Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистон: Марзи миёни таҳқиру танқид хеле ҳассос аст


Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии кишвар ворид шудани банди “таҳқиру тӯҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазо барои онро навъи эҷоди маҳдудият дар самти озодии баён дар Тоҷикистон унвон карданд.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии кишвар ворид шудани банди “таҳқиру тӯҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазо барои онро навъи эҷоди маҳдудият дар самти озодии баён дар Тоҷикистон унвон карданд. Банди нави Кодекси ҷиноӣ барои таҳқиру тӯҳмат ба Пешвои миллат, бахусус тавассути матбуот ё шабакаи интернет то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, масъала на танҳо дар баҳсбарангез будани таъйини муҷозот барои таҳқир, балки инчунин дар мушаххас набудани мафҳуми таҳқиру тӯҳмат аст. Вай мегӯяд, ин банди Кодекси ҷиноӣ фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои иттилоотиро зери зарба мемонад.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 ноябр ҷаноби Қаршибоев гуфт, ки “марзи миёни танқид ва таҳқир ҳассос буда ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ метавонанд танқидро таҳқир ҳисоб карда ва аз ин меъёри қонун барои фишороварӣ болои расонаи мустақил истифода кунанд”.

Ӯ ба унвони мисол аз сарнавишти нашрияи мустақили “Нигоҳ” ном бурд, ки барои изофа шудани як ҳарфи иштибоҳӣ дар калимаи “президент”, нашрия дучори мушкил шуд ва аз чоп монд. Феълан фаъолияти нашрияи “Нигоҳ” комилан қатъ шудааст ва муассису масъулони ҳафтанома гуфтанд, ки бинобар набуди шароити муносиби кор маҷбуранд нашрияро бубанданд.

Аз қабули моддаи вижаи муҷозоткунандаи таҳқиру тӯҳмати Пешвои миллат дар матбуот ду ҳафта сипарӣ шуд. Ин модда ним сол баъди он вориди Кодекси ҷиноӣ шуд, ки дар як раъйпурсии баҳсбарангез моҳи маи соли ҷорӣ қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат" қабул шуд ва ба президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон ҳаҳқи раҳбарии сиёсии кишварро умрбод таъмин кард. Мунтақидон ин қонунро хилоф бо конститутсия ва меъёрҳои демократӣ номиданд.

Ҳоло моддаи муҷозот барои таҳқири пешвои миллат дар Кодекси ҷиноӣ ҳампаҳлӯи моддаи “таҳқири президент” истодааст, ки барои таҳқири раҳбари давлат дар расонаҳо ва шабакаи Интернет ба миқдори аз 20 ҳазор сомонӣ ҷарима то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар ин модда шарҳ дода нашудааст, ки мафҳуми таҳқир чист ва то куҷо интиқод аз сиёсати Пешвои миллат низ метавонад аз рӯи ин модда баррасӣ шавад.

Зимнан, аксари матбуоти мустақили тоҷик бо истифода аз худсонсурӣ чандин соли охир талош мекунанд дар ҳақи президент ё сиёсати ӯ ҳарфи интиқодӣ назананд. Аъзои Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон, ки дар таҳия ва муаррифии тарҳи ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ширкати фаъол доштанд, аз ибрози назар дар ин замина худдорӣ карданд.

Ҳамзамон, як узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, мафҳуми “таҳқиру тӯҳмат” барои ҳамагон рӯшан аст ва ниёзе барои шарҳу тавзеҳ вуҷуд надорад.

Алишер Зарифӣ.
Алишер Зарифӣ.

Дар ҳамин ҳол, Алишер Зарифӣ, хабарнигори парлумонии нашрияи мустақили “Озодагон”, ки ба ҳангоми баррасиву қабули ин банд дар парлумон ҳузур дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз ин, ки тарҳи мазкур якдилона пазируфта шуд, ҳеҷ шарҳ ё суоле аз ҷониби аъзои парлумон дар бораи зарурати ворид кардани банди муҷозоткунанда барои таҳқир садо надод.

Ӯ мегӯяд: “Ин норавшанӣ дар қонун кори хабарнигоронро душвор мекунад. Зеро агар ҳарфе дар бораи Пешвои миллат гуфтанӣ шаванд, эҳсоси хатар мекунанд, ки ин ҳарфҳоро мақомот таҳқир ё тӯҳмат ҳисоб кунад. Яъне марзи миёни таҳқир ва танқид мушаххас нашуд. Ҳоло хабарнигорон қабл аз навиштани матлабе дар бораи фаъолияти Пешвои миллат зиёд андеша мекунанд, то ин навиштаҳо барояшон дарди сар эҷод накунад”.

Аксар намояндагони матбуот мегӯянд, ки мақомот метавонанд баъди ин ҳатто аз танқиди журналистии сиёсати Пешвои миллат барои хомӯш кардани даҳони интиқодгарон сӯиистифода кунанд, ки хилоф бо меъёрҳои озодии сухан ва изҳори андеша аст.

Дар гузашта аз рӯи ҳамин модда дар соли 2005 Рустам Файзиев, муовини раиси сабтиномнашудаи “Тараққиёт” ба муддати 5 солу 10 моҳ равонаи зиндон шуда буд. Ӯ мехост номаеро бо интиқод аз сиёсати президенти Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла додгоҳи байналмилалии Ҳейг фиристад, вале аз ин кор ҷилавгирӣ шуд. Рустам Файзиев дар соли 2009 дар маҳбас вафот кард.

Дар солҳои охир бархе аъзои созмонҳои сиёсии фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон, назири “Гурӯҳи 24” ҳам аз рӯи ҳамин модда муҳокима ва зиндонӣ шудаанд. Созмонҳои мудофеи озодии баён, назири «Гузоришгарони бидуни марз» таъйини муҷозот барои «таҳқири президент» дар Тоҷикистонро дар гузашта интиқод карда онро талоше барои хомӯш кардани забони матбуоти интиқодгар номидаанд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2012 дар ҷашни садсолагии матбуоти Тоҷикистон аз ҳазф шудани моддаи марбут ба “тӯҳмат” аз Кодекси ҷиноӣ хабар дод ва ҷомеаи хабарнигорон аз ин иқдоми раисҷумҳур истиқбол карданд. Қаблан аз рӯи ин модда бархе мансабдорони Тоҷикистон чандин хабарнигор ва расонаи мустақилро баъди танқиди иқдомҳояшон ба додгоҳ кашиданд.

XS
SM
MD
LG