Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Маддо” – дар моварои ҳаёту мамот?


Дар ҳоле ки дар аксари кишварҳои исломӣ таронахонӣ дар моҳи Рамазон манъ шудааст, ҳар шом аз манзиле дар Бадахшон садои рабобу даф ва маддосароӣ ба гӯш мерасад.

"Овозаҳои дар моҳи Рамазон дар Бадахшон манъ шудани маддохонӣ бепояву бунёданд," - мегӯяд халифа Сангмамад.

“Маддо” – мадҳу ситоиши Худованд ва Паёмбару хонаводаи ӯ ба гунае ибодат ва зикр аст ва, табиист, ки дар ин моҳи шариф дар маҳфилҳои хоси маърифатӣ ва дар маросими “Чароғравшан” роиҷ аст. Дар маҳфилҳо нафаре ҳатман таронаро шарҳу тавзеҳ мекунад, ки ин ё байт аз кадом сураи Қуръон ё Ҳадиси Паёмбар маншаъ мегирад, меафзояд халифа Сангмамад.

“МАЗҲАБ ҶУДО, АНЪАНА ҶУДО”?

Аммо баъзе манбаъҳо ба афзоиши таъқибу фишор болои “Маддо”, қадимитарин ҳунари овозхонии бадахшӣ, ва баъзе аз анъанаҳои бостонии ин сарзамин аз сӯи гурӯҳе аз ислоҳотхоҳони мазҳабӣ ишора мекунанд. Як халифаи бадахшӣ бидуни ошкори ному насабаш ба мо гуфт, ислоҳотхоҳон “Мазҳаб ҷудо, анъана ҷудо”-ро шиор кардаанд ва ҳадафашон “Исмоилияи соф”, яъне парҳез аз анъанаҳое чун маддохонӣ, Чароғравшан”, рақси “самъо” дар маросими дафн ва ақди никоҳи қадима аст.

Бештари “ислоҳотхоҳон”, ки онҳоро иддае “салафиҳо дар Исмоилия” мехонанд, ҷавонони таҳсилкардаву фаъоланд ва дар созмонҳое чун Бунёди Оғохон кор мекунанд, афзуд ӯ.

Рустами Ҷонӣ, фарҳангшиноси тоҷик, ҳам таъйид мекунад, талоши "ислоҳот" дар Исмоилия баъд аз оғози фаъолияти ин бунёд шурӯъ шуд ва яке аз ҳадафҳо - аз байн бурдани маросимҳои бостонӣ бо ҳузури маддосароҳо чун анъанаҳои ғайримазҳабист. Азбакси бадахшиҳо мазҳабӣ ва вобаста ба каломи Имоманд, ҳар чизе, ки аз ин даргоҳ, яъне аз Бунёди Оғохон, берун ояд, ҳамчун амр пазируфта мешавад ва торафт танг шудани мавқеъи «Маддо» ва аз байн рафтани баъзе аз маросимҳо – натиҷаи ин “ислоҳот” аст. Агар солҳои пеш маддохонӣ то субҳ идома мекард, ҳоло тули онро то ду соат маҳдуд кардаанд.

Рустами Ҷонӣ
Рустами Ҷонӣ

Як мусоҳиби дигари мо таъйид кард, ки солҳои охир баъзе аз маросимҳои ақди никоҳи аҷдодӣ ҳам аз байн рафтаанд. «Айёми ҷавонии мо анъанае буд, ки ба домод як коса бо обу гӯштро меоварданд, ӯ як ҷуръа об менӯшиду як пора гӯштро мехӯрд ва бақияи онро зери дарахти сарсабзу мевадор мерехтанд. Хутбаи никоҳро ҳам халифа дар ҳоле мехонд, ки дар пешаш як табақ нону кӯлча мегузоштанд ва ӯ сари китф таёқ дошт. Ҳоло бошад халифа хутбаро аз рӯи варақ мехонаду халос», мегӯяд ӯ.

Абдураҳмон Ниёзӣ, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки ҷудо кардани мазҳаб аз маросимҳои бостонии мардумӣ, аз ҷумла, аз «Маддо», ғайримумкин аст, зеро онҳо қарнҳо боз бо ҳам махлут шудаанд ва аз байн будани яке шояд боиси маҳви дигарӣ шавад.

АЗ МАВЛАВИИ РУМӢ ТО ШОҲФУТУРУ ШОҲЗИЁ

Назархудо Дастамбуев, мардумшиноси тоҷик, бо такя ба маъхазҳои таърихӣ мегӯяд, «Маддо» дар қаламрави Бадахшон ҳанӯз замони ойини зардуштӣ арзи вуҷуд карда буд ва ҳатто замони шӯравӣ, бо вуҷуди таъқибу фишори зиёд, миёни мардум маҳбуб боқӣ монд. Агар сӣ-чиҳил сол пеш мадҳиясароён аз сад нафар бештар набуданд, ҳоло дар Бадахшон аз 450 то 500 нафар ин анъанаи бостониро зинда нигаҳ медоранд, мегӯяд мусоҳиби мо. Ҳарчанд, ӯ ҳам иқрор мекунад, ки “ислоҳотхоҳон» талоши аз мазҳаби Исмоилия ҷудо кардани ин мусиқии бостониро доранд.

"МАДДО"-РО ДАР ИН НАВОР МЕТАВОНЕД ГУШ КУНЕД

"Мадҳия" тибқи гӯйиши сокинони Шуғнон ва Рӯшон дар шакли "мадо" ё "маддо" (аз вожаи арабии “маддоҳ», яъне мадҳкунанда) корбурд дорад. Ба гуфтаи худи мадҳиясароён, шеваи сурудани мадҳия аз қарнҳо пеш боқӣ монда ва онҳо ҳаққи ворид кардани тағйиротро ба он надоштаанд.

Аммо мадҳиясароӣ дар ҳар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла, дар Рӯшон ва дар Шуғнон ба шеваи вижа аст, мегӯяд Назархудо Дастамбуев. Мадҳияҳое, ки чӣ ҳангоми мотам ё ҳангоми сури арӯсӣ суруда мешаванд, аз тарзи навохти рабоб ва лаҳни сурудан фарқ мекунанд.

Дар сӯрҳои арӯсӣ маддосароҳо аз Шоҳи Мардон ва Шоҳи Ҷаҳон васф мекунанд ва ин руҷӯъ ба тасаввуф аст. Дар Рӯшону Бартанг ҷанозаро бо лаҳну наво ба макони охират мебаранд, аммо дар Шуғнон ин гуна анъана мавҷуд нест, мегӯяд Назархудо Дастамбуев.

Аммо тафовут дар интихоби мавзӯъ ва зарбҳо низ мавҷуд аст ва тарзи шурӯи “Маддо” низ аз ҳам тафовут дорад. Дар ноҳияи Дарвоз мадҳиясароӣ ҳам миёни сунниҳо ва ҳам миёни пайравони Исмоилия роиҷ аст. Исмоилиҳои Дарвоз маддоро ба унвони яке аз мақомхояш «Ҳайдарй» ҳам меноманд. Маҳз ба ҳамин хотир дар онҳо васфу ситоиши нахустимоми шиамазҳабҳо Ҳазрати Алии Муртазо ва фарзандони ӯ Ҳасану Ҳусейн мақоми вижа дорад.

Мадҳиясароён асосан ашъори суфиёнаи Мавлавии Румӣ, Ҳофиз, Шамси Табрезӣ, Носири Хисравро месароянд ва ин баёнгари пайвандаш бо тасаввуф аст, мегӯяд Қудратбек Элчибеков, корманди Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Акалемияи улуми Тоҷикистон. Агарчӣ Аттору Саноӣ аҳли тасаннунанд, дар Бадахшон аз эҳтироми зиёд бархӯрдоранд ва мадҳиясароҳо ғазалҳои онҳоро низ мехонанд.

Мадҳиясароён аз ашъори Шоҳфутуру Шоҳзиё ҳам истифода мекунанд. Шоҳфутуру Шоҳзиё, ки нимаи аввали қарни гузашта дар мактаби шӯравӣ омӯзгор буданд, маҳз бо ашъори мазҳабияшон шӯҳрат пайдо кардаанд, ҳарчанд ба гуфтаи Назархудо Дастумбуев, онҳо шеърҳои мутобиқ ба айёми худ ҳам навиштаанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, фалсафаи “Маддо” – ҳаёту мамот аст. “Маддо” дар маҳфилҳои марбут ба фалсафаи ҳастии инсон ва фалсафаи мавҷуде ба сифати Холиқ садо медиҳад, маҳфилҳое, ки онро метавон маҳфили ҷустуҷӯи инсон аз Парвардигори худ номид. "Маддо" аз панҷ бахш - "Муноҷот" ё "Зеру банд", "Ҳайдарӣ", "Раҳпо", "Фалак" ва "Ситоиш" иборат аст.

Маъмулан “Маддо”-ро дар Бадахшон дар маросимҳое чун "Чароғравшан" иҷро мекунанд, мегӯяд Қудратбек Элчибеков. Ҳангоми ин маросим, ки дар серӯзагии фавти аҳли ин хонавода баргузор мешавад, аҳли русто шабзиндадорӣ мекунанд ва ояҳои Қуръонро мехонанду аз Худову Паёмбар Муҳаммад (с)ситоиш мекунанд, тақрибан сад бор дастҷамъона ба Паёмбар дуруд мефиристанд, як ё чанд нафар саргузаштҳои таърихиро қироат мекунанд. Солҳои пеш аз сари шаб то дами субҳ "Маддо" мехонданд. Пайравони мазҳаби Исмоилия мутмаинанд, ки фақат баъд аз ин ҳама шахси фавтида ба малакут мепайвандад.

Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ки боре дар маросими «Чароғравшан» ҳузур дошт ва аз бузургсолон шунид, ки ҳадаф аз сӯзонидани чароғ ва маросими “ресидани пилта” - рӯшан кардани роҳи майит дар он дунёст.

“Чароғравшан” миёни исмоилиҳои пайрави Носири Хисрав маъруф аст. Ин маросимро пайравони шоири бузург дар шимоли Афғонистону Покистон ва исмоилиҳои Алҷазоир ҳам риоя мекунанд.

Аммо Назархудо Дастамбуев мегӯяд, ки маддосароӣ фақат хоси маросими “Чароғравшан” нест ва онро дар сӯри арӯсӣ ва ҳатто хатнатӯй ҳам истифода мекунанд. Ва ҳамчунин дар иди Рамазону Шаби Ялдо ҳам дар Бадахшон маддосароӣ мекунанд.

“НАЪТ” ҲАМ МАДҲИЯ АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки замони қадим маддоҳон – гӯяндаҳои касбие буданд, ки таври маъмул, дар чойхои серодами шаҳр - дар назди ҳавзҳо, майдонҳои махсус бо харакати дасту имову ишораи руй, бо нутқи фасеҳу бурро бештар ривоятҳоро аз ҳаёти анбиёву авлиё ва вокеаву хрдисахои мазҳабй ва ичтимоии даврро қироат мекарданд. Дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд онҳо дар маҳаллаҳои махсус ё дар Гузари маддоҳон ба сар мебурданд. Маддоҳӣ на танхо дар Осиёи Миёна, балки дар Озарбойҷон, Туркия ва баъзе кишварҳои арабӣ низ касби бонуфуз маҳсуб мешуд.

Умар Темур
Умар Темур

Дар Рашту Хатлон мадҳия ё ба истилохи маҳаллӣ «наът» бо оҳанги махсус ва забони соддаю равон одатан дар ёдбуди ягон шахси бузург ё имомону шайххои шахид ва ё дар маросими туй суруда мешавад. Аммо дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон бо фарқ аз Бадахшон, сарояндаҳое, ки фақат мадҳия бихонанд, тақрибан нестанд. Ба гуфтаи Умар Темур, овозхони шинохта ва муҳаққиқи мусиқӣ дар тасаввуф, дар баъзе тӯйю сӯрҳо соҳиби маърака аз овозхон хоҳиш мекунад, ки наът ё ягон қисса хонад.

Миёни мардуми манотиқи ҷануб қиссаҳо дар бораи Паёмбар ва ҳамчунин қиссаи “Султон Замзама” бисёр маъруф аст, ки онро баъзеҳо “Каллаи пӯсида” ҳам меноманд, мегӯяд ӯ. Овозхони шинохта иқрор мекунад, ки ҳоло теъдоди хоҳишмандони шунидани наъту қисса камтар шудааст. Дар баъзе тӯйхонаҳо овозхонҳоеро даъват мекунанд, ки барои гурӯҳе аз меҳмонон наът мехонанд ва бисёр мебинам, ки солҳои ахир миёни сомеъон ҷавонон ҳам кам нестанд, мегӯяд Умари Темур.

Мадҳиясароӣ дар қабилаи чиштияи Афғонистон ба истилоҳи «кабала», яъне қиссахон, дар Туркия бо мафҳуми «Самоъ» ва дар байни исмоилиёни Африко, Канада ва қисмати шимолии Покистон бо истилоҳи «Гинон» маъмул аст. Онҳо аз ҷихати матн ва мазмун ба матни мадҳияе, ки дар Бадахшон сароида мешаванд, то андозае шабоҳат доранд

Умар Темур рӯзҳоеро ба ёд меоварад, ки ӯ дар маҳфили мадҳиясароии чиштиҳо дар Афғонистон ширкат дошт - мадҳиясароии онҳо вижагиҳои худро дорад ва дар он асбобҳои зиёди мусиқӣ, аз ҷумла, сетору танбуру табл истифода мешаванд. Чиштиҳо ҳар шоми ҷумъа дар хонақоҳ ҷамъ меоянд ва то дами субҳ муноҷот мекунанд, мадҳияву ғазалу қисса мехонанд, бомдод ҳама якҷоя намоз мегузоранд ва ба манзилу кори худ бармегарданд, мегӯяд Умари Темур.

Бори аввал оламиёнро бо “Маддо” донишманди рус Михаил Андреев ошно кард – ӯ соли 1934 аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои пажӯҳиши забону расму ойин ва анъанаҳои мардумӣ ба водии Хуфу дигар манотиқи канори рӯдхонаи Панҷ фиристода шуд ва таҳқиқоти комиле, аз ҷумла, дар бораи оини «Чароғравшан» нашр кард ва «Маддо»-ву аз сари шом то субҳидам сурудани «байт» ё «қасоид» бо рубоби шаштораро ҳам зикр намуд. Чанд даҳсола пас аз он Ҳайдармуҳаммад Таваккалов, як маддосари шинохта, пиёдаву савора то ба мавзеъҳои дурдасти Бадахшон рафт, то бо даҳҳо овозхон ҳамсӯҳбат шуда, аз онҳо дар бораи анъанаи мадҳиясарой, қоидаву одоб, тарзу усули сурудани он мавод ва ҳамчунин 1800 матни мадҳияро ҷамъ оварад.

Маддосароҳо фақат ба маҳфилу маросимҳои мазҳабӣ даъват мешаванд, дар радиову телевизион ҳатто зикри ин мусиқии бостонӣ табӯ аст. Яке аз мусоҳибони мо бо ҳазл гуфт, ба садову симо ҳоло фақат онҳоеро даъват мекунанд, ки дар мадҳу ситоиши пешвои миллат пештозанд...

XS
SM
MD
LG