Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Рӯҳониву Раисӣ ба ширкати фаъоли мардум дар интихобот


Раъйдиҳӣ дар интихоботи президенти Эрон соати ҳашти субҳи ҷумъа ба вақти Эрон дар саросари кишвар оғоз ёфт. Шумораи афроде, ки дар ин интихобот ҳаққи раъй доранд, 56 миллион нафар эълон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар соатҳои ибтидоии оғози раъйгирӣ, дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар Эрон сафи тӯлонии мардум ба назар мерасид. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, интихобот дар давраи пур аз таниши миёни Эрон ва Амрико баргузор мешавад, вале бо ин ҳама "масоили иқтисодӣ" дар меҳвари баҳсҳои номзадҳои интихоботи президентии Эрон қарор доштааст.

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки мардуми зиёд дар навбати додани овози худ пои сандуқҳо омадаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, тайи рӯзҳои охир корзори сахте байни Ҳасани Рӯҳонӣ ва Иброҳими Раисӣ, ду номзади аслии интихобот ҷараён доштааст. Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони Эрон гуфтааст, ки бинобар аҳамияти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, шумориши орои ин интихобот пеш аз шумориши орои интихоботи шӯроҳо ва миёндаврии парлумон анҷом хоҳад шуд. Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ ва шӯроҳои шаҳрии Эрон ҳамзамон дар як вақт баргузор мешавад.

Чаҳор номзади боқимонда дар интихоботи президентӣ Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ, раҳбари Остони Қудси Разавӣ, Мустафо Ҳошимитабо ва Мустафо Мирсалим ҳастанд. Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини феълии оқои Рӯҳонӣ ба нафъи ӯ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон низ ба нафъи Иброҳим Раисӣ аз рақобатҳо канорагирӣ карданд.

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ яке аз аввалинҳо буд, ки соати 8 субҳ ба вақти Теҳрон барои овоз додан рафт ва аз мардуми Эрон даъват кард, ки дар интихобот фаъолона иштирок кунанд. Вай ба мардум тавсеа дод, ки “ҳарчи бештар ва ҳарчи зудтар пои сандуқҳои раъй омада дар овоздиҳӣ иштирок кунанд”.

Президенти амалкунандаи Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баъди он ки дар овоздиҳӣ иштирок кард, гуфт, ҳар нафаре, ки дар интихоботи президентӣ пирӯз мешавад, бояд аз ҷониби кулли мардум пуштибонӣ шавад. Вай гуфт, номзади пирӯз бояд тавонад масъулияти анҷоми рисолати азими раҳбарии кишварро ба ӯҳда бигирад. Ва қавли ӯ, “мардум бояд ҳар нафареро, ки пирӯз мешавад, шурӯъ аз фардо дар таъмини ваҳдати миллӣ ва шукуфоӣ пуштибонӣ кунанд”.

Иброҳими Раисӣ
Иброҳими Раисӣ

Раисӣ ҳам, ки дар миёни издиҳоми азими тарафдоронаш овоз дод, гуфт, ки ҳар нафар бояд натиҷаҳои интихоботро пурра бипазирад. Вай гуфт: “Раъйи мардум дар низоми мо раъйи ташрифотӣ нест. Як раъйи воқеист”.

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки мардуми зиёд дар навбати додани овози худ пои сандуқҳо омадаанд. Дар ин замина чанд сокини Эрон ҳам ба радиои Озодӣ хабар дод.

Як мард, ки нахост номаш бурда шавад, дар паёми электрониаш ба унвонии бахши форсии радиои Озодӣ гуфт, ки барои ворид шудан ба нуқтаи раъйгирӣ навбати тӯлонӣ мунтазир мондааст ва баъди овоздиҳӣ дидааст, ки шумори мардум дар навбат аз пештара ҳам бештар шудааст. Як зан аз Теҳрон хабар дод, ки дар назди баъзе нуқтаҳои раъйгирӣ дар пойтахт тарафдорони Рӯҳонӣ бо садои баланд барои президенти амалкунанда таблиғ мекарданд.

Аз рӯи қонун, овоздиҳӣ соати 18 рӯз хотима меёбад, вале дар гузашта бо назардошти зиёд будани шумори раъйдиҳандагон мақомот дар охирин лаҳза мӯҳлати овоздиҳиро дар нуқтаҳои райъгирӣ тамдид кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки барои пирӯзии Рӯҳонӣ ҳузури шумори зиёди мардум хеле муҳим аст. Аз рӯи бархе назарпурсиҳо, ӯ бо 20 дар сад раъйи бештар пешсафи Раисӣ аст ва шонс дорад, ки аз ҳисоби мардуми дар ҳоли тардид ваё дудила дар баробари интихоби ин ё он номзад, метавонад раъйи бештар ба даст орад.

Ин нахустин интихобот дар Эрон баъди дар соли 2015 бекор шудани таҳримҳои иқтисодии ин кишвар аз ҷониби Ғарбу Аврупо аст, ки дар робита бо барномаи ҳастаии Теҳрон ҷорӣ шуда буд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG