Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

26 соли истиқлолияти Қирғизистон: мубориза барои демократия идома дорад


Рӯзи 31 август Қирғизистон 26-умин солгарди истиқлолияти кишварро таҷлил кард. Дар ин муддат ин кишвар ду инқилоб ва чандин бӯҳрони сиёсиро пушти сар кардааст. Замоне Қирғизистонро «ҷазираи демократия» дар Осиёи Марказӣ меномиданд. Оё ин шиори сиёсӣ имрӯз ҳам ҳифз шудааст?

Қирғизистон аз оғози таъсисёбиаш ба унвони як ҷумҳурии соҳибистиқлол дар баробари ислоҳоти демократӣ боз буд. Президенти нахустин Аскар

Мардуми мо бо ду инқилоби солҳои 2005 ва 2010 нишон дод, ки аз миёни ду мафҳум – “ишками сер” ва “озодӣ” – дуюмиро интихоб мекунад. Ҳамеша мегӯянд, ки Қирғизистон мисли дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ хеле осон ва бе мубориза ба истиқлол даст ёфт, вале он чи ки ҳоло дар ин ҷо мегузарад, мубориза баро истиқрори истиқлолияти сиёсӣ аст.

Оқоев ваъда дод, ки кишварро ба як «ҷазираи демократия» табдил медиҳад. Хати маши таъйинкардаи Оқоев ин буд, ки Қирғизистон иқтисоди озод ва рушди демократиро интихоб мекунад ва дар баробари президент дар кишвар як ҳукумати пойбанд ба қонун амал мекунад, ҳуқуқи инсон арҷгузорӣ мешавад ва ин ҳама тааҳҳудоти Оқоев мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ шуд.

Вале баъдан худи Оқоевро дар қонуншиканӣ ва фасод муттаҳам карда, аз қудрат сарнагун карданд. Дар маҷмӯъ, то соли 2010 ин кишвар шоҳиди ду инқилобе шуд, ки бо сарнагунии ҳукумат ва президентонаш анҷомид.

Отамбоев: «Қирғизистон як давлати демократӣ аст”

Мақомоти амалкунандаи Қирғизистон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ин кишвар аз роҳи демократия гом мебардорад ва дар охирин суханрониаш дар Чолпонота президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ки мудирияти демократӣ дар кишвар боиси пешрафт дар фаъолияти созмонҳои маданиву матбуоти мустақил шудааст. Отамбоев гуфт, ки дар Қирғизистон “журналистони шадидлаҳну мунаққиди ҳукумат кор мекунанд” ва ба ҳамин хотир ӯ “аз ояндаи кишвар ҳарос надорад”, чунки онҳо намегузоранд, ки “президент ва ҳукумат ҳар коре, ки дилашон мехоҳад, бикунанд”.

Вале таҳаввулоти ахир дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла маҳкум ба зиндон шудани раиси як ҳизби мухолифин ва бархе дигар фаъолони сиёсӣ, мурофиаҳои судии зидди журналистони мунаққиди ҳукумат, фишор болои фаъолони ҳуқуқи башар, ки дар бисёр ҳолатҳо бо ширкати худи президент рух додааст, суолҳоеро дар заминаи самимият ва садоқати ҳукумати амалкунанда нисбат ба ислоҳоти демократӣ ба миён овардааст.

“Инститҳои демократӣ кор намекунанд”

Аида Олимбоева, як сиёсатшиноси муқими Бишкек мегӯяд, шиори “Қирғизистон - ҷазираи демократия” бештар як паём ба ҷомеаи байналмилалӣ буд, ки “бубинед, нияту ҳадафҳои мо чӣ аст. Вале дар 26 соли охир, ба бовари ӯ, ҳеҷ марҳилаи сиёсие набуд, ки ҷумҳурӣ воқеан ҳам ба ҳайси як ҷомеаи демократӣ арзёбӣ шуда бошад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз ҳеҷ як институти демократии Қирғизистон натавонист ба таври комил фаъолияти худро бидуни монеа роҳандозӣ кунад.

Инқилоби соли 2010 бо барканории ҳукумати Қурмонбек Боқиев анҷомид
Инқилоби соли 2010 бо барканории ҳукумати Қурмонбек Боқиев анҷомид

“На интихоботҳо, на парлумон, на матбуот дар ин 26 сол натавонистанд ба ҳайси сохтору ҷараёнҳои демократӣ пешрафт кунанд. Ҳоло баръакс, мо шоҳиди ақибравии ҷиддӣ дар кори ин ҳама бахшҳо ва ҳам дар масоили ҳуқуқи башар шудаем. Озодиҳои сиёсӣ хеле маҳдуд шудааст ва қабули конститутсияи нав ҳам як намунаи ин ҷараёнҳо мебошад”, гуфт Олимбоева.

Вале аз назари таҳлилгарони берунаи минтақавӣ, боз ҳам вазъияти Қирғизистон аз ҳамсояҳоаш дар Осиёи Марказӣ хеле фарқ мекунад. Вижагии Қирғизистон дар ҳамин аст, ки “дар талоши бунёди ҷомеаи демократӣ даст”, гуфт Досим Сатпаев, як таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Қазоқистон.

Қирғизистон – як модели вижаи сиёсӣ

“Қирғизистон як модели сиёсии хеле хосса аст. Ин танҳо кишвар дар минтақа аст, ки аллакай ду бор шоҳиди тағйири қудрат шудааст, дар ин кишвар намоишҳои эътирозии серҷамъият баргузор шудаанд. Ин танҳо кишварест, ки тирамоҳи соли ҷорӣ қарор аст интихоботи қонунии президентӣ баргузор хоҳад кард ва ҳам раҳбари амалкунандааш бо расидани мӯҳлати қонунӣ тарки қудрат мекунад.дар Узбакистону Туркманистони ҳамсоя мо дидем, ки тағйири қудрат танҳо баъди даргузашти президентонаш шуд. Агар мо ҳама ҷузъиёти дигарро канор гузорем, мебинем, ки воқеан ҳам ҷиҳатҳои мусбати ин ҷараёнҳо бештар аст”.

соли 2005
соли 2005

Таҳлилгари қазоқ гуфт, ки дар шохиси байналмилалии демократӣ ҳам мавқеи Қирғизистон хеле беҳтар назар ба мавқеи ҳамсояҳояш мебошад ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам назар ба дигар кишварҳои минтақа дар ин кишвар хоҳиши бештари кору фаъолият доранд.

Вале аз нигоҳи худи шаҳрвандони Қирғизистон, дар давраи Отамбоев, ки баъди инқилоби соли 2010 сари қудрат омаду аз нирӯҳои демокративу озодихоҳ намояндагӣ мекард, вазъ хеле тағйир ёфт. Масалан, созмони “Гузоришгарони бидуни марз” Қирғизистонро соли 2017 ба феҳрасти кишварҳои “дорои мушкил” ворид кард ва назар ба соле пеш мавқеаш 4 зина поин омада дар миёни 180 кишвар дар мавқеи 89-ум қарор гирифт. Ин созмон изҳори ташвиш кард, ки дар остонаи интихобот эҳтимолан фишор болои журналистон бештар мешавад.

Ишками сер ё озодӣ?

Эдил Байсалов, як таҳлилгари дигари сиёсӣ мегӯяд, Қирғизистон ба ҳеҷ сурат набояд аз роҳи демократӣ баргардад. “Талош барои бунёди як ҷомеаи демократӣ тамоми 26 соли охир идома дорад. Мардуми мо бо ду инқилоби солҳои 2005 ва 2010 нишон дод, ки аз миёни ду мафҳум – “ишками сер” ва “озодӣ” – дуюмиро интихоб мекунад. Ҳамеша мегӯянд, ки Қирғизистон мисли дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ хеле осон ва бе мубориза ба истиқлол даст ёфт, вале он чи ки ҳоло дар ин ҷо мегузарад, мубориза баро истиқрори истиқлолияти сиёсӣ аст”.

Аксари мунаққидон ҳукуматро дар тамоми ин солҳо барои нотавониаш дар решакан кардани фасод ва мушкилоти иқтисодӣ гунаҳгор мекунанд. Бархе мегӯянд, муборизаҳои сиёсӣ ва демократия дар назари як бахши ҷомеа ҳамчун “бебандуборӣ” қабул мешавад ва хосторони эҷоди тартиботи шадид дар кишвар ҳам кам нестанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG