Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайит, Ҳусайнӣ, Саидиброҳими Назар аз ҲНИТ номзад шуданд


Пешбарии номзадҳо барои курсии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ аз чанд рӯз ба ин тараф идома дорад ва ин маърака рӯз то рӯз “гармтар” мешавад.

Дар маъракаи пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ, ки аз як ҳафта ба ин тараф идома дорад, аз ҳама бештар Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзад пешниҳод кардаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то кунун бархе аз чеҳраҳои саршиноси худро дар манотиқи марказии кишвар номзад намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, муовини раиси ин ҳизб Саидиброҳими Назар аз ҳавзаи шумораи 37-и Кӯлоб ва муовини дигари Муҳиддин Кабирӣ -- Сайидумар Ҳусайнӣ, аз ҳавзаи шумораи 10-и Ваҳдат номзад шудаанд.

Бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Қумсангир номзадии муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳаййт ва сухангӯи ин ҳизб Маҳмудҷони Файраҳмонро аз ҳавзҳои шумораи 9-и Рӯдакӣ ва ҳавзаи 33-и Қумсангир пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби хокими халқӣ –демократии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни кишвар номзадҳои худро пешниҳод кардааст. Дар миёни номзадҳои пешниҳодкардаи ҲХДТ номҳои раиси кунунии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва раҳбари Кумита оид ба умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода ба чашм мехӯранд. Шукурҷон Зуҳуров аз ҳавзаи шумораи 12-и Рашт ва Олимҷон Салимзода аз ҳавзаи шумораи 22-и Айнӣ номзад шудаанд.

Фелалишоҳи Акрамшоҳ аз ҳавзаи якмандатаи шумораи 41-и Хоруғ, Бахтовар Сафаров, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳавзаи ноҳияи Вахш, Ҳилолбӣ Қурбонова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон аз ҳавзаи 36-Данғара, аз номзадҳои дигари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мебошанд.

Тибқи қонуни интихоботи порлумони Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ 60 рӯз пеш аз интихобот шурӯъ шуда, 15 рӯз давом мекунад. Интихоботи навбатии маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1 марти соли 2015 таъин шудааст ва ба ин далел, пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ 30 декабр оғоз ёфт.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2014 бо судури як фармон санаи интихоботи порлумониро 1-уми марти соли 2015 таъин кард. Бар пояи ин фармон, замони интихоби аъзои палати болоӣ ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 март муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG