, ки ҷавононро ба амалиёти ҷангӣ даъват мекунанд, аз омӯзишҳо ва давраҳои махсуси таълимӣ гузаштаанд. Чаро мо натавонем имом-хатибҳоро омӯзиш диҳем ва онҳо тавонанд бо амри маъруфҳо ва бо мулоқоту дидорҳои худ бо мардум садди сафари ҷавонон ба Сурия ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ шаванд? Низоми мушаххас ва ягонаро ҳамчун як механизм ба роҳ монд. Аввал имом-хатибҳо ба таври аз “боло ба поён” бо ҷавонон кор баранд, мулоқот кунанд ва сипас намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ бо онҳо корро пеш баранд. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар роҳи мубориза бо терроризм ва экстремизм як барномаи муштарак дошта бошанд ва дар танҳоӣ наметавонанд бо гуруҳи “Давлати исломӣ” пирӯз шаванд.”

Шайх Мӯсо Адманӣ
Шайх Мӯсо Адманӣ

Озодӣ: Шумо аз як кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон омадаед, то барои кам кардани шиддати ифротгароӣ кумак кунед. Аммо кишварҳои аврупоӣ ва Ғарб низ бо вуҷуди қудратманд будан баъзан шоҳиди амалҳои таррористӣ мешаванд. Дар онҷо чаро чунин иттифоқ меуфтад?

Шайх Адманӣ: “Аввал ин ки бо пул наметавон фикру дини як нафарро дигар кард. Дуруст аст, ки кишварҳои Ғарб аз нигоҳи молӣ қавӣ ҳастанд, вале аз нигоҳи дарки Ислом беҳад маҳдуданд. Мушкил сари ин аст.”

Озодӣ: Ҳоло тавре таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон як навъ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст, мисли тарошидани риш, манъи ҳиҷобу бастани масоҷид. Оё ин ҳама роҳи дурусти мубориза бо экстремизм ё терроризм аст ё печидатар кардани вазъ?

Шайх Адманӣ: “Албатта, ин суол ҷанбаи сиёсӣ дорад, ки ман оид ба масъалаи сиёсӣ суҳбат намекунам. Вале мехоҳам зикр кунам, ки новобаста аз маҳдудиятҳо имкониятҳо дар инҷо хеле зиёданд ва мардум бояд талош кунанд, ки аз ин имконҳо истифода баранд. Инро ҳам бояд гӯям, ки дар Тоҷикистон худи ҷомеа медонад, ки чӣ чиз қобили қабул асту чӣ чиз - не.”

XS
SM
MD
LG