Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишки бекори тоҷик дар Русия дармонгоҳи худро сохт


Маҳмуд Муродов дар се соли зиндагӣ дар Русия худро як узви ин ҷомеа эҳсос ва ҳар сол дар маъракаи "Полки абадӣ" бо аксҳои падару бобоҳояш иштирок мекунад

Табиберо, ки дар Душанбе аз кор барканор карданд, дар шаҳри Калинингради Русия ҷойгоҳ ёфт. Маҳмуд Муродови 59-сола ҳамроҳ бо писараш Бахтиёр Муродов дар нуқтаи ғарбитарини Русия дармонгоҳи дандонпизишкии “Альмед”-ро таъсис доданд.

Ӯ соли 2012 аз вазифаи сардухтури беморхонаи дандонпизишкии кӯдаконаи шаҳри Душанбе барканор шуд. Вай гуфт, далели барканории ӯву чанд сардухтури дигар дар он сол – маъмурӣ буд, на касбӣ.

Теъдоди пизишкони тоҷик зиёд аст. Кадом минтақае, ки меравам, як пизишки тоҷикро мебинам. Шумораашон то ҳол ҳисоб нашудааст, вале бо эҳтимоли зиёд, теъдодашон ба ҳазорон нафар мерасад

Баъди ин Маҳмуд Муродов ду сол дар Душанбе бекор гашт, чун мегӯяд, маъмулан пас аз барканор шудан аз вазифа мутахассисон дилшикаста мешаванд. Худи ӯ ҳам то охир умед дошт, ки ҳатман ҷои коре пайдо мекунад, вале чунин нашуд.

"Баъди аз вазифа рафтан кор тамом намешавад"

Баъди ин тасмим шуд, ки ин хонавода ҷамъан ҳама ба Русия мекӯчаду аз паи кори худ дар ин кишвар мешавад. Муродовҳо клиникаи хусусии дандонпизишкии “Альмед”-ро таъсис доданд. Раҳбари кулли он - писари хонадон Бахтиёр Муродов аст ва ҳамсари духтураш ҳам дар ҳамин ҷо кор мекунад. Дар баробари аъзои оила дар клиника мутахассисони тиб аз Украина ҳам кор мекунанд. Ба ин тартиб дар муддати се сол хонаводаи Маҳмуд Муродов аз корҷӯ ба кордеҳ табдил ёфт.

Маҳмуд Муродов гуфт: “Баъди аз вазифа рафтан дар аввал инсон фикр мекунад, ки кор тамом аст. Лекин дар таҷрибаи худам ба хулосае расидам, ки кор бо ин ба поён намерасад, бояд инсон дар талош бошад. Бо писарам биноеро иҷора гирифтем, бо қарз таҷҳизот харидем ва пас аз гирифтани иҷозатномаи кор ба фаъолият сар кардем.”

"Барои сохтани зиндагии беҳтар​ ҳеҷ гоҳ дер намешавад"

Рӯзе то даҳ нафар ба дармонгоҳи дандонпизишкии “Альмед” барои муолиҷа муроҷиат мекунад. Маҳмуд Муродов мегӯяд, ҳаминро дарк кардааст, ки барои сохтани зиндагии беҳтар ва ояндаи хуби фарзандон ҳеҷ гоҳ дер намешавад.

“Агар ҳоло ҳам дар Тоҷикистон мешудам, ду-се сол пас синнам ба нафақа мерасид. Ҳоло дигар ин ҷо ғами нафақа надорам”, - мегӯяд Маҳмуд Муродов.

Клиникаи "Альмед" вебсайти худро дорад
Клиникаи "Альмед" вебсайти худро дорад

Ин пизишки тоҷик, ки беш аз сӣ сол собиқаи корӣ дорад, мегӯяд, пайдо кардани кор барои пизишкони тоҷик дар Русия чандон мушкил нест, аммо таъсиси дармонгоҳи хусусӣ як андоза мушкилтар аст. Бахтиёр Муродов, ки расман раҳбари кулли дармонгоҳ ҳаст, мегӯяд, бо истифода аз таҷрибаи падараш кор мекунаду ҳамеша дар фикри пешбурди кору касбаш мебошад.

Бахтиёр гуфт, ки дар кору зиндагии худ дар Русия то ҳол ҳеҷ ҳолате нашудааст, ки сокинони маҳаллӣ ё мақомот ба ҳунару касбияти ӯву аъзои хонаводааш бо шубҳа нигоҳ карда бошанд. Вай гуфт, ки агар шахс касби худро бишиносад, ҳеҷ гоҳ дучори мушкил намешавад.

Табибони тоҷик дар Русия хушобрӯ ҳастанд

Абдулло Давлатов, пизишки собиқадори тоҷик дар Русия рӯзи 24-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пизишкони тоҷике, ки замони Шӯравӣ донишгоҳи тиббӣ дар Душанберо хатм карданд, ба осонӣ кор пайдо мекунанд.

Гуфт, чанд сол пеш дар пайи таъсиси анҷумани “Ворисони Сино” дар Русия исми 300 пизишки тоҷики муқими ин кишварро сабти ном карда буд.

Ӯ гуфт: “Теъдоди пизишкони тоҷик зиёд аст. Кадом минтақае, ки меравам, як пизишки тоҷикро мебинам. Шумораашон то ҳол ҳисоб нашудааст, вале бо эҳтимоли зиёд, теъдодашон ба ҳазорон нафар мерасад".

Абдулло Давлатов мегӯяд, бисёр дидааст, ки духтурони тоҷик ва соҳибкасб бо муносибати хуб бархӯрдор мешаванд ва кам ҳолате шудааст, ки аз мушкилоти марбут ба беэҳтиромӣ бар асоси вижагиҳои милливу нажодӣ дучор шаванд.

Ин мусоҳиби мо ҳиҷрати пизишкони тоҷикро бар зиёни Тоҷикистон ва ба манфиати Русия унвон мекунанд.

“Ин раванд агар ба ҳамин шакл давом кунад, пизишкони собиқадор, ки таҷрибаи хуб доранд, ҳатман муҳоҷир мешаванд. Ин ба ҳеҷ сурат ба манфиати Тоҷикистон нест, ки мутахассисони хубро аз даст медиҳад, вале ин ба манфиати Русия ва худи пизишкон аст. Пизишк зиндагиашро хуб мекунад ва аз кори ӯ кишвари дигар фоида мегирад”, - гуфт Давлатов.

Русия кишварест, ки ҳар сол ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба он ҷомераванд. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар сохтмон кор мекунанд. Пизишкони муҳоҷир дар беморхонаҳои давлатӣ кор мекунанд ва кам нафарест, ки мисли хонаводаи Муродовҳо дар Русия дармонгоҳи шахсии худро дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG