Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонободро аз дасти Толибон раҳо карданд


Маркази Хонободи вилояти Кундуз.
Маркази Хонободи вилояти Кундуз.

Асадулло Умархел рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, к ноҳияи Хонободро нерӯҳои давлатӣ “комилан аз дасти Толибон гирифтанд ва ҳоло парчами Афғонистон дар болои қароргоҳи ҳукумат парафшон аст. Ӯ афзуд, ки ҳамроҳ бо Толибон ҳамчунин “ҷангҷӯёни хориҷӣ ба мисли чечен” ба зидди нерӯҳои артиши миллии Афғонистон меҷангиданд. Асадулло Умархел иддао кард, ки лаҷоми раҳбарони ҷангҷӯёнро Хадамоти истихборотии Покистон дар даст дорад”. Иддаое, ки Покистон ҳамвора рад мекунад. Хонободро ҷангҷӯёни Толиб субҳ ишғол карданд.

Хонобод дар 30 километрии шарқи шаҳри Қундуз қарор дорад, ки соли гузашта барои муддати кӯтоҳе ба дасти Толибон афтод. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки дар воқеъ ҷангӯёни гурӯҳ қароргоҳи ҳукумати ноҳия ва идораи пулисро ишғол карда ва мошинҳои низомиву аслиҳаи нерӯҳои давлатиро ғанимат гирифтаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Кундуз гуфтанд, ки вулусволии Хонобод субҳи имрӯз, 20 август пас аз чанд соати даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон, суқут кардааст.

Ҳаётулло Амирӣ, раиси ноҳияи Хонобод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон субҳи имрӯз аз чандин сӯ ба маркази ин вулусволӣ ҳамла карданд ва саранҷом нерӯҳои амниятии афғон баъд аз муқовимати зиёд ва ба охир расидани муҳимоти ҷангӣ, маҷбур ба ақибнишинии тактикӣ шуданд.

Амирӣ афзуд, ки нерӯҳои амниятии афғон дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Қалъаи ҷангии Хонобод ҷобаҷо шудаанд. То ба ҳол дар мавриди талафоти ин даргириҳо маълумоте ироа нашудааст. Толибон суқути вулусволии Хонободро таъйид кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, Хонобод аз чаҳор рӯз ба ин тараф дар муҳосираи Толибон қарор дошт.

Тибқи гузоришҳо, чанд рӯз ба ин тараф шоҳроҳи Кундуз- Бағлон, ки вилоятҳои шимолии Афғонистон ба Кобулро мепайвандад, баста мебошад. Нерӯҳои амниятии афғон мегӯянд, ки ин шоҳроҳ бозгушоӣ шуда ва ҳоло амалиёти поксозӣ идома дорад. Аммо Толибон иддао доранд, ки қисматҳое аз ин шоҳроҳ дар дасти онҳост.

Кундуз аз ҷумлаи нооромтарин вилояти Афғонистон ба шумор меравад ва давоми ду соли ахир вулусволиҳои он, аз ҷумла Хонобод борҳо ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва Толибон дасти ба даст шудааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар тирамоҳи соли гузашта барои чанд рӯз маркази вилояти Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатӣ танҳо бо кумаки нирӯҳои Амрико ва эътилоф муяссар шуд, ки ҷангҷӯёнро аз Қундуз берун кунанд. Вале толибҳо то ҳол дар дастикам 4 ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Қалъаи Зол ҳузури қобили мулоҳиза доранд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-ум ба майдон омада, аз соли 1996 то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат меронд. Режими Толибон, ки меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ карда буд, дар пайи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико барандохта шуд. Вале ин гурӯҳ ба муқовиматҳои мусаллаҳонааш алайҳи ҳукумати баъдии Афғонистон ва нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ идома дод.

Фаъолиятҳои Толибон бахусус баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф аз Афғонистон дар поёни соли 2014 авҷ гирифт ва ҷангҷӯёни он чандин минтақа дар ҷанубу шарқи ин кишвари ҷангзада ва ҳатта дар вилоятҳои шимолии Қундузу Тахор ва Бадахшонро зери назорати худ оварданд.

XS
SM
MD
LG