Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо вуҷуди мухолифатҳо курдҳои Ироқ дар ҳамапурсии истиқлол ширкат карданд. ВИДЕО


Бо вуҷуди мухолифтаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамапурсӣ барои истиқлол дар иқлими Курдистони Ироқ, субҳи имрӯз, 25-уми сентябр оғоз шуд. Агар мардуми Курдистон дар ин ҳамапурсӣ ба ҳимоят аз истиқлоли ин минтақа раъй бидиҳанд, қадаме хоҳад буд ба сӯи ҷудоии Курдистон аз Ироқ.

Ҳудуди 12 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ дар соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ боз шуд ва қарор аст, ки 5,3 миллион раъйдиҳанда давоми 12 соат дар ин маъракаи сарнавишсоз барои курдҳо, ширкат кунанд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои ибтидоии ин раъйпурсӣ дар 24 соати оянда эълон шавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфта буданд, лағв нашудани раъйгирӣ ба ошӯб ва ҳараҷу мараҷ дар минтақа меанҷомад.

Эрон, Туркия, ҳукумати марказии Ироқ, Амрико ва дабири кулли СММ ба ин ҳамапурсӣ мухолифат кардаанд. Ҳукумати Исроил аз ҳамапурсӣ ҳимоят кардааст. Урдун мавзеи расмии худро эълон накардааст ва тибқи гузоришҳо, Русия низ мавқеи мушаххасе нагирифтааст. Арабистони Саудӣ ибрози умедворӣ карда буд, ки раъйгирӣ анҷом нашавад.

Тайи рӯзҳои гузашта фишорҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз баргузории ҳамапурсӣ афзоиш ёфта буд. Илова бар ҳушдорҳои ҳамсоягон дар мавриди оқибатҳои ҳамапурсӣ, ва низ размоишҳое дар марзи Ироқ, кишварҳое монанди Амрико ба он мухолифат карданд.

Назархоҳӣ барои соҳибистиқлолии курдҳои Ироқ шурӯъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

​Вазорати умури хориҷии Амрико чанд рӯз қабл эълон кард, "агар ҳамапурсӣ баргузор шавад, хеле мушкил хоҳад буд, ки музокироте бо Бағдод сурат гирад ва пешниҳоди тарафҳои байналмилалии зикршуда барои ҳимоят аз он низ масдуд хоҳад шуд."

Президентҳои Эрон ва Туркия гуфта буданд, лағв нашудани раъйгирӣ ба ошӯб ва ҳараҷу мараҷ дар минтақа меанҷомад ва нахуствазири Ироқ ин ҳамапурсиро "тасмими якҷониба" хонд, ки ба амнияти Ироқ ва минтақа, таъсир мегузорад.

Рӯзи якшанбе Туркия марзҳои худ бо иқлими Курдистонро баст. Эрон низ эълом кард, ки парвозҳо ба Сулаймония ва Арбилро қатъ намудааст. Нерӯҳои артиши Эрон низ размоишҳоеро дар марзҳои ғарбии худ оғоз карданд. Парлумони Туркия дар айни ҳол тарҳеро, ки ба артиши он кишвар иҷозаи дахолат дар Сурия ва Ироқ дар сурати таҳдидҳои амниятиро медиҳад, тамдид кард.

XS
SM
MD
LG