Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Ҳалимов фармондеҳи ДИИШ шудааст


Гулмурод Ҳалимов.
Гулмурод Ҳалимов.

Тибқи гузориши расонаҳои Ироқ, полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов раҳбари шохаи низомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" таъйин шудааст.

Пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv рӯзи шанбеи 3 сентябр аз қавли як манбаи амниятӣ дар вилояти Найнавои Ироқ, ки хостааст номаш фош нашавад, гузориш дод, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" полковники фирории тоҷик Гулмуроди Ҳалимовро ба ҷои Абу Умари Шешонӣ, фармондеҳи низомии ин гурӯҳ, таъйин кардааст. Даҳҳо манобеи дигар ин хабарро ба такя ба alsumaria.tv, нашр кардаанд. Аммо дурустии ин хабар аз манобеи дигар имкон надорад ва мақомоти Тоҷикистон ҳам то ба ҳол дар робита ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз тарси он, ки фармондеҳони наваш ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи ин гурӯҳ бо раҳбарии Амрико қарор нагиранд, расман таъйини Гулмурод Ҳалимов ба унвони раҳбари шохаи низомии ин гурӯҳро, эълон накардааст. Пеш аз ин шуморе аз фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуда буданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бештари фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳастанд ва фармондеҳии умури ДИИШ дар Найнаво бар ӯҳдаи фармондеҳони дараҷи дувум ва савум аст ва танҳо шумораи каме аз фармондеҳони радаи аввали ин гурӯҳ дар ин вилояти Ироқ мебошанд.

Абу Умар Чеченӣ ё Шешонӣ.
Абу Умар Чеченӣ ё Шешонӣ.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми июл гуфт, ки Абу Умар Шешонӣ ё Чеченистонӣ, аз фармондеҳони баландпояи ин гурӯҳ, дар вилояти Салоҳиддини Ироқ кушта шудааст. Вазорати дифои Амрико қаблан эълон карда буд, ки чаҳоруми марти соли равон эҳтимолан Умари Шешонӣ, ки аз ӯ ба унвони "вазири ҷанг"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ном бурда мешуд, дар ҳамла ба мошини ӯ дар шимол-шарқи Сурия, кушта шудааст.

Гузоришҳо дар мавриди таъйин полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба унвони раҳбари шохаи низомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳолест, ки ҳудуди як ҳафта қабл Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ёфтани маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ваъда кард. Ин нуктаро Курт Райз, ёвари котиби давлатии Амрико оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳо, рӯзи 30-юми август дар як нишасти матбуотии телефонӣ аз Вашингтон баён кард.

Ӯ гуфт, "мукофот дар ҳаҷми то 3 миллион доллар барои маълумот дар бораи макони будубош, дастгир ё маҳкум кардани Гулмурод Ҳалимов дар чорчӯби Барномаи "Мукофот барои адлия" рӯи даст гирифта шудааст. Афроди огоҳ ҳамагуна хабарҳои худро дар ин замина метавонанд, ба наздиктарин сафорати Иёлоти Муттаҳида ва ё адреси имейли сохторҳои дипломатии Амрико фиристанд."

Райз афзуд, собиқ полковники нирӯҳои таъиноти махсуси ВКД "снайпери низомӣ буд ва дар солҳои 2003-2014 дар давраҳои омӯзишӣ дар мубориза алайҳи тероризм, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудаанд, иштирок кардааст. Ҳадаф аз ин давраҳо, омӯзондани мақомоти амнияту корҳои дохилии давлатҳои шарик ҷиҳати ҷилавгирӣ ва фош кардану омода будан ба ҳамлаи террористӣ буд."

Ба таъкиди ёвари котиби давлатии Амрико, вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Гулмурод Ҳалимовро ҳамчун террористи байналмилалии дараҷаи махсус муайян карда, Кумита оид ба масоили ДИИШ ва Ал-Қоидаи назди Шӯрои амнияти СММ нисбат ба ӯ таҳрим ҷорӣ кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вижагиҳо, Курт Райз таъкид кард, ки “Гулмурод Ҳалимов воқеан барои ИМА ва ҳамин тавр Тоҷикистон хатар дорад. Чун зимни ширкат дар давраҳои омӯзишӣ аз усулу шеваҳои мубориза бо тероризм бархурдор гардидааст ва метавонад таҷрибаи омӯхтаашро амалӣ намояд”.

Ӯ дар посух ба суоли он ки чаро ҳукумати Амрико пас аз ҳудуди 1,5 соли пайвастани Гулмурод Ҳалимов чунин иқдомро пеш гирифт, гуфт, “барои мо ин муҳлат, яъне 1,5 сол зарур буд, то тамоми ҷанбаҳоро омӯхта ва ҳаҷми маблағи мукофотро муайян кунем. Зеро мақсад танҳо гирифтани маълумот дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, террористи хатарноки ДИИШ аст."

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ гуфт, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин иддаои Ҳалимовро таъйид карда буд.

​Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард ва гуфт, ки алайҳи ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.​

Гулмурод Ҳалимов.
Гулмурод Ҳалимов.

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи январи имсол гуфтанд, ки бино ба иттилои онҳо Гулмурод Ҳалимов дар ҷангҳои Ховари Миёна ду бор захмӣ шудааст ва моҳи июл Рамазон Раҳимзода эълон кард, ки "корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои боздошти ӯ идома доранд".

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги зиёд аз 300 нафари онҳо таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG