Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” дар майдони худ “Регар”-ро шикаст дод


акс аз вебсайти ff.tj
акс аз вебсайти ff.tj

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии марказии даври нуздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳузури 2000 тамошогар барпо гардид, ду голи мизбононро капитани даста Манучеҳр Аҳмадов ва як голи дигарро Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расонданд. Ду голи меҳмононро Комрон Турсунов ва Шодибек Ғаффоров заданд.

“Хуҷанд”, ки дар ҳамин ҳол бо 30 имтиёз дар зинаи севуми ҷадвал қарор гирифтааст, муборизаро барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқот бо рақиби аслиаш - ССКА “Помир”-и Душанбе идома медиҳад. Низомиён бо 33 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудаанд, вале нисбат ба хуҷандиҳо ду бозӣ бештар анҷом додаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, бегоҳи имрӯз, 18-уми сентябр, пешсафи ҷадвал ва муддаии ягонаи медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе – дар бозии охирини даври нуздаҳум дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 19 (1:0). Комрон Турсунов, 36 (1:1). Хуршед Бекназаров, 52 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 76 (2:2). Манучеҳр Аҳмадов, 90+8 – аз пеналтӣ (3:2).

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Шодибек Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

17 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошогар.

18 сентябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Истиқлол» – «Панҷшер»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст: 1. “Истиқлол” – 39 имтиёз (15 бозӣ). 2. ССКА “Помир” – 33 имтиёз (19 бозӣ). 3. “Хуҷанд” – 30 имтиёз (17 бозӣ). 4. “Барқчӣ” – 20 имтиёз (17 бозӣ). 5. “Регар-ТадАЗ” – 20 имтиёз (19 бозӣ). 6. “Вахш” – 18 имтиёз (18 бозӣ). 7. “Панҷшер” – 16 имтиёз (18 бозӣ). 8. “Ҳосилот” – 15 имтиёз (17 бозӣ).

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Дилшод Восиев («Истиқлол») – 8-тӯбӣ, Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG