Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттиши парвандаи Ёров боздошт шуд. САДО


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи муфатиши Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, подполковник Музаффар Ҳакимов бар асоси шикояти вакили мудофеи боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров бо моддаи 316, қисми 1, яъне “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” парванда боз намуда ӯро рӯзи 12 декабр боздошт намуд.

Ҳакимов дар боздоштгоҳи мувақатии вазорати корҳои дохилии воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ин қазия ба боздошту иттиҳомоти аввалияи Бузургмеҳр Ёров рабт мегирад, ки сентябри соли 2015 гӯё барои “қаллобӣ” ва “сохтакории санадҳо” боздошт шуд ва баъдан додситонӣ гуфт, ки гӯё вакили дифоъ пулҳои муштариёнро гирифта ба ваъдааш вафо накардааст. Вале ҳамон вақт худи Ёрову наздиконаш боздоштро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, гуфтанд, ки сабаби ин дар

Ба Раёсати корҳои дохилии пойтахт омада дар кабинети Музаффар Ҳакимов 25 ҳазор доллар - ду бандчаи 100-доллара ва як бандчаи 50-доллараи пулро гузошта рафтем

ҳимояти ҳуқуқи аъзои зиндонии Ҳизби он вақт мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ мебошад.

Вакили мудофеи Музаффар Ҳакимов рӯзи 15 декабр гуфт, ки зерҳимояи ӯ гуноҳе надорад ва парванда бар асоси шикояти “хусусматомези маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров” парванда боз карда шудааст. Таҳмина Комилова аз шарҳи қазияи гирифтани пули хонаводаи Ёровҳо ва надодани ин пулҳо ба дасти ҷабрдидаҳо худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки ин иттиҳомот асос надорад.

Муфаттиши парвандаи Ёров боздошт шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Вале наздикони вакили маҳкумшуда ба 23 соли зиндон мегӯянд, муфаттиши парванда Музаффар Ҳакимов ба он хотир дастгир шудааст, ки қарзи ҷабрдидаҳои Ёров дар ҳаҷми 25 ҳазор доллар, ки аз ҷониби хешовандони вакили он замон боздоштшуда ба соҳибонаш дода нашуд ва дар дасти муфаттиш монд.

Вакил: Ҳакимовро баъди тафтиши дубораи қазия боздошт карданд

Таҳмина Комилова, вакили мудофеи Музаффар Ҳакимов рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 12 декабр Музаффар Ҳакимов боздошт шуд ва дар доираи тафтиши пешакии парвандаааш ба боздоштгоҳи мувақатии (ИВС)-и Вазорати корҳои дохила интиқол дода шуд. Вай гуфт, имрӯз ҳам барои мулоқот бо зерҳимояаш ба боздоштгоҳ меравад.

Заррина Набиева - ҳамсари Б.Ёров
Заррина Набиева - ҳамсари Б.Ёров

Дар шарҳи қазияи мазкур Таҳмина Комилова гуфт: “Дар моҳи сентябри соли равон Музаффар Ҳакимовро айбдор карда буданд ва бо тасдиқ нашудани далелҳо ин айбнома пӯшида шуда буд. Ҳоло аз нав айбдории ӯ мавриди тафтиш қарор дода шуда аз ҷониби прокурори Додситонии кулл Баҳриддин Исозода мавриди санҷиш қарор дорад”.

Мушаррафа Насриддинова, хоҳари Музаффар Ҳакимов рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нисбати бародараш 6 моҳ қабл парванда боз шудааст, вале онҳо дарак надоштаанд. Вай мегӯяд, аз дигарон дар бораи ин масъала огоҳ шуда аз бародараш дурустии ин хабарро пурсон шудааст, вале ӯ рад иттиҳомотро рад намуд. Дар бораи ҷузъиёти боздошти бародараш Мушаррафа Насриддинова чунин гуфт: “Соати 5 бегоҳи ҳамон рӯз аз прокуратура бародарамро даъват карданд ва бурданду дар ИВС маҳкам карданд. То имрӯз дар ҳамон ҷост". Ба иддаои хоҳар, Музаффар Ҳакимов гуноҳро ба гардан нагирифтааст ва ин қазияро "як тӯҳмат" арзёбӣ мекунад.

Хоҳари Бузургмеҳр: 25 ҳазор долларро ба муфаттиш додем

Аммо Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки ҳодиса воқеан ҳам ҷой дошт ва худи ӯ ҳам аз ҷараёни ин кор огоҳ аст. Аз рӯи гуфтаи Хосият Ёрова, ки ба ҳайси шоҳид ба додситонии кулл барои шарҳи ин қазия баёнот додааст, машварат бо Ҳакимов рӯзи 8 октябри соли 2015 сурат гирифт. Ба гуфтаи Ёрова, муфаттиш Музаффар Ҳакимов он рӯз дар боздоштгоҳи мувақаттии Сарраёсати корҳои дохилӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ ваъда додааст, ки дар баргардонидани пулҳои муштариёни даъвогари Бузургмеҳр Ёров дар ҳаҷми 25 ҳазор доллар кӯмак мекунад.

Хосият Ёрова
Хосият Ёрова

“Баъди ин маслиҳат бо хоҳиши Бузургмеҳр маблағро ҷамъ кардем ва ман ҳамроҳи янгаам - ҳамсари Бузургмеҳр Заррина Набиева дар рӯзи ҷашни таҷлили Рӯзи Конститутсия дар моҳи ноябри соли 2015 ба Раёсати корҳои дохилии пойтахт омада дар кабинети Музаффар Ҳакимов 25 ҳазор доллар - ду бандчаи 100-доллара ва як бандчаи 50-доллараи пулро гузошта рафтем”. Хосият Ёрова мегӯяд, мутмаин буд, ки Ҳакимов дар доираи парванда ин пулҳоро ба онҳое медиҳад, ки худро “ҷабрдида” ё “даъвогар” муаррифӣ кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон ҳамаи шоҳидонеро, ки дар ҷамъоварии 25 ҳазор доллар даст доштаанд, даъват намуда мавриди пурсиш қарор додааст. Ҷабрдида Моҳшариф Додова, яке аз онҳо мегӯяд, “дар ҳақиқат муфаттиши додситонӣ Исозода ӯро даъват кард ва пурсид, ки шумо дар ҷамъоварии 25 ҳазор доллар саҳм доред. Ман гуфтам, ки ҳамсари Бузургмеҳр Заррина аз ман хоҳиши кӯмак карда буд, вале ман маблағ надоштам. Баъди чанд муддат аз Заррина пурсидам, ки чӣ кор кардед, гуфт, ки 25 ҳазор долларро бурда додаанд”.

Дар ҳамин ҳол Таҳмина Комилова, вакили дифои Музаффар Ҳакимов меафзояд, ки “нафари маҳкумшуда дар нисбати муфаттиши худ хусумат дорад ва ин шикоят махсус барои резонидани обрӯи Ҳакимов карда шудааст”. Вай гуфт ҳоло тафтишот идома дорад ва бовар дорад, ки бегуноҳии зерҳимояаш собит хоҳад шуд.

Як соли тафтишоти Ёров: аз "қаллобӣ" то "экстремизм"

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Дар паи ин ҳукм нисбаташ парвандаи нави ҷиноӣ барои "беэҳтиромӣ ба суд" ва "таҳқири намояндаи давлат" боз шудааст, ки дар сурати гунаҳгор эълон кардани Ёров, хатари афзудани мӯҳлати зиндони ӯро дар пай дорад.

Ёров моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуд. Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ Ёровро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд. Ин буд, ки дар моҳҳои ахир мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва вакили дигари дифоъ Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт. Маҳкамов ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Хешовандони Ёров дар остонаи додгоҳ
Хешовандони Ёров дар остонаи додгоҳ

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ин ду вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва муттаҳам шуданд. Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакилони мудофеи зиндониро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.

Дар гузориши ин ду созмон, ки бори аввал моҳи майи соли равон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳоми мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG