Пайвандҳои дастрасӣ

Тайво Клаар: "Шароит дар Тоҷикистон мушкилтар шудааст" ВИДЕО


Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе музокироти баландпояи мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар баргузор шуд. Ин даври навбатии музокирот байни мақомоти ду ҷониб аст, ки аз соли 2008 ба ин тараф соле як бор сурат мегирад.

Аз шунидани ин хабар, ки мақомоти Тоҷикистон дар нишасти дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава соли оянда иштирок мекунад, рӯҳбаланд шудем

Муколамаи имсола дар шароите баргузор шуд, ки Тоҷикистон барои маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, зиндонӣ шудани фаъолон, мурофиаҳои баҳсбарангез ва маҳдудият дар кори созмонҳои ҷамъиятӣ мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ҷаласаи рӯзи 12-уми октябр пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва дар ин нишаст, ба мушоҳидаи бархе ширкатдорон, аз ҷониби Тоҷикистон на мақомоти сатҳи боло, балки кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатӣ иштирок карданд.

Ҳайати аврупоиро Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо раҳбарӣ кард. Клаар шоми 12-уми октябр дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин нишаст масоили зиёд, аз ҷумла, ҳуқуқи зан, ҷомеаи маданӣ, шароит дар боздоштгоҳҳо, шиканҷа, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкориҳои миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти Тоҷикистон паси дарҳои баста сурат гирифт
Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти Тоҷикистон паси дарҳои баста сурат гирифт

Радиои Озодӣ: Шумо бо чӣ паёме ба мақомоти тоҷик муроҷиат кардед?

Тойво Клаар: Пайғоми мо дар робита бо ҳар масоили мавриди таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупо расонда шуд. Аз ҷумла, мо гуфтем, ки Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи занон ба пешравиҳо, аз ҷумла дар бахши мубориза бо хушунати занон даст ёфтааст. Дар ҷое, ки аз назари мо бояд интиқод мешуд, танқид ҳам садо дод.

Радиои Озодӣ: Мушаххасан танқиди Шумо аз чӣ иборат буд?

Тойво Клаар: Масалан, ба бовари мо ва назар ба нигарониҳои ҷомеаи маданӣ, шароит дар Тоҷикистон мушкилтар шудааст. Мо дар ин бора гуфтем. Мо аз он нигарон ҳастем, ки мардум ҳабс мешаванд. Иттиҳоди Аврупо дар робита бо сарнавишти ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров борҳо изҳори нигаронӣ кардааст ва ин дафъа ҳам мо ин ташвиши худро такрор кардем. Гуфтем, додгоҳ на он тарзе, ки бояд мешуд, баргузор шуд. Мо мехоҳем, ки тамоми ин қазияҳо бозбинӣ шаванд. Тоҷикистон дар робита бо шароит дар боздоштгоҳҳо ва шиканҷа баъзе тадбирҳоро анҷом дода, шароити нигаҳдошт дар боздоштгоҳи муваққатии қабл аз додгоҳро дигар кардааст. Вале бо ин вуҷуд ҳодисаҳои шиканҷаи инсонҳо такрор мешавад. Мо гуфтем, ки парвандаҳо дар замони нигаҳдории боздоштшудаҳо ҳамаҷониба таҳқиқ намешаванд. Мо ин масъалаҳоро бо лаҳни созанда баён кардем ва дар ҷои зарурӣ мавзӯъҳои танқидиро ҳам матраҳ кардем.

Радиои Озодӣ: Вокуниши мақомоти тоҷик ба таъкидҳои Шумо чӣ буд?

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Тойво Клаар: Ба фикрам, дар ниҳояти кор мо як муколамаи хеле озоду одилонае доштем. Намегӯям, ки дар робита бо ҳамаи андешаҳои онҳо розӣ ҳастем. Вале мо муколамаи самимие анҷом додем. Бешубҳа, баъди рафтан аз Душанбе гуфта наметавонем, ки ҳамаи масъалаҳо ҳалли худро пайдо кардааст. Аммо ин ин воқеият аст, ки мо чунин як музокироте барпо кардему тавонистем андешаҳои худро баён кунем ва назари мақомоти тоҷикро ҳам шунавем. Шояд на дар ҳамаи масъалаҳо сад дарсад ҳақ ҳастем. Хулоса, ба назари ман ин як муколамаи хеле муфид буд. Мо бешубҳа ин музокиротро дар оянда ҳам идома хоҳем дод.

Радиои Озодӣ: Муколамаи Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар як марҳилае мегузарад, ки аз назари фаъолони ҳуқуқ хеле душвор аст: ду сол пеш ҲНИТ баста шуд, дар пай, ба қавли созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон 150 нафар бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шуданд. Оё Шумо ин масъалаҳоро матраҳ кардед ва посухи мақомоти тоҷикро чӣ гуна дарёфтед?

Мо баъзе машвартҳо додем. Аз ҷумла, тақозо кардем, ки гумонбарон бо мурофиаҳои бозу одилона таъмин шаванд.

Тойво Клаар: Агар Шумо мақомотро шунидан хоҳед, бояд аз онҳо суол кунед. Мо дар ин нишаст махсус қазияи Бузургмеҳр Ёровро матраҳ кардем, ки дар ниҳояти амр як вакили дифои чанд узви ҲНИТ буд. Ӯ ба ҳамин хотир ҳам пушти панҷара рафт. Ин ҳодиса ба обрӯи низоми додгустарӣ латма мезанад. Ин қазияҳо ҳуқуқшиносони дигарро водор мекунад, ки аз ҳимояи парвандаҳои ҳассос худдорӣ кунанд ва мардум ҳам дигар наметавонанд барои ҳимояи худ ба вакилони мавриди назари худ муроҷиат кунанд. Ин як мушкили ҷиддӣ аст. Агар Тоҷикистон мехоҳад, ки дар мавриди дастрасии мардум ба додгоҳҳои озоду одилона мувофиқ ба ӯҳдадориҳояш амал кунад. Ин кори муҳимест, ки бояд анҷом шавад. Ҳуқуқшиносон набояд барои ҳимоят аз ҳуқуқи муштариёнашон зиндонӣ шаванд. Вакилон фақат кори худро анҷом медиҳанд ва ба ин чиз бояд эҳтиром қоил шуд. Ин баробар бо мурофиаҳои озоду одилона хеле муҳим аст.

Лаҳзае аз сӯҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Тайво Клаар
Лаҳзае аз сӯҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Тайво Клаар

Радиои Озодӣ: Яъне, дар ин муколама баҳс фақат сари қазияи Ёров буд?

Тойво Клаар: На, мо масъалаҳои зиёдро баррасӣ кардем. Мо бахшҳои мухталифи масъаларо баррасӣ кардем ва яке аз онҳо дастрасии шахс ба вакили дифоъ буд. Танҳо Ёров набуд. Вале бояд таъкид кунам, ки дар баробари танқид, мо бояд аз ҳукумати Тоҷикистон ташаккур кунем, ки дар ҳалли масъалаҳои афроди бешаҳрвандӣ ва хушунати хонагӣ ба пешравиҳо даст ёфтааст. Яъне дар ҷое, ки лозим буд, мо аз мақомот ташаккур ҳам кардем.

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, то куҷо мақомоти тоҷик дар марҳилаи кунунӣ омода ҳастанд, ки дидгоҳашонро дар масоили ҳуқуқи башар бозбинӣ кунанд?

Тойво Клаар: Баҳори соли 2016 гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар масоили озодии баён (Дейвид Кайе) аз Тоҷикистон дидан кард. Хуб аст, ки Тоҷикистон ӯро даъват кард. Мо аз мақомот пурсидем, ки машваратҳои ӯро чӣ гуна пайгирӣ карданд. Мо аз Тоҷикистон даъват мекунем, ки гузоришгарони вижаи дигарро низ ба кишвар даъват кунанд. Як даъвати мо ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои дафтари ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава иштирок кунад. Тоҷикистон имсол дар ин нишаст иштирок накард. Ин ҳама арзишҳои умумие ҳастанд, ки ҳамаи мо онҳоро арҷ мегузорем. Мо бо муқаррарот ва арзишҳои созмонҳои байналмилаливу минтақавии мисли СММ ва САҲА розӣ ҳастем. Аз шунидани ин хабар, ки мақомоти Тоҷикистон дар нишасти дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава соли оянда иштирок мекунад, рӯҳбаланд шудем. Аз ин хотир, муколамаи имрӯза хеле муҳим аст, хуб аст, ки мо тавонистем ин масъалаҳоро матраҳ кунем ва посухи мақомоти Тоҷикистонро дарёфт кунем. Шояд на ҳамеша посухе, ки мешунавем, онест, ки мо шунидан мехоҳем, вале ин як муколама ва як ҷараён аст. Бовар дорам, ки бо ҳифзи ин ҳама мо ба натиҷае даст меёбем.

Тайво Клаар
Тайво Клаар

Радиои Озодӣ: Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон кадом машварате ҳам дод?

Тойво Клаар: Бале, мо баъзе машвартҳо додем. Аз ҷумла, тақозо кардем, ки гумонбарон бо мурофиаҳои бозу одилона таъмин шаванд. Арзиши ин муколама дар он аст, ки дар як вақт метавонем бо чандин сохтору вазоратхонаҳои давлати Тоҷикистон, бо омбудсмен ва намояндаи дастгоҳи президент сӯҳбат кунем. То куҷо ман ба натиҷаи мусбати ин нишастҳо бовар дорам? Бале, бовар дорам, ки муколамаи мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар амри беҳбудёбии вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастрасӣ ба додгоҳҳои озоду одилона натиҷа медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG