Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ гуфт, Каромат Шарипов ба Тоҷикистон фиристода мешавад


Соли 2011 Каромат Шарипов зимни боздид аз Душанбе ба Радиои Озодӣ интервю дода буд
Соли 2011 Каромат Шарипов зимни боздид аз Душанбе ба Радиои Озодӣ интервю дода буд

Бо як қарори як додгоҳи Люберетскии вилояти Маскав Каромат Шарифов, як фаъоли муҳоҷирон барои нақзи муқаррароти будубоши Кодекси маъмурии Русия айбдор дониста шуда, ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум шудааст.

Додгоҳ ҳукм кардааст, ки Каромат Шарипов бояд ҷаримаро дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл пардохт карда баъдан ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.

"Ҷараёни қабули шаҳрвандии Русия "ғайриқонунӣ" буд"

Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки дар паи санҷиши раёсати вазорати умури дохила дар вилояти Смоленск ба хулосае омадааст, ки ҷараёни

Ба назари ман шахсияти Каромат Шарифов суолбарангез ва ё зидду нақиз аст. Гоҳ алайҳи ҳукумат садо баланд мекунад, гоҳ зидди мухолифин ҳарф мезанад. Вале бо вуҷуди ин ба садҳо муҳоҷирин кории тоҷик кумак намуда ҳамчун ҳомии ҳуқуқи онҳо заҳмат кашидааст

ба шаҳрвандии Русия пазируфта шудани Шарипов “ғайриқонунӣ” сурат гирифта, эътибори шиносномаҳои русии то имрӯз гирифтаи ӯ бекор шудааст.

29 сентябри соли ҷорӣ як раёсати ВКД дар вилояти Маскав шиносномаи шаҳрвандии Шариповро бекор кард. Соле аз ин пеш бо қарор додгоҳи олии Русия созмони таъсисдодаи ӯ “Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷик” ҳамроҳ бо 46 шӯъбааш дар саросари Русия барои “нақзи фаъолияти оинномавӣ ва протоколҳои анҷуман” баста шуд.

Дар паи қарори додгоҳи рӯзи 30 ноябр худи Каромат Шарипов дар боздошт буда, қарор аст баъди 10 рӯз ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.

Ҳомии Шарипов: Ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунем

Рӯзи 1 декабр Гулбаҳор Қодирова, ёвари вакили мудофеи Каромат Шарифов дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ба Шарипов “варақаи бозгашт ба ватан”-ро супурдааст.

Наздикони Каромат Шарифов мегӯянд, таи 10 рӯз бо ӯ мулоқот карда наметавонанд ва аз болои қарори додгоҳи Либертсии Маскав шикоят хоҳанд бурд, зеро ба қавли онҳо, Каромат Шарифов ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд, балки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия муқимӣ шуда шаҳрвандии ин кишварро гирифта буд.

Ҳомиёни Каромат Шарипов мақомоти ҳукумати Тоҷикистонро муқассири мушкилоти ӯ меноманд ва мегӯянд, тамоми таъқибҳои ӯ бар пояи шикоятҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Гулбаҳор Қодирова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “додрас ба саволи ин ки “агар Шарифов шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ шуда бошад, пас чаро рақами паспорт ва маълумотномаи паспорти Тоҷикистон зикр нашудааст”, посух надод”. Вай гуфт, додрас бо сабаби “махфӣ будани қаҳзия” далелҳои қалбакӣ будани санадҳои шаҳрвандии русии Шарифовро ҳам шарҳ надод.

Гулбаҳор Қодирова бовар дорад, ки шикоят аз болои қарори додгоҳ метавонад аз ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад.

"Шахсияти зидду нақиз аст"

Иззат Амон, як фаъоли дигари муҳоҷирон дар Русия рӯзи 1 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз бо нияти ширкат дар мурофиаи додгоҳии Каромат Шарифов ба суд рафт, вале бо далели махфӣ будани мурофиа ӯро ба дохили толор роҳ надоданд.

Каромат Шарипов 54 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳамеша гуфтааст, ки дар солҳои 1990-ум дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмат карда як афсари нирӯҳои низомии Русия мебошад. Соли 2008 “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия”-ро ташкил дода, ба як чеҳраи фаъоли матбуотӣ ҳам табдил шуд. Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст.

Дар паи моҷарои марбут ба латукӯби як муҳоҷири тоҷик дар шоми 20-ум ва рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар маркази тиҷоратии "Люблино", додситонии минтақаи ҳамномаи он дар шаҳри Маскав Каромат Шариповро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор кард. Додситонӣ ӯро ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин нооромиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Вале бархе коршиносон мегӯянд, рисолаи Кароматулло Шарипов барои онҳо то охир рӯшан ва шаффоф нест. Иззат Амон гуфт: “Ба назари ман шахсияти Каромат Шарифов суолбарангез ва ё зидду нақиз аст. Гоҳ алайҳи ҳукумат садо баланд мекунад, гоҳ зидди мухолифин ҳарф мезанад. Вале бо вуҷуди ин ба садҳо муҳоҷирин кории тоҷик кумак намуда ҳамчун ҳомии ҳуқуқи онҳо заҳмат кашидааст”. Иззат Амон гуфт, ки қарори ихриҷи ӯ тарафдоронашро ба ташвиш овардааст.

Ҳанӯз мақомоти тоҷик қазияи ихроҷи Шариповро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, аз натиҷаи додгоҳ аз матбуоти русӣ огаҳ шудаанд.

Бархе нозирони дигар мегӯянд, ки дар пушти тасмими додгоҳ дар нисбати Каромат Шарипов бояд аъмоли ӯ баҳогузорӣ шавад, ки бисёр вақт суолбарангез ва моҷароҷӯёна будааст. Бархе мунаққидон тасмими маҳрум шудани ӯ аз шиносномаи русиро ба фаъолияти кориаш рабт медиҳанд.

Аз ҷумла, раиси ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфт: “Аъмоли Каромат Шарифов дар вақтҳои ахир ё ба яке аз давлатҳо ва ё ба ҳарду давлат маъқул наафтодааст. Барои ҳамин масъалаи депортатсияи ӯро ба миён гузошта шудааст". Зоиров гуфт, ки Каромат Шарипов дар матбуот ва телевизиони Русия зиёд баромад мекард, вале мавқеи ӯ на ҳамеша яксон буд:

"Суханрониҳои ва баҳсҳои ӯро дар телевизионҳои Русия дидаам. Вай албатта дар ҳимояи муҳоҷирон корҳои чандон дуруст надошт, вале амалҳои шоистааш бештар ҳастанд. Ба назари ман кадом мақомот ва ё нафаре масъалаи тақаллубӣ будани паспорти ӯро медонистааст ва ба мақомоти Русия хабар додааст. Вакилони мудофеъаш дар қадами аввал масъалаи дуруст будани паспорти Русияи ӯро бояд дақиқ кунанд”.

Мунаққидон мегӯянд, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ва рӯ ба Русия овардани садҳо ҳазор шаҳрванди ин кишвар, ҳеҷ як созмон ё фаъоле натавонист дар амри кӯмак ба мушкилоти муҳоҷирон нақши мунсифона ва беғаразона иҷро кунад. Муҳоҷирони корафтода дар ҳолатҳои зиёд бархе созмонҳои ҷамъиятиро дар тамаъҷӯӣ ва бархӯрди нобаробар ба ҳамватанон дар Русия муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG