Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Рамодӣ дар Ироқ ба дасти "Давлати исломӣ" афтодааст


Мақомоти ироқӣ таъйид карданд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" маркази вилояти Анбор шаҳри Рамодиро ба тасарруфи худ даровардааст.

Шаҳри Рамодӣ -- маркази вилояти Анбори Ироқ рӯзи якшанбе пурра ба тасарруфи гурӯҳи "Давлати исломӣ" даромадааст. Муҳаннад Ҳаймур, сухангӯи раиси вилояти Анбор ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки низомиёни ҳукуматӣ аз ин шаҳр фирор намуда ва Рамодӣ комилан суқут кардааст. Чанд мақоми амниятии дигар низ ин хабарро таъйид кардаанд.

Аз се рӯз ба ин тараф ҷангҳои сахт миёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Рамодӣ бо нерӯҳои ҳукумати Ироқ идома дошт ва ҷангиёни таҳти раҳбарии Абубакри Ал-Бағдодӣ рӯзи ҷумъа бинои ҳукумати вилоятро тасарруф карда буданд.

Шабакаи хабарии "Ал-Арабия" низ гузориш додааст, ки шаҳри Рамодӣ рӯзи якшанбе пас аз он, ки ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" шаҳрро зери ҳамлаҳои давомдор қарор доданд, суқут кардааст. Ин яке аз пешравиҳои нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар моҳҳои ахир будааст.

Як афсари баландпояи пулиси Рамодӣ гуфтааст, ки нерӯҳои амниятӣ, пулис ва артиш аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардаанд. Як афсари дигар ироқӣ дар ин шаҳр низ гуфтааст, ки ҷангиёни "Давлати исломӣ" назорати пойгоҳҳои аслии нерӯҳои қудратии Ироқ дар ин шаҳрро дар даст гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол артиши Амрико эълон кардааст, ки ҳавопаймоҳои эътилоф дар шабонарӯзи гузашта 18 ҳамла ба қароргоҳҳои "Давлати исломӣ" дар Ироқ анҷом додаанд, ки ҳафт ҳамла дар атрофи Рамодӣ будааст.

Ба пояи ҳисобҳои ибтидоӣ, дар даргириҳои рӯзҳои ахир дар шаҳри Рамодӣ беш аз 500 нафар кушта шудаанд. Расонаҳои ироқӣ шаби якшанбе гузориш доданд, ки ҳади ақал 150 нафар аз нерӯҳои пулиси Ироқ дар маркази Рамодӣ дар муҳосираи "Давлати исломӣ" қарор гирифтаанд.

Шайх Ориф Алвонӣ, аз шайхҳои вилояти Анбори Ироқ ба шабакаҳои хабарӣ гуфтааст, ки аз рӯзи ҷумъа ин афсарон ва нерӯҳои пулис аз қабилаи Абу Алвон дар муҳосираи пайкорҷӯёни "Давлати исломӣ" қарор гирифтаанд. Аз сарнавишти онҳо то кунун хабаре дар даст нест.

Анбор калонтарин вилояти Ироқ ба шумор рафта ва аз минтақаҳои стратегии он кишвар ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG