Пайвандҳои дастрасӣ

Cозмони Афви Байналмилал рӯзи панҷшанбеи 10-уми август танҳо чанд соат пас аз эъдоми Алиризо Тоҷикӣ дар Шероз, ки дар навҷавонӣ муртакиби "ҷурм" шуда буд, дар баёнияе онро "иқдоми бешармона" номида ва ба он эътироз кард.

Алиризо Тоҷикӣ, ки аз 15-солагӣ ба иттиҳоми "таҷовуз ва қатл" дар яке аз зиндонҳои Шероз нигаҳдорӣ мешуд ва то ба ҳол ҳадди ақал иҷрои ҳукми эъдоми ӯ ду бор ба ақиб афтода буд, субҳи рӯзи панҷшанбе дар ҳамин шаҳр эъдом шуд.

Эрон пас аз Чин болотарин шумораи эъдомҳоро дар ҷаҳон дорад.

Пештар Созмони Афви Байналмилал, ки қароргоҳи он дар Лондон аст, гуфта буд, ки Алиризо Тоҷикӣ дар апрели соли 2013 аз сӯи Додгоҳи ҷиноии вилояти Форс бар пояи "'эътирофҳое", ки таҳти шиканҷа гирифта шуда буд ва муттаҳам онҳоро дар додгоҳ борҳо рад кард, ба ҷурми қатл ва таҷовуз, ба эъдом маҳкум шудааст.

Ҳукми эъдоми ӯ қарор буд, моҳи апрели соли гузашта иҷро шавад. Созмони Афви байналмилал дар ҳамон замон бо нашри як баёния аз мақомоти эронӣ хоста буд, ки ҳукми эъдоми Алиризо Тоҷикиро фавран бекор кунанд. Афви Байналмилал ҳоло пас аз иҷрои ин ҳукм вокуниш нишон дод ва онро "бешармона" хонд.

Яке аз зиндонҳои Эрон.
Яке аз зиндонҳои Эрон.

Муовини бахши Ховари Миён дар Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки мақомоти додгоҳии Эрон бо иҷрои ин ҳукм, дар воқеъ қонунҳои байналмилалиро нақз кардаанд. Вай ҳамчунин дар ин баёния иҷрои ҳукми Алиризо Тоҷикиро нишонаи "танаффур ва безории мақомоти Эрон аз ҳуқуқи кӯдакон" донист.

Дар ин миён, ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Алӣ Солеҳӣ, додситони умумӣ ва инқилоби Шероз ба қонунӣ будани эъдоми Алиризо Тоҷикӣ таъкид кард ва гуфт, "дар хусуси ин муттаҳам ҳама марҳилаҳои раванди додрасӣ одилона тай шуда ва муттаҳам аз ҳама ҳуқуқҳои қонунии худ истифода кардааст."

Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва паймони байнамилалии ҳуқуқи кӯдакон, ки Эрон аз ҷумлаи имзокунандагони онҳо аст, ҳамчунин меъёрҳои СММ дар заминаи навҷавонон, эъдоми афродеро, ки ҳангоми муртакиб шудани ҷурм зери 18-сола ҳастанд, мамнӯъ медонад. Аммо додситони умумӣ ва инқилоби Шероз гуфт, "муттаҳам дар замони содир кардани ҷиноят оқил ва болиғ буд ва дарк мекард, ки амали ҷиноятӣ чист."

Ниҳодҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ниҳодҳои додгоҳӣ дар Эрон навҷавонони маҳкумшударо фавран эъдом намекунад, балки онҳоро пас аз расидан ба сини 18-солагӣ эъдом менамоянд. Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳам эъдоми навҷавонони маҳкум ба эъдом пас аз расидани онҳо ба сини қонуниро мухолиф ба паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдак ва қонунҳои ҷаҳонӣ медонанд. Эрон пас аз Чин болотарин шумораи эъдомҳоро дар ҷаҳон дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG