Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сооронбой Ҷеенбеков савганди президентӣ ёд кард. ВИДЕО


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти нави Қирғизистон рӯзи 24-уми ноябр дар як маросими вижа савганд ёд кард.

Ӯ расман ҷойгузини Алмосбек Отамбоев шуд, ки даври шашсолаи раёсатҷумҳуриаш дар Қирғизистон ба анҷом мерасад. Аз замони истиқлоли Қирғизистон бори аввал аст, ки дар ин кишвар тағйири қудрат ба таври осоишта ва бар асоси интихобот баргузор мешавад.

Дар маросими савгандёдкунии президенти нави Қирғизистон 450 нафар, бо шумули вакилони парлумон, дипломатҳои хориҷӣ ширкат карданд. Ҷеенбеков, ки дар ин маросим бо забони қирғизӣ ва русӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ваҳдату якпорчагиашро ҳифз мекунад.

Ҷеенбеков, ки дар ҳукумати Отамбоев аз соли 2016 то 2017 ба ҳайси сарвазир кор мекард, мубориза бо фасодро аз авлавияти кори ояндаи худ унвон кардааст. Ӯ гуфт, мубориза бо фасод шароит барои рушди ҷомеаро бозтар мекунад. Ҷеенбеков дар интихоботи 15 октябр бо касби бештар аз 54% раъйи мардум пирӯз шуд.

Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст, ки шаш миллион аҳолӣ дорад. Дар Тоҷикистон интизор доранд, ки дар замони раёсати Ҷеенбеков ҳамкориҳо наздиктар шуда, мушкили марзӣ, ки солҳо миёни ду кишвар ҷой дорад, ҳалли худро пайдо мекунад.

Маросими савгандёдкунии президент Сооронбой Ҷеенбеков дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

XS
SM
MD
LG