Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Филми свежийда биё..." Садои дискфурӯшиҳо танзим мешавад


Нозирони пулис соҳиби дӯконҳои фиттафурӯширо, ки садои оҳангҳои таблиғиашон дар масофаи то 10 метр дуртар шунида мешавад, ҷарима мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тасмими пасттар кардани садои дӯконҳои фиттафурӯшӣ бар асоси арзу шикояти “бешумори сокинон” аз халалдор шудани фароғаташон гирифта шудааст. Соҳибони дӯконҳои фиттафурӯшӣ дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон мегӯянд, аз нозирони пулис барои пасттар кардани садои мусиқӣ аз дӯконҳои фиттафӯрушиашон ҳушдор гирифтаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат дар ду моҳи ахир бештар аз сад шикоят дар бораи садои баланди дӯконҳои фиттафурӯшӣ дарёфт кардаанд. “Бисёриҳо шикоят мекунанд, ки як ҳамсояаашон зери баландошёна мусиқии мошини худро баланд кардааст. Шикоятҳо аз садои баланди дӯконҳои фиттафурӯшӣ бениҳоят зиёд аст.

Ҳоло ҳар нафаре садои мусиқии худро баланд мекунад ва нафарони дигар аз он норозӣ ҳастанд, бар асоси моддаи 462-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне халадор кардани оромӣ бо андозаҳои гуногун ҷарима мешаванд. Аз онҳо ҳамчунин забонхат гирифта мешавад, то ин корро такрор накунанд”, – гуфт ӯ.

Дӯконҳои фиттафурӯшӣ дар Тоҷикистон дар дохили бозорҳо ва миёни маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгир шудааст. Убайдулло Нозимов, соҳиби як дӯкон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтае пеш нозирони пулис ӯро барои баланд садо додани мусиқии дӯкони фиттафурӯшиаш 300 сомонӣ ҷарима карданд. Дӯкони фиттафурӯшии ин тоҷири тоҷик дар назди бозори “Саховат” дар маҳаллаи аҳолинишин ҷойгир аст.

Ӯ мегӯяд, нозирони пулис барояш гуфтанд, ки ҷаримаи онҳо бар асоси шикояти сокинони маҳаллӣ гирифта шудааст. Убайдулло гуфт, баъди ҷаримабандӣ полис аз ӯ талаб кард, ки минбаъд садои мусиқиашро чунон танзим кунад, ки аз масофаи дуртар аз даҳ метр шунида нашавад. Ӯ мегӯяд, садои мусиқӣ ё филм ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи муштарӣ баланд карда мешуд.

Тоҳир, як фиттафурӯши дигари сокини шаҳри Душанбе ҳам мегӯяд, баланд кардани садо ба хотири таблиғи маҳсулоташон аст. “Масалан, киноҳои туркӣ мебарояд, мо садоро каме баландтар мекунем ва мебинем, ки мардум аз роҳаш баргашта диск мехарад. Ё суруди нав баромад, ҳатман каме баландтар мекунӣ, ки аз ду-се раста дур шунида омада бихаранд. Лекин ҳоло, ки мегӯянд, паст кунед, паст мекунем», - гуфт ӯ.

Зарифмоҳ Шарипова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, баъзан ҳангоми ворид шудан ба бозор аз садои баланди мусиқӣ аз чор тараф гӯшҳоят кар мешавад. Ӯ гуфт: “Як касро мефорад, як касро намефорад, чаро бояд садоро баланд кунанд? Бовар кун, аз бозор берун мешавӣ саратро дард мегирад. Ҳама чиз як тартибу низом бояд дошта бошад”.

Дискфурӯшиҳои Тоҷикистон муштарии зиёд доранд. Мардум одат доранд дар ҳалқаи хонавода филмҳои бадеии сохти Туркия, Русия ва кишварҳои дигарро тамошо кунанд. Дар гузашта дар бозору фурӯшгоҳҳои ҷамъиятӣ фурӯши мавъизаи рӯҳониён манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG