Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: "Командаи нави Бонки миллӣ иқтисодро аз дефолт наҷот дод"


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ баъд аз ду ҳафтаи талаби истеъфояш дар порлумон, ба вакилон гузориш дод. Дар ин гузориш раиси Бонки миллӣ гуфтааст, барои пур кардани хазинаи бонкҳо танҳо дар 9 моҳи соли равон Бонки миллӣ 380 миллион сомонӣ қарз додааст.

Дар робита ба барҳам додани нуқтаҳои саррофӣ, ки як мояи интиқоди Бонки миллӣ дар соли охир гашта буд, Нурмуҳаммадзода гуфтааст, Бонки миллӣ барои аз байн бурдани ҳаннотӣ дар бозори арз 1500 нуқтаи мубодилаи асъорро аз байн бурд. Аммо айни замон ба гуфтаи раис, дар ҷумҳурӣ 4300 нуқтаи бонкӣ ба мубодилаи асъор машғуланд.

Дар давлатҳои дигар порлумон барои арзёбии дурусти кори Бонки миллӣ коршиносон, устодони донишгоҳҳоро ҷалб мекунанд, ки аз нуқтаи назари касбӣ ба фаъолияти Бонки миллӣ баҳо бидиҳанд.

Вакилони порлумон рӯзи 18-уми октябр бо Нурмуҳаммадзода баҳси тунде доштанд, ки зимини он гуфта шуд, ӯ мушкили бонкҳоро ҳал кунад ва ё ба истеъфо биравад. Дар идомаи баҳс раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллӣ дастур дод, то ду ҳафтаи дигар дар бораи вазъи бонкҳо ба вакилон гузориш диҳад. Гузориши раиси Бонки миллӣ рӯзи 3-уми ноябр ба дасти вакилони порлумон расидааст.

Баҳром Шарипов, иқтисоддон ва таҷрибадори соҳаи бонкӣ, ки айни замон устоди донишгоҳ аст, ҳама таҳаввулоти умури бонкиро дар Тоҷикистон аз наздик мушоҳида мекунад. Дар пасманзари баҳси вакилон бо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода аз ин таҳлилгари мустақил пурсидем, ки ӯ кори командаи нави Бонки миллиро дар садри Нурмуҳаммадзода чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

Баҳром Шарифов: "Командаи нави Бонки миллӣ бо роҳбарии Нурмуҳаммадзода дар шароити душворе роҳбариии Бонки миллиро бар дӯш гирифт. Дар вазъияте, ки қурби сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ рӯз ба рӯз поин мерафт. Он методҳои коре, ки командаи пешнаи Бонки миллӣ дошта дар шароити зуд тағйирёбанда муассир набуд. Командаи нави Бонки миллӣ дар як шароите сахте идораи онро ба даст гирифта, аз худ кризис-менеҷерони хубе ба намоиш гузоштанд. Ҳарчанд барои ба эътидол овардани қурб аз фишангҳои маъмурӣ истифода кард, чунки дар мо фишангҳои дигар иқтисоди бозорӣ чандон рушд накардаанд. Он корҳое, ки Бонки миллӣ анҷом дод, барои шароити Тоҷикистон дуруст буд. Чунки дар дигар ҳолат бо назардошти бо суръат боло рафтани қурби асъорӣ хориҷӣ кишвар метавонист ба дефолт дучор ояд."

Радиои Озодӣ: Аммо вакилон ду ҳафта пеш кори Бонки миллиро танқид карданд, ки натавонист ба бӯҳрони бонкӣ хотима бахшад, то ки мардум пулҳояшонро аз бонкҳо бигиранд. Шумо ба чӣ далел кори Бонки миллиро пурсамар мегӯед?

Баҳром Шарифов: Албатта вакилон намояндагони халқанд ва ҳақ доранд фикру андешаҳояшонро озодона бигӯянд. Онҳо нуқтаи назари халқро мегӯянд, ки ҳоло дар таҳлука ҳастанд ва дар ташвишанд, ки чӣ гуна пулҳояшонро аз бонкҳо бигиранд. Аммо вакилони порлумон аз донишҳои умури бонкӣ ва таҷрибаву равандҳои ҷаҳонӣ бархӯрдор нестанд ва наметавонанд ба самаранокии кори Бонки миллӣ баҳои дуруст бидиҳанд. Ба сифати кори Бонки миллӣ, олимон ва таҷрибадорони умури молия танҳо метавонанд баҳои дуруст бидиҳанд. Дар давлатҳои дигар порлумон барои арзёбии дурусти кори Бонки миллӣ коршиносон, устодони донишгоҳҳоро ҷалб мекунанд, ки аз нуқтаи назари касбӣ ба фаъолияти Бонки миллӣ баҳо бидиҳанд.

Аз сӯи дигар, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, Бонки миллӣ дар тасмимгириҳои худ бояд мустақилияти сиёсӣ дошта бошад. Бонки миллӣ метавонад тасмимҳое бигирад, ки барои мардум, соҳибкорон ва ширкатҳо писанд наояд. Ин гуна тасмимҳо мисли "дорӯи талхе" ҳастанд, ки дар оянда барои рушди иқтисодиёт кумак мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG