Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Эрон ба суханони Човушоғлу дар ҳамоиши Мюнхен


Пас аз он, ки вазири умури хориҷии Туркия дар Ҳамоиши амниятии Мюнхен Эронро ба "фирқагароӣ" ва талош барои заиф сохтани Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн" муттаҳам кард, вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ин суханонро "ғайрисозанда" хондааст. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар ин нишаст ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш мухолифи ҳар гуна "тафриқаи динӣ ва мазҳабӣ" аст.

Дар вокуниш ба ин суханон, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, Туркияро "дар савдои хоми бозгашт ба императорӣ" муттаҳам кард ва гуфт, он кишвар бо мудохилаҳои "ғайриқонунӣ, ғайримашрӯъ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ", сабаби "хунрезӣ ва афзоиши танишҳо ва бесуботӣ дар минтақа" мешавад.

Вазири умури хориҷии Туркия дар Ҳамоиши амниятии Мюнхен Эронро ба "фирқагароӣ" ва "талош барои заиф сохтани Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн" муттаҳам кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин афзудааст, ки "онҳо бояд бидонанд, ки бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа гунаҳкоре ҷуз онҳо ва бархе дигар аз кишварҳои дигар надорад. Бинобар ҳамин, наметавонанд бо иттиҳом задан ба дигарон, аз гирдоби худсохта раҳоӣ ёбанд". Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон чанде беш ба суханони раиси ҷумҳури Туркия ба ин маънӣ, ки Эронро дар танишҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар минтақа муттаҳам карда буд, низ вокуниш нишон дода онро интиқод карда буд.

Изҳороти вазири умури хориҷии Туркия ва ҷавоби дастгоҳи дипломатии Эрон ба ин суханон дар ҳоле аст, ки ду кишвар бо ҳамроҳии Русия барои барқарории оташбас дар Сурия ва гуфтугӯ миёни гурӯҳҳои даргири суриягӣ, талош мекунанд. Дар ҳоли ҳоли ҳозир ин гуфтугӯҳо дар Остона -- пойтахти Қазоқистон идома доранд.

Изҳороти вазири умури хориҷии Туркия алайҳи Эрон дар ҳоле садо дод, ки рӯзи якшанбе вазири дифои Исроил ва вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ низ аз Эрон интиқод карданд. Вазири дифои Исроил дар рӯзи охирини рӯзи Конфронси амниятии Мюнхен дар нишасте таъкид кард, ки тақсимбандии воқеӣ миёни яҳудиён ва мусалмонон нест, балки "миёни миёнаравҳо ва тундравҳост" ва Эронро муттаҳам кард, ки ҳадафи ниҳоияш, заъиф сохтани Арабистони Саудӣ аст.

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ ҳам дар ҳамин рӯз Эронро "нерӯи бесуботкунанда дар Ховари Миёна" муаррифӣ кард, ки талош мекунад Арабистони Саудиро нобуд кунад. Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр изофа кард, то вақте, ки Эрон рафтори худро тағйир надиҳад, бисёр мушкил хоҳад, то бо чунин кишваре ҳамкорӣ кард.

XS
SM
MD
LG