Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Селфи" бо Моғеринӣ вакилони Эронро зери зарба гузошт. САДО


"Селфи" гирифтани як теъдод аз намояндагони порлумони Эрон бо Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбеи 5-уми август ва дар ҳошияи маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷлиси исломӣ, интиқодҳои густурдаеро дар пай доштааст.

Дар пайи ин интиқодҳои васеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Фараҷуллоҳ Раҷабӣ, намояндаи Шероз дар порлумон, дар "Телеграм"-и худ навишт, ҳарчанд ин аксҳо дар "фазои ғайрирасмӣ" гирифта шудааст, аммо бинобар он, ки "нақзкунандаи шаъни намояндагии мардум" аст, узрхоҳӣ мекунад.

Моғеринӣ барои маросими савгандёдкунии Ҳасанӣ Рӯҳонӣ ба Теҳрон рафта буд. Маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбеи 5-уми август дар порлумони Эрон баргузор шуд ва раиси ҷумҳури Эрон расман дувумин давр аз раёсати ҷумҳури худро оғоз кард.

Аз тарафи дигар Ҳисомиддин Ошно, мушовири фарҳангии президенти Эрон низ дар "Твиттер"-и худ ин амрро "мушкили фарҳангӣ" хонд. Интишори ин аксҳо ҳамчунин вокуниши шумораи дигаре аз ҳунармандон, сиёсатмадорон ва мардумро дар пай доштааст.

Яке аз аксҳои дастаҷамъии намояндагони порлумон бо раиси сиёсаи хориҷии Иттиҳодияи Аврупоро Ҳасан Қашқовӣ, муовини консулӣ ва сухангӯи пешини вазорати умури хориҷии Эрон гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз вакилони порлумони Эрон, ки бо Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо акс гирифтанд, интиқодҳоро рад карда ва аксҳои ёдгорӣ дар маросими савгандёдкуниро табиӣ донистааст.

Селфӣ бо Моғеринӣ дар Эрон моҷаро барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим

Аз ҷумла Ҳумоюн Юсуф, як вакили порлумон ба хабарнигории нимарасмии "Тасним" гуфтааст, "ин аксҳо комилан табиӣ буд, дар ҳошияи ҷаласҳои расмӣ чунин аксҳое гирифта мешавад ва набояд ин масъаларо ин қадар калон кард."

Вай гуфтааст, ки вакилони порлумон шавқманди акс гирифтан бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо набуданд ва ҳеҷ яке аз онҳо аз хонум Федерика Моғеринӣ даъват накард ва "ҳама чиз тақрибан тасодуфӣ буд". Рӯзномаҳои Эрон ҳам рӯзи душанбеи 7-уми август навиштанд, ки талошҳои намояндагони порлумони Эрон барои гирифтани "селфи" бо Магерони "мояи обрӯрезӣ" аст.

Моғеринӣ барои маросими савгандёдкунии Ҳасанӣ Рӯҳонӣ ба Теҳрон рафта буд. Маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбеи 5-уми август дар порлумони Эрон баргузор шуд ва раиси ҷумҳури Эрон расман дувумин давр аз раёсати ҷумҳури худро оғоз кард.

Бар асоси гузоришҳо, беш аз 70 ҳайати хориҷӣ барои ҳузур дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Теҳрон сафар карданд. Дар миёни меҳмонони хориҷӣ Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ буд ва бо Ҳасани Рӯҳонӣ дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА, дар маросими рӯзи шанбе 8 раиси ҷумҳур, 19 раиси порлумон, 9 муовини президент ва нахуствазир, 7 муовини раиси порлумон, 11 вазири умури хориҷӣ, ва 35 фиристодаи вижаи кишварҳо", ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG