Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Эрон ду нафар кушта шуд. ВИДЕО


Дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ дар маркази вилояти Луристони Эрон ду нафар кушта шудааст. Ҳабибуллоҳ Хуҷастапур – муовини сиёсиву амниятии волии Луристон – рӯзи 31-уми декабр бо тасдиқи хабар гуфтааст, ки "тазоҳуроти шаби гузашта дар маркази вилоят ғайриқонунӣ буд". Вай ҳамзамон гуфт, "ҳеч тире аз тарафи нирӯҳои низомӣ, амниятӣ ва интизомӣ ба самти мардум парронда нашудааст."

Тазоҳуроти мардум дар Нишопур
Тазоҳуроти мардум дар Нишопур

Бино ба навиштаи хабаргузории “Меҳр”-и Эрон, ин мақоми давлатии Луристон гуфтааст, "дар ин даргириҳо пайи пойи гурӯҳҳои такфирӣ ва хадамоти хориҷӣ комилан қобили мушоҳида аст."

Тазоҳуроте, ки се рӯзи қабл дар чандин шаҳри Эрон оғоз шуда буд, шоми 30-юми декабр густариш ёфт. Гузоришҳо баёнгари он аст, ки эътирозҳо дар чанд шаҳр бо дахолати маъмурони амниятӣ ба хушунат кашида шудааст.

Фараҳ Паҳлавӣ, маликаи собиқи Эрон, низ рӯзи шанбе ҳимояти худро аз эътирози рӯзҳои ахир дар ин кишвар эълон кард ва гуфт, “миллати Эрон бори дигар ҷойгоҳи худро дар дунёи мутараққии имрӯз талаб мекунад”.

Аз ҷумла, дар ҷараёни тирандозӣ дар маркази вилояти Луристон шуморе аз муътаризон ҳадаф қарор гирифтаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аксу видеоҳое аз лаҳзаи интиқоли ҳадди ақал ду нафар, ки ба назар мерасад, ҳадафи тир қарор гирифтаанд, нашр шудааст. Баъзе аз расонаҳои дохили Эрон ба нақл аз чанд мақоми он кишвар аз боздошти тақрибан 80 нафар дар эътирозҳои шаби гузашта хабар доданд.

Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда, рӯзи 29 ва 30-юми декабр дар Теҳрону Аҳвоз, Қуму Кирмоншоҳ ва шаҳрҳои дигар идома кард. Дар ин эътирозҳо мардум алайҳи ҳукумати Эрон бо нидои “марг бар диктатур”, “миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” ва ё “Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун” шиор доданд.

Эътироз дар Кирмоншоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:10 0:00

Ҳусайн Ҳайдарӣ, раиси маҳкамаи инқилоби Машҳад, дар як изҳорот гуфт, ки “тазоҳурот ҳаққи мардум аст, аммо баъзеҳо мехоҳанд аз эҳсосоти мардум суистифода карда, ин мавҷро доман бизананд.” Пештар аз ин, рӯҳониёни эронӣ эътирозҳоро зидди ислом хонда, маҳкум карданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30-юми декабр роҳпаймоҳои саросарии солона ба ҳимоят аз ҳукумати Эрон низ баргузор шудааст. Бар асоси гузориши телевизионҳои давлатии Эрон, дар шаҳри Машҳад иштирокдорони роҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, шиор додаанд. Агар дар оғоз эътирозҳо ҷанбаи иҷтимоӣ дошт, ҳоло ба худ ҷомаи сиёсӣ пӯшида, ҳомиёну мухолифони режими Эронро ба ду дастаи бузург тақсим кардааст.

Видео: Гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумат дар Эрон

Гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумат дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз ҳукумати Эрон хост, ки ба ҳаққи мардуми худ эҳтиром гузоранд. Вай рӯзи 29-уми декабр дар Твиттер навишт, ки “ҷаҳон назорагар аст”.

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми декабр дар Твиттер ҳимояти худро аз эътирозҳои мусолиматомези эрониён баён дошт, ки ба қавли ӯ, “барои озодӣ талош мекунанд”. Ӯ бо баёни инки боздошти тазоҳургаронро маҳкум мекунад, афзуд, “акнун замони он расидааст, ки режими Теҳрон ба фаъолиятҳои террористӣ, фасоди ҳукуматӣ ва нақзи ҳуқуқи башар поён бидиҳад”.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Мак Кейн низ дар паёме дар шабакаи Телеграм навишт, мардуми Эрон солҳост аз тарафи тарафи ҳукумати худ таҳти фишор ҳастанд. Ҳукумате, ки ба гуфтаи ӯ, “ба бесубот кардани минтақа бештар аз вазъу ҳоли шаҳврандони худ аҳамият медиҳад”.

Фараҳ Паҳлавӣ, маликаи собиқи Эрон, низ рӯзи шанбе ҳимояти худро аз эътирози рӯзҳои ахир дар ин кишвар эълон кард ва гуфт, “миллати Эрон бори дигар ҷойгоҳи худро дар дунёи мутараққии имрӯз талаб мекунад”. Фараҳ Паҳлавӣ дар баёнияе гуфт, итминон дорад, “миллати Эрон ин бор низ ба сахтиҳо пирӯз омада, нур бар торикӣ ғалаба хоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG