Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳо -- оғози як муборизаи воқеӣ бо фасод? ВИДЕО, САДО


Бинои Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Бинои Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Боздошти ҳадди ақал 10 ходими яке аз бонуфузтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ -- мақомоти баландпояи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҳодисаҳои бесобиқа гардид. Вале то ҳанӯз ҳеҷ як мақоми давлатӣ, аз ҷумла расонаҳои хабарии ҳукуматӣ хабарҳои матбуоти мустақилро дар бораи боздошти ин афрод шарҳ намедиҳанд.

Дар ҳоле, ки мавзӯи боздошти мақомоти баландпоя Оҷонсии зидди фасод яке аз сербаҳстарин матолиби матбуотии рӯзҳои охир шудааст, то ҳанӯз далели аслии ин боздоштҳо ба таври расмӣ эълон нашудааст.

Рӯзи 26 апрел баъди муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун оид ба мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия танҳо гуфт, ки ин парванда “махфӣ” аст ва аз шарҳи мавзӯъ канорагирӣ кард. Дар ин миён танҳо раиси порлумон буд, ки рӯзи 26 апрел аз минбари Маҷлиси намояндагон дар лаҳзаҳои баррасии тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мубориза бо коррупсия гуфт, мақомдорони олуда ба фасод бояд дар пеши қонун ҷавоб диҳанд. ​

Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба қазияи боздошти кормандони масъули амалкунанда ва собиқи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки мизони олудагӣ ба фасоди масъулин то дараҷае расидааст, ки "даҳҳо сармоягузори хориҷӣ баъди ошноӣ бо вазъи Тоҷикистон, ин кишварро тарк карданд."

Раиси маҷлис: Фасодкор дар назди қонун ҷавоб медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00

Дар ҳоле, ки мавзӯи боздоштҳои мақомоти баландпоя ва ҳам муфаттишони парвандаҳои пурсарусадои соҳибкорону вакилони маъруф (аз ҷумла собиқ муовини раиси Оҷонсии зидди фасод Давлатбек Хайрзода, ки то феврали соли ҷорӣ дар ин мақом кор кардааст) яке аз сербаҳстарин матолиби матбуотии рӯзҳои охир шудааст, то ҳанӯз барои хабарнигорон далел ва ривояти ҷинояти эҳтимолии содиршуда ва ҳам ҷузъиёти дигар, мушаххас нест. Яке аз суолҳои аслӣ ин аст, ки чаро амалиёти боздошти ин афрод маҳз дар ҳамин шабу рӯз сурат мегирад ва то куҷо ҳамаи онҳо аз рӯи як қазия боздошт шудаанд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Он чи, ки аксар соҳибназарон мегӯянд, агар ин қазия ба муборизаи усулии ҳукумати Тоҷикистон бо коррупсия бастагӣ дошта бошад, пас ин тасмим дар баландтарин сатҳ гирифта шудааст.

Коршиноси мустақил Зафар Абдуллоев боздоштҳои пурсару садоро ба “мухолифати ниҳодҳои қудратӣ” рабт дод ва гуфт, аз ин қазия набояд “оғози як муборизаи воқеӣ бо фасод”-ро интизор шуд. Вай гуфт, ин қазия ба идомаи занҷираи таҳқиқи фаъолияти раиси пешини шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рабт мегирад: “Ин афроди боздоштшудаи оҷонсӣ эҳтимолан бо гирифтани мӯҳлати кам зиндонӣ мешаванд, вале ба гунаи норӯшан аз зиндон озод мегарданд”. Аммо ба бовари ӯ, “ин руйдоди пурсару садо ба манфиати ниҳодҳои қудрати ҳукумати кишвар нахоҳад буд”.

Боздошти пурсарусадои ходимони Оҷонсии зиддифасод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00
Линки мустақим

Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи январи имсол аз мақоми шаҳрдори Душанбе барканор ва ба ҷои ӯ Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент ва раиси собиқи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, таъйин шуд. Дар пай мақомот ба тафтиши тарҳҳои марбут ба Генплан ё тарҳи навсозии шаҳри Душанбе ва бархе муассисаҳои тиббиро шурӯъ карданд. Ахиран Додгоҳи шаҳри Душанбе раиси собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе маъруф ё УКС Саидшариф Анваровро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Вале коршиносони дигар мегӯянд, зоҳиран мақомоти тоҷик бо коррупсия дар сохтори муҳими зидди коррупсия ҷанги калоне эълон кардаанд, ки бино ба бархе арзёбиҳо, ба як система табдил шудааст. Аз ҷумла, коршинос Шоҳдавлат Шоҳнусайриев мегӯяд, боздошти мансабдорони аршади Оҷонсӣ баҳогузории созмонҳои байналмилалии масоили коррупсияро, ки Тоҷикистонро як кишвари фасодзада нишон медоданд, собит кард.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Ба бовари иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров, боздошти мансабдорони баландпояи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эътимоди ҷомеаи кишварро ба ин ниҳод ва ба порлумон ва дар ниҳояти амр ба ҳукумати кишвар коҳиш медиҳад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров рӯзи 26 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти мақомдорони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷомеаи кишварро такон дод ва онҳоро аз як сӯ дар нисбати ин ниҳод беэътимод кард, вале аз сӯи дигар тафтишу бозҷӯии мақомдорони Оҷонси аз ҷониби давлат, ҷомеаро умедвор кардааст.

Профессор Умаров мегӯяд, “мардум бо шунидани ин хабар, ки аз ҷониби давлат ба таври ҷиддӣ ба ин масъала таваҷӯҳ карда шуда ва яке аз ниҳодҳои он, ки бақои давлатро ҳифз мекунад, яъне Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба тафтиш ва бозҷӯии мақомдорони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро рӯи даст гирифтааст, як умедворӣ пеш омадааст. Вале набояд ин умедвориро зери по кард ва минбаъд фаъолияти дигар мақомотро низ ҳамин гуна мавриди тафтиш қарор диҳанд”.

Хилватшоҳи Маҳмуд.
Хилватшоҳи Маҳмуд.

Дар ҳоле, ки масъалаи боздоштҳо мавзӯи баҳсҳои фаъоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, хабарнигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд мутмаин аст, ки ин ҳодиса баёнгари бенатиҷа будани фаъолияти сохтори вижаи мубориза бо коррупсия буда, зарурати аз байн бурдани он пеш омадааст.

Вай мегӯяд, ҳоло дар назди аксари мақомоти интизомӣ бахшҳо ва шӯъбаҳои махсуси мубориза бо фасод вуҷуд дорад ва аммо баъди боздошти мансабдорони баландпояи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, эътимоди ҷомеаро ҳамчун як ниҳоде, ки дар муқобили фасод қарор дорад, зери суол бурд. “Вақте ки барои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ як ниҳоди хос таъсис дода мешаваду бо мурури вақт наметавонад зарурати худро собит кунанд, ҳатман барҳам дода мешавад. Ҳоло вазъи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чунин аст”,-мегӯяд Хилватшоҳи Маҳмуд.

То куҷо дар қазияи боздоштҳо ҳадаф мубориза бо фасоду фасодзадагӣ аст, феълан маълум нест. Вале вуҷуди мушкилро дар ин охирҳо на танҳо созмонҳои байналмилалии мисли Шаффофияти байналмилалӣ, балки худи мақомоти тоҷик ҳам эътироф мекунанд.

Раҳбари вақти ин оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ дар гузориши вижааш дар баробари президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 гуфта буд, ки пурсише дар миёни 88 ҳазор сокини Тоҷикистон мизони баланди фасоду ришватро ошкор кард. Аз ҷумла, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст.

Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо, мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои додситонӣ, гумрук, андоз, пулис, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти додгоҳӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасод олуда будаанд.

XS
SM
MD
LG