Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабақҳои "митинг"-и 10 октябр (ВИДЕО)


Акс аз president.tj
Акс аз president.tj

Оё ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тазоҳуроти баргузорнашудаи рӯзи 10 октябр чӣ сабақу чӣ паём гирифт? Ин рӯйдод оё боиси боз ҳам тангтар шудани ҳалқаи таъқибот алайҳи дигарандешон хоҳад шуд баҳонае барои оғози як ислоҳоти ҷиддӣ ва фарогир?

Чанд иқдоми ахири ҳукумати Тоҷикистон – лағви лимити барқ дар пешорӯи 10 октябр, омодагиҳо ба таҳияи як афви саросарӣ ва мулоқоти нисбатан бозтар ва орӣ аз мадҳу ситоиши Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон – дарак медиҳанд, ки сенарияи ҷорӣ дар театри сиёсии Тоҷикистон баъди ба ном “бӯҳрони 10 октябр” бознависӣ шуда истодааст. Ва зоҳиран худи раисиҷумҳур барои ислоҳи кори ҳукуматаш қалам ба даст гирифтааст.

Пас яъне тазоҳуроти баргузорнашудаи рӯзи 10 октябр тавонист ҳадди ақал дар як масъала – ба гӯши ҳукумат расондани дарди дил ё талабҳои умдаи қишрҳои норозӣ –“миссия”-ашро то ҳадде иҷро кунад.

Даъватҳо ба митинги эътирозӣ ҳукумати як андоза фориғболшудаи Тоҷикистонро то ҳадде такон дод, нуқтаҳои заъфи асосии ҳукуматро маълум кард ва нишон дод, ки як тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дигар як амри ногузир шудааст.

Бо ин вуҷуд, нигоҳи ҷонибдорони давлат ва мунтақидон ба “бӯҳрони 10 октябр” ва сабақҳои он фарқ мекунад. Чӣ дар байни мардуми оддӣ ва чӣ дар муҳитҳои коршиносӣ.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт: “Ба ин гурӯҳ аҳамият додан мантиқӣ нест, чунки ин гурӯҳ қудрате надорад ва касе ҳам онро намешиносад. Танҳо як-ду нафаре, ки бо Интернет сарукор доранд, ҳамонҳо мешиносанд. Дигар барои мардуме ки аз пайи зиндагии худ аст, ин гурӯҳ аҳамияте надорад.”

Ҳамсӯҳбати дуюм аммо ба ин назар аст: “Ҳукумат бояд ба вазъу шароити зиндагии мардум таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад ва хостаҳои онҳоро бароварда созад.”

Вале оё худи Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯ аз 10 октябр чӣ сабақе мебардоранд? Дар ин маврид низ нигоҳҳо, бардоштҳо ва хулосаҳо яксон нест. Маҳдӣ Собир, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: “Пеш аз ҳама ин нишон дод, ки ҳамон гурӯҳҳое ки мехоҳанд вазъро ноором кунанд, дар Душанбе тарафдор надоранд ва мардум талабҳои онҳоро қабул накард. Ва имрӯз ҳам ҳукумати Тоҷикистон мустаҳкам шудааст ва ҳам мардум дигар он мардуми солҳои 90 нест, ки ба ҳар кас бовар кунаду аз пасаш биравад ва худро ба ягон фалокат афканад.”

Ва аммо Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик мӯътақид аст, ки беҳбуде ҳатман шавад. Ҳатто бо вуҷуди он ки мардум рӯзи 10 октябр ба майдон нарехт: “Беҳтар мебуд, ҳукумати Тоҷикистон як шароити оддии иҷтимоиро барои мардумаш фароҳам биорад. Агар ин шароит, яъне ҷои кор муҳайё бошад дар кишвар, мардум бетанқисӣ ба барқ таъмин бошанд, дигар хатаре ба ҳукумат таҳдид намекунад.”

Амният беҳ аст ё ризои мардум?

Ба назари бисёриҳо, пеши ҳукумати кунунӣ ҳоло ду интихоб истодааст: Яке, боз ҳам шадидтар кардани саркӯби дигарандешон ва такя ба нирӯҳои интизомӣ, ки бо истиқрори нирӯҳои ОМОН ва зиреҳпӯшҳо дар посгоҳҳои атрофи Душанбе ва нашри изҳороти фармондеҳони собиқ ба зидди тазоҳурот гӯё аҳамияти худ барои ҳукумати Раҳмонро собиттар карданд.

Сабақҳои "митинг"-и 10 октябр ва қалами ислоҳот дар дасти Э.Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:14 0:00

Акбархон Ниёзов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: “Мо чӣ дорем? Мо амният дорем, сулҳ дорем, оромӣ дорем. Мо бояд ҳама чиро аз даст диҳему амнияти миллиамонро – не. Ин мушкилоти иқтисодиву равонӣ ва сиёсӣ ҳаст, албатта. Вале пеш аз ҳама мо бояд мушкилотеро рафъ кунем, ки ба сулҳу суботи мо хатар дорад.”

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем” аммо ба чунин натиҷагирӣ мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд: “Аслан яке аз вижагиҳои ҳукумати имрӯза он ин аст, ки ҳамеша мехоҳад мардумро дар ҳолати тарс нигоҳ бидорад ва ҳамеша намоиши қудрат ва зӯрӣ мекунад. Намоиши зӯрӣ дар муқобили як гурӯҳи хурди ифротӣ ё ҳатто як гурӯҳи сиёсии хурд метавонад пурсамар бошад, вале дар баробари фавҷ-фавҷи мардумон ин роҳ баробар ба худкушист ва то ҳадде заиф будани шинохтҳои ниҳодҳои моро нишон медиҳад.”

Ислоҳоти ногузир

Аммо роҳи дуюм, ки бисёриҳо умедворанд, Душанбе ба он тарҷеҳ хоҳад дод, ҷустуҷӯи роҳҳои ба мардум наздиктар кардани ҳукумат ва расидагӣ ба он нуқтаҳои заъфи ин ҳукумат аст, ки тарафдорони Умаралӣ Қувватов зимни даъвати мардум ба тазоҳурот нохун мезаданд.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Ва инҷо масъала фақат дар Қуваттов нест. Ба ақидаи коршиносон, агарчӣ имрӯз мардум аз пушти ӯ нарафт, фардо метавонад шояд ҳатто бо муваффақияти бештаре аз паси, фаразан, Аҳмадов ё Раҳматов, бархезад. Ва, мехоҳанд мушовирони Раҳмон инро ё на, оғози як ислоҳоти ҷиддӣ дар сиёсатҳои ӯ дигар тақрибан як амри ногузир шудааст.

Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем”: “Ин ҳодиса нишон дод, ки модели идорае, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ду соли охир сохт ва ҷорӣ кард, ӯро дар чунин рӯз танҳо гузошт. Яъне нухбагони ҳукмрон нишон доданд, ки онҳо барои қабул кардани ин модел омода нестанд ва ин паём ё мессеҷи асосии ба ном “митинги 10 октябр” буд. Ва он баҳонаи хубе шуд барои Раҳмон барои тағйирот.”

Вале ҷонибдорони давлат мегӯянд, вазъ дар Тоҷикистон ба ҳадде нест, ки мунтақидон тасвир ё “воҳима” мекунанд. Маҳдӣ Собир, таҳлилгари тоҷик ба "Озодӣ" дар ин робита гуфт: “Мардум ба ҳукумат хеле ҳам наздик аст. Ҳукумат шабурӯз кор карда истодааст, ба тамоми хостҳову ниёзҳояш расидагӣ мекунад, корхонаҳову нирӯгоҳҳои нав сохта истодааст ва мардум ба ҳама чӣ таъмин аст, ҷойҳои корӣ ҳам ҳаст, мо ҳар рӯз

Раиси Чин дар меҳмонии президенти Тоҷикистон
Раиси Чин дар меҳмонии президенти Тоҷикистон

эълонҳояшро мебинем. Мардуми водии Рашт, барои мисол, дар даври Шӯравӣ ҳам мерафтанд, дар кишварҳои дигар девор мезаданд. Ё аз водии Зарафшон ба Русия мерафтанд. Ва ин чиз, яъне ҳамон муҳоҷират, имрӯз ҳам ҳаст. Ҳар як ҷавони мо орзу дорад, ки рафта дар Русия кор кунад, забони русиро биомӯзад. Касе касеро маҷбур намекунад, ки шумо ба муҳоҷират равед. Ҳазорон ҷои корӣ дар Тоҷикистон холӣ аст имрӯз. ”

Нуқтаҳои заъфе ки тарафдорони Қувватов барои даъват ба эътироз рӯяш “нохун” мезаданд, асосан инҳоянд:

  • оқибатҳои чунин наздик шудани ҳукумати Раҳмон бо Чин,
  • маҳдуд кардани озодии динӣ, аз ҷумла пӯшидани сатру адои намоз,
  • бебарқӣ, ки ба Тоҷикистон лақаби “Торикистон” додааст,
  • бекорӣ, ки то 2 миллион муҳоҷири корӣ “зоидааст”:
  • бори миёншикани андозу расмиёти гумрукӣ,
  • дар дасти хешу табори президент маҳдуд шудани мансабҳову тиҷоратҳои муҳим ва табиати авлодӣ гирифтани ҳукумати ӯ,
  • танҳо таърифу тавсифи ҳукумат аз телевизионҳои давлатӣ...

Ва аммо Эмомалӣ Раҳмон аз ин рӯйхати маҷозии талабҳои мухолифини “маҷозӣ”-аш оё кадомеро метавонад бипазираду кадомеро – на?

Лимит куҷо "ғайб" зад?

Баъзе иқдомҳо, чун лағви лимити барқ дар пешорӯи 10 октябр, нишон медиҳанд, ки Душанбе, ба ҳар сурат, мехоҳад ҳадди ақал ба баъзе мушкилоти мардум расидагӣ кунад. Ҳарчанд Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” мегуфт, лағви лимит рабте ба овозаи митинг надорад: “Бардоштани лимити барқ ба ин овозат митинг ягон алоқамандӣ надорад. Рӯзҳои охир борон шуда, баъдан гарм шуд ва об дар дарёҳо зиёд шуд. Аз ин рӯ, мо ба мардум барқ дода истодаем.”

Чӣ бояд кард?

То ҳол надоштани иродаи кофии сиёсӣ барои анҷоми як ислоҳоти фарогирро як заъфи асосӣ ё, ба таъбири Саймуддин Дӯстов, “бузургтарин бадбахтӣ”-и ҳукумати кунунии Тоҷикистон меноманд. Аммо агар чунин ирода билохира зоҳир шавад, пас бояд аз чӣ сар кард?

Ба назари соҳибназарон, аз:

  • боз кардани роҳ ба озодиҳои бештари сиёсиву иқтиисодӣ,
  • - имкон додан ба интихоботҳои демократӣ,
  • ислоҳи низоми бадномшудаи додгоҳӣ, ки барои намуна, соҳибкор Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум ва писари раиси ширкати роҳи оҳанро, ки дар ҳалокати 3 нафар гумонбар мешуд, бо ҳамагӣ 120 сомонӣ ҷарима “халос” мекунад,
  • ваё аз як набарди воқеъӣ бо фасод, ки ба ақидаи мусоҳибони мо, метавонанд як “ҳалқаи наҷот” аз гирдоби ба ном “10 октябр” шавад.

Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд: “Зеро имрӯз дар Тоҷикистон ҳеҷ коре бидуни фасод буд намешавад. Имрӯз дастрасии мардум ба қитъаи замин тариқи пора аст, имрӯз дастрасӣ ба як дӯкон ҳам – тариқи пора, имрӯз гирифтани камтарин санад аз сатҳи ҷамоат то раисони шаҳру ноҳияҳо – аз тариқи пора. Ва ин низоми фосид наметавонад ба рушди кишвар роҳ кушояд.”

Масъалаи хешу табор

Моҷаро дар бозори "Ином"
Моҷаро дар бозори "Ином"

Масъалаи дигари чолишзо барои Эмомалӣ Раҳмон ҳузури густарда ва ба ақидаи мунтақидон, аз ҳад гузаштаи хешу табори ӯ дар мансабҳову тиҷоратҳои калидист. Ин мавзӯъ бахусус баъди моҷарои додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев бо соҳибони қаблии бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс барҷаста ва вирди забонҳо шуд.

Санавбар Абдуллоева, аз соҳиби "Ином", вақте барои тақсими бозор омаданд, бо муроҷиат ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Шумо гуфтед, ки қонун барои ҳама як аст, лекин барои ҳама як набудааст. Мана намояндаи хусурбачаи шумо ғайриқонунӣ омада, бозорро тақсим карда истодааст.”

Тарафдорони Умаралӣ Қувватов зимни даъватҳои худ ба эътироз рӯи ин масъала акидан таъкид мекарданд, ки аксари тиҷоратҳои равғаниро дар Тоҷикистон алакай хешу табори президент моли худ кардаанд ва ба дигарон дар ин кишвар дигар “хӯрок” нест.

Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем”: “Зоҳиран раисиҷумҳур дар масъалаи паёмадҳои нохуби моделҳои авлодии ҳукмронӣ дар Тоҷикистон алакай як гуна як каме ҳушёр шудааст. Барои ин, президент Раҳмон бояд аз баҳри хеле аз манфиатҳои оилавиву авлодиаш бигзарад.”

Аммо Ҳумайрои Бахтиёр ба ин масъала назари дигар дорад: “Мардум дар зиндагиаш он қадар мушкил дорад, ки ман фикр намекунам, ки ҳамаи он ба ин биандешанд, ки оё кадом хеши президент кадом мансабро соҳиб шудааст. Ин бештар дар фикру зикри онҳоест, ки дар хориҷ ба сар мебаранд ва шояд ягон тиҷораташонро дар инҷо аз даст додаанд ва худро ҳоло ҷабрдида мешуморанд. Барои мардум аҳамият надорад, ки дар сари мансаб кӣ истодааст? Муҳим барои онҳо ин аст, ки аз дасти ин мансабдор чӣ меояд, на инки ӯ хеши кист?”

Cуолҳо...

Вале суолҳои зиёде боқӣ мемонанд, ки танҳо бо гузашти вақт метавонд посухашонро пайдо кард. Яке ин ки оё Эмомалӣ Раҳмон барои наздиктар кардани худ ба мардум метавонад баъзе мӯҳраҳои калидии ҳукуматашро қурбон кунад? Эмомалӣ Раҳмон баъди пирӯзӣ дар интихоботи соли гузашта якбдора ду қудояш – вазири саноату энергетика Шералӣ Гул ва раиси ширкати роҳи оҳан Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ва тағояш Матлубхон Давлатзодаро аз муовинии сарвазир ба нафақа фиристод. Вале ин дафъа кадоме аз афроди наздик ба ӯ, аз ҷумла аз байни хешутабори пурнуфузаш метавонанд ба хотири ором кардани мардум “гӯсфандҳои қурбонӣ” шаванд?

Ё барои мисол, оё хоҳад тавонист мардуми сармоядорро, ки низ аксар атрофиёни худи ӯянд, маҷбур кунад, то ба ҷои фоидаи осону бедардимиёне, ки аз бозору фурӯшгоҳҳо ва тиҷорати маводи сӯхт ба даст меоранд, корхонаҳои саноатӣ бисозанд ва мардумро бо ҷои кор таъмину аз азоби муҳоҷират кам-кам раҳо кунанд?

ТАЛКО
ТАЛКО

Ва оё бо ТАЛКО, ки нисфи барқи Тоҷикистонро мехӯрад ва саҳмаш дар будҷа ҳамагӣ 35 миллион доллар, яъне баробари як ширкати мобил аст, чӣ кунад, то мардум ҳар бори шадидтар шудани лимити барқ як бори дигар ин корхонаву ба ҷайби кӣ рафтани фоидаҳояшро ба ёд наорад?

Аммо Маҳдии Собир, яке дигар аз таҳлилгарони тарафдори давлат: “Имрӯз танҳо бехатарии мардум ба дӯши ҳукумат аст. Истеҳсолот ба дӯши ҳукумат нест. Замин ба мардум дода шудааст, корхонаҳо ба шахсони алоҳида дода шудааст. Марҳамат, бигиранд, кор кунанд, мардумро таъмин кунанд.”

Насими ислоҳот, вале аз куҷо то ба куҷо?

Санавбар Абдуллоеваро рӯзи 12 октябр дар Шаҳритӯс имкон надоданд, ки шикояташ аз додарарӯси президентро шахсан ба ӯ бирасонад. Аммо ба ин зан гуфтаанд, ки “Ҷаноби олӣ аз қазияи шумо хабар дорад.”

Надежда Сайфуллоева аз суханронҳо дар анҷумани соҳибкорон
Надежда Сайфуллоева аз суханронҳо дар анҷумани соҳибкорон

Вале мулоқоти рӯзи 14 октябри Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон дар “Кохи Борбад”, тавре аз гузориши муфассали телевизиони давлатӣ дида мешуд, ба таври ғайриинтизор тақрибан бидуни мадҳу ситоиши Эмомалӣ Раҳмон гузашт. Соҳибкорон, албатта, кебида-кебида, вале ба ҳар сурат ба ӯ аз юғи андозу гумрук, қарзҳои бонкии миёншикан, солҳо поидани як санад аз идораҳои давлатӣ ва “папкабадаст”-ҳое шикоят карданд, ки аз номи идораҳои бешумори давлатӣ аз онҳо пайваста ҳаққи ину ҳаққи он меситонанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба зердастонаш амр медод, ки шикоятҳои соҳибкоронро як-як ёддошт кунанд.

Равиши ин мулоқот, ки сенарияаш зоҳиран дар охирин лаҳза ва ғолибан бо ташаббуси худи президент аз маҷлиси навбатии ҳамду сано ба минбари баррасии мушкилоти барсаи тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд, аз як чиз аломат медиҳад.

Э.Раҳмон, 10 октябри соли 2014, шаҳри Минск
Э.Раҳмон, 10 октябри соли 2014, шаҳри Минск

Инки худи оқои Раҳмон ҳам баъди 10 октябр дигар ба он тасвири “қишлоқи тилоӣ” ва мардуми саросар хушбахту розие, ки барояш аз экрани телевизионҳои давлатӣ ва дар ҷараёни сафарҳои ӯ ба минтақаҳо саҳнасозӣ мекунанд, дигар чандон бовар намекунад ва шахсан барои ислоҳи тарзи кори ҳукуматаш қалам ба даст гирифтааст. Ин ҳам яке дигар аз сабақҳои бӯҳрони “10 октябр” аст, вале танҳо гузашти вақт нишон хоҳад дод, ки оё Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ин ислоҳот то куҷо ҳавсала хоҳад кард: Оё боз ҳам бо андаке ислоҳи зоҳир қаноат мекунад ваё ин бор дар ин роҳ каме фаротар хоҳад рафт?

XS
SM
MD
LG