Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Мухолифон кишварро бесубот мекунанд. ВИДЕО


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотии охирини худ дар соли 2017 гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз роҳи худпешбарӣ номзад мешавад ва ҳамзамон Алексей Навалний ва мухолифонро дар талоши бесубот кардани кишвар муттаҳам кард. Ӯ, инчунин, ба беҳбуди равобит бо Амрико изҳори умед намуд.

Владимир Путин гуфт, дар интихоботи соли оянда ба ҳайси номзади мустақил вориди сабқат хоҳад шуд, на номзад аз ҳизби “Русияи воҳид”. Путин дар ин бора рӯзи 14-уми декабр дар нишасти матбуотӣ бо ҳузури 1600 журналисти дохиливу хориҷӣ изҳорот дод. Раиси ҷумҳури Русия дақиқан нагуфт, ки барномаи интихоботии ӯ аз чӣ қарор аст. Ҳарчанд эълон кард, он тақрибан ниҳоӣ шуда, бештар рушди инфрасохтор, беҳдошту маориф ва афзоиши даромади сокинонро дар бар мегирад.

Шумо мехоҳед афроде ба мисли Саакашвилӣ вазъро дар кишвар бесуот намоянд ва дар Русия кӯшиши табаддулоти давлатӣ шавад? Аксарияти шаҳрвандони Русия инро намехоҳанд. Русия ҳеч гоҳ сенарияи Украинаро дар хоки худ иҷоза намедиҳад

​Президенти Русия Владимир Путин ба саволи инки "чаро дар интихобот иштирок мекунад ва барои Русия чӣ коре мехоҳад анҷом диҳад?" гуфт, “мехоҳад, ки Русия як кишвари замонавӣ, бо низоми сиёсии нармпазир ва дорои иқтисоде бошад, ки бар асоси технологияҳои баланд бунёд шудааст”.

"Оппозитсия пешниҳоди дархӯри рӯз надорад"

Интихоботи президентии Русия рӯзи 18-уми марти соли 2018 баргузор хоҳад шуд. Дар сурати пирӯзӣ дар ин интихобот Путин барои як шашсолаи дигар ҷилави қудрат дар ин кишварро ба панҷаҳои худ мегирад. Путини 65-сола аз охири соли 1999 бар Русия раҳбарӣ дорад. Ӯ чаҳор сол ба унвони нахуствазир кор карда, беш аз 13 сол боз дар мақоми раиси ҷумҳур кор мекунад.

Аввали моҳи декабр Владимир Путин гуфт, ки бори чаҳорум барои дарёфти мақоми президентӣ дар Русия талош мекунад. Рӯзи 13-уми декабр ба саволи ин ки "интихоботи бидуни рақобати воқеӣ барояш дилгиркунанда нест?", ӯ дар ҷавоб афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП), таваллуди бештар ва дарозумрии сокинон дар Русияро мисол оварда, бори дигар таъкид кард, ки намояндагони мухолифони ғайрирасмӣ ҳеч пешниҳоди “дархӯри рӯз”-ро ироа намекунанд.

“Муҳим ин нест, ки мухолифин дар майдонҳо доду фарёд кунанд ва аз низоми зиддимардумӣ бигӯянд. Муҳим он аст, ки барои боз ҳам беҳтар шудани вазъ пешниҳодҳо ироа намоянд. Албатта, дар ҳоли ҳозир баъзе аз мардум норозӣ ҳастанд. Чаро ки мумкин буд, ба натиҷаҳои аз ин беҳтар ноил шавем”, - афзуд ӯ.

Ксения Собчак дар бораи рақобати воқеӣ ва Навалний пурсид

Дар ҳамин ҳол, журналист Ксения Собчак, ки худро довталаби мақоми раёсати ҷумҳурии Русия эълон кардааст, дар ин нишасти матбуотӣ ба Владимир Путин дар бораи рақобати воқеӣ суол дод. Собчак гуфт: “Масалан, шахсоне ба мисли Навалний як сол боз маъракаи пеш аз интихоботӣ мебаранд. Бар зидди вай парвандаи ҷиноии сохта ифтитоҳ шудаанд. Сохта будани ин парвандаро Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳам собит кард. Бо ин вуҷуд, ӯро ба интихобот раҳ намедиҳанд. Дар Русия одамон ин хел мефаҳманд, ки агар ту мухолиф ҳастӣ, туро мекушанд ё ба зиндон меандозанд ё ҳодисаи дигаре мешавад. Чаро чунин аст? Магар ҳукумат аз рақобати ҳақиқӣ метарсад?”

Раиси ҷумҳури Русия дар посух гуфт, “баъзеҳо ҳанӯз напухтаанд” ва такрор кард, ки “оппозитсия бояд бо барномаи мушаххас баромад кунад.” Ӯ хитоб ба худи Собчак гуфт, “шумо зери шиори зидди ҳама баромад мекунед. Вале магар ин барномаи хушбинона аст? Барои ҳалли масоиле, ки дар ҷомеа ҳаст, чи роҳҳали мушаххас пешниҳод мекунед? Шумо мехоҳед, ки дар майдонҳои мо даҳҳо Саакашвилӣ нашъунамо кунад? Шумо мехоҳед афроде ба мисли Саакашвилӣ вазъро дар кишвар бесуот намоянд ва дар Русия кӯшиши табаддулоти давлатӣ шавад? Аксарияти шаҳрвандони Русия инро намехоҳанд. Русия ҳеҷ гоҳ сенарияи Украинаро дар хоки худ иҷоза намедиҳад.”

Аз ин пеш, дар остонаи нишасти матбуотии Путин, раҳбари мухолифин Алексей Навалний барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ кард ва гуфт, агар президент шавад, аз ҳисоби хароҷоти мақомдорон вазъи иқтисод ва зиндагии соҳаи буҷавиро беҳтар хоҳад кард. Аммо мақомоти Русия гуфтаанд, ки Навалний ҳаққи номзадшавиро надорад, чунки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Собчак аз Путин дар бораи Навалний пурсид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00

"Трамп маҳдудият дорад"

Владимир Путин дар ин нишасти матбуотиаш ба масоили равобити Маскаву Вашингтон ҳам таъкид кард. Вай, аз ҷумла аз Доналд Трамп, ҳамтои амрикоиаш ситоиш намуд, аммо гуфт, ӯ барои беҳбуд бахшидан ба равобит бо Маскав “маҳдудият дорад”. Путин ба суоли дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи соли гузаштаи Амрико, ки дар пайи он Доналд Трамп ба қудрат расид, низ посух дод. Ӯ гуфт, ҳамаи ин ҳарфҳо бофта аст.

Ин нишасти 13-уми матбуотии президенти Русия буд. Вай дар нишасти соли гузашта дар давоми тақрибан чаҳор соат ба 50 суол ҷавоб дод. Тӯлонитарин нишасти матбуоти ӯ соли 2008 баргузор шуд, ки тақрибан панҷ соат идома кард.

Журналистони Радиои Озодӣ роҳ наёфтанд

Хабарнигорони Радио Свобода – бахши Русия Радиои Озодӣ, ки дар Маскав кор мекунанд, ба ин нишасти матбуотӣ роҳ наёфтанд. Бо вуҷуди ин ки дар остонаи ин нишаст сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки барои ҳузури журналистони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳеҷ монеа намешавад, журналистони Свободаро ба нишаст роҳ надоданд.

Бар асоси қонуни нави баҳсбарангез “Дар бораи агенти хориҷӣ”, ки аз ҷониби Путин имзо шудааст, расонаҳои хориҷии мисли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари марбут ба он, инчунин Садои Амрико ва Радиои олмонии Дойче Велле унвони “агенти хориҷӣ”-ро касб карда аз ҳақи ширкат дар ҷаласаҳои Думаи давлатӣ маҳрум шуданд. Ин нахустин бор аст, ки журналистони РАО/РО ба нишасти Путин ҳам роҳ дода нашуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG