Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ончӣ миёни Эрону Тоҷикистон мегузарад, дарднок аст”


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ.

Изҳороти як мақоми Маҷлиси Эрон рӯзи якшанбе мавзӯи равобити ояндаи Душанбеву Теҳронро дар матбуоти он кишвар гарм нигоҳ дошт. Муртазо Саффори Натанзӣ, раиси Кумитаи равобити хориҷии Кумисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, дар сӯҳбат бо хабаргузории "Мизон" гуфт, иттиҳомоти Тоҷикистон дар бораи сармоягузории кишвараш дар қатлҳои солҳои 90-ум "ба ҳеч ваҷҳ мавриди таъйид набуда ва дуруст нест".

Тавҷеҳи мақомоти тоҷик?

Душмани муштараки мо мехоҳад, равобити Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро тира кунад, то бар манобеи табиӣ ва сарватҳои худодии мо даст ёбад

Натанзӣ гуфт, "Эрон дар бахшҳое, чун энержӣ, роҳсозӣ ва барқ ба тоҷикҳо кумак кардааст, бинобар ин тоҷикҳо барои инки ба наҳве аз зери суолҳои мардуми худ нисбат ба қатъи равобит бо Эрон фирор кунанд, даст ба ин қабил иттиҳомот мезананд".

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми август дар як филми мустанад Ҷумҳурии Исломиро барои сармоягузории қатли ба камияш 13 чеҳраи саршиноси тоҷик ва тақрибан бист афсари рус дар охири солҳои навадум муттаҳам кард. Дар ин филм ҳадди ақал се нафари боздоштшуда эътироф карданд, ки барои омӯзиши низомӣ ба шаҳрҳои Қуму Гургони Эрон рафта, баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз пайи куштори донишмандону сиёсатмадорон шудаанд.

Мавзӯи пурбаҳси як ҳафтаи охир

Тағоймурод Ашрапов, яке аз боздоштшудаҳо, ки ба омӯзиши низомиаш дар Эрон эътироф кардааст
Тағоймурод Ашрапов, яке аз боздоштшудаҳо, ки ба омӯзиши низомиаш дар Эрон эътироф кардааст

Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, барои қатли Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари Ҳизб сотсиалисти Тоҷикистон ба ҳар кадомашон 2 ҳазор долларӣ доданд.

Ин иддаои ҷониби Тоҷикистон баҳси зиёдеро дар матбуоти ду кишвар ба по кард ва тайи чанд рӯз боз аз матолиби доғ ва пурбаҳси матбуоти Эрон ба шумор меояд. Рӯзи якшанбе низ даҳҳо вебсайти эронӣ ба масъалаи равобити Душанбеву Теҳрон дахл карданд.

Пойгоҳи "Фонус" рӯзи 13-уми август иттиҳоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи Эронро "кори душманони иртиботи ду миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабон" номид. Ин пойгоҳи хабарӣ бо иқтибос аз навиштаи Аббос Қанбарӣ, яке аз корбарони Телеграм, гуфт, “мо ба бародарони тоҷикистонӣ ишқ меварзем ва ҳеҷ гоҳ ба тазалзул ва тазъифи он намеандешем”.

"Ба андозаи кандани нохун аз гӯшт дарднок аст"

"Душмани муштараки мо мехоҳад, равобити Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро тира кунад, то бар манобеи табиӣ ва сарватҳои худодии мо даст ёбад”, - таъкид кардааст ӯ. Пойгоҳи “Фонус” аз Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики муқими Лондон, низ иқтибос кардааст, ки дар Фейсбук навишт, "дидани ончи ин рӯзҳо миёни Эрону Тоҷикистон мегузарад, дарднок аст. Ба андозаи кандани нохун аз гӯшт."

Рӯзномаи “Иттилот”, куҳантарин рӯзномаи Эрон, дар матлабе зери унвони равобити “Теҳрону Душанбе – Аз дирӯз то имрӯз” ба кандукови ба вуҷуди омадани ин вазъият пардохтааст. Баҳром Амир Аҳмадиён, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, дар сӯҳбат бо “Иттилоот” гуфтааст, “дар ин фазои муташанниҷ ниёз нест, аксуламали сареъ шакл гирад. Албатта, дастгоҳи дипломатӣ қудрат ва тавони инро дорад, ки танишҳоро мудирият кунад ва ба ҳар рӯй дар рӯзҳои оянда метавонад таҳрикоте барои ин раванд гирад. Аммо нигаронӣ набояд вуҷуд дошта бошад. Равобит бо Тоҷикистон ҳолате нест, ки ин кишвар саҳми болое дар муносибат ва тиҷорати хориҷии Эрон дошта бошад. Аз ин рӯ, тарафи тоҷикӣ бояд ба такопӯ биафтад, ки мавзӯъро ҳаллу фасл кунад.”

Тааҷҷуб аз як дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо раҳбарии олии Эрон. Теҳрон, соли 2015
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо раҳбарии олии Эрон. Теҳрон, соли 2015

Ин коршинос далели бад шудани равобити Тоҷикистону Эронро ба ҳимояти Ҷумҳурии Исломӣ аз ҲНИТ рабт додааст. Аммо дар айни замон гуфтааст, бар асоси қонунҳои Эрон ин кишвар ҳаққи ҳимоят аз ҳизбу созмонҳои исломӣ дар гӯшаҳои дунёро дорад ва ин нукта набояд мояи нигаронии Тоҷикистон бошад.

Бархе аз расонаҳои Эрон рӯзи якшанбе аз дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Хадамоти гумруки кишвар тааҷҷуб кардаанд. Бино ба ин хабарҳо, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъаи гузашта ва баъди иттиҳомоти Вазорати умури дохилии кишвар ба раҳбарияти Хадамоти гумрук гуфтааст, ёддошти тафоҳум барои иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи Теҳрону Душанберо дар бораи беҳтар иҷро шудани қонунҳои гумрукӣ ба имзо расонад. Расонаҳои Эрон мегӯянд, Тоҷикистон аз як тараф алайҳи ин кишвар иттиҳомот мезанад ва аз тарафи дигар дар фикри густариши ҳамкорист.

Тоҷикон чӣ мегӯянд?

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд.

Ҳафтаи гузашта мавзӯи иттиҳомоти Тоҷикистон алайҳи Эрон ва ояндаи равобити ду кишвар дар расонаҳои Тоҷикистон низ бозтоби густурдае дошт. Аммо берун аз баҳсҳои расонаӣ, ин қазия зеҳни шаҳрвандони ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро, ки то ду-се соли пеш робитаҳои танготанг доштанд ва дар фикри ташкили иттиҳоди кишварҳои форсизабон буданд, низ ба худ машғул сохт.

Дар изҳори назарҳо дар поварақи мақолаҳои бахши тоҷикӣ ва эронии Радиои Озодӣ низ корбарон ба ду даста тақсим шуданд. Бархе аз корбарони тоҷик аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда ва онро як амали дуруст талаққӣ кардаанд. Бархе ҳам навиштанд, ки "наход эрониён чунин корро ба мо тоҷикон раво доранд."

Назари мардум: Тоҷикистон бо кӣ дӯстӣ кунад?

Тоҷикистон бо кӣ дӯстӣ кунад? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд.

Аммо ин равобит соли 2015, баъди моҷарои пули Бобаки Занҷонӣ, миллардери боздоштшудаи эронӣ, қарзҳои Тоҷикистон аз нирӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси Теҳрон ба сардӣ гароид. Дар як соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд карда ва бо рақиби аслии Эрон дар Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ – риштаи дӯстӣ баст.

XS
SM
MD
LG